https://sputnik.tj/20250214/sharhi-idorai-moliyai-sugd-kumakho-hazina-video-1066233662.html
Шарҳи сардори Идораи молияи Суғд дар бораи кумакҳои ҳазина барои шаҳру навоҳӣ - видео
Шарҳи сардори Идораи молияи Суғд дар бораи кумакҳои ҳазина барои шаҳру навоҳӣ - видео
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини ҳукумати Суғд шаҳру ноҳияҳои субвенсиониро номбар карда гуфтанд, ки дар як соли охир чи миқдор маблағ аз аз ҳисоби вилоят равон карда шудааст
2025-02-14T16:49+0500
2025-02-14T16:49+0500
2025-02-14T16:49+0500
видео
суғд
молия
кӯмак
ҳазина
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/0e/1066233484_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_92828bdd304acc2ac4c1e2abb6ad4d41.jpg
Анвар Мирзозода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон шумори шаҳру ноҳияҳои субвенсионӣ ва маблағҳои равоншударо шарҳ дод.Ин масъули ҳукумати вилояти Суғд гуфт, ҳоло 11 шаҳру ноҳияи Суғд субвенсионӣ маҳсуб мешаванд. , ва дар як соли охир ба онҳо беш аз 600 млн сомонӣ маблағ интиқол шудааст.Ӯ, қайд намуд, ки дар солҳои 90 ум шаҳри Истиқлол ва ноҳияҳои Ашт, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Айнӣ ва Мастчоҳ ба феҳристи ҳафт шаҳру ноҳияи субвенсионии Суғд маҳсуб мешуданд.Дар солҳои 2000 -2001 ноҳияи Мастчоҳ худкифо шуд.Қоҳиши бесобиқаи қарзи берунаи ТоҷикистонСоли 2012 аз ҳисоби бунёди корхонаи азими саноатӣ ноҳияи Айнӣ низ аз вартаи вобастагӣ раҳо шуд ва ба ин тартиб шумори шаҳру ноҳияҳои субвенсионии Суғд панҷ адад кам шуд.Дар соли 2019 бинобар афзоиши ҳаҷми фонди маош ва нафақа шумори шаҳру ноҳияҳои субвенсионӣ ба ёздаҳ баробар шуд инҳо: шаҳри Истиқлол, Конибодом, Исфара ва ноҳияҳои Ашт, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва ноҳияи Мастчоҳ субвенсионӣ мебошанд.“Дар ду се соли охир хароҷоти буҷҷетҳои маҳаллӣ 40% зиёд шуд ва 80 - 90% и хароҷоти буҷҷети ин шаҳру ноҳияҳоро маоши кормандони соҳаи буҷҷавӣ ташкил медиҳад. Аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми маош даромади ин шаҳру ноҳияҳо хароҷоташонро пушонида наметавонад ва ба онҳо маблағҳои субвенсионӣ аз буҷҷаи вилоят пешбинӣ карда мешавад” – гуфт, Анвар Мирзозода.Ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ гуфт, кай аз вобастагии иқтисодӣ раҳо хоҳанд ёфтИн масъули Идораи молия гуфт, ки дар як соли охир танҳо шаҳри Истиқлол ба ҷойи 5, 2 млн сомонии солҳои қаблӣ ба 3, 8 млн сомонӣ маблағи субвенсия кам пешбинӣ шудааст.Бар пояи иттилоъи матбаъ дар умум дар соли 2024 ба 11 шаҳру ноҳияҳо 643 млн сомонӣ маблағҳои субвенсионӣ равон шудааст, ки дар муқоиса ба як соли пеш 169 млн сомонӣ бештар рақам зада мешавад.
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/0e/1066233484_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_0499275b97438cf813316b38c854f43e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, суғд, молия, кумак, ҳазина, шаҳр, навоҳӣ, вазорати молия
видео, суғд, молия, кумак, ҳазина, шаҳр, навоҳӣ, вазорати молия
Шарҳи сардори Идораи молияи Суғд дар бораи кумакҳои ҳазина барои шаҳру навоҳӣ - видео
Масъулини ҳукумати Суғд шаҳру ноҳияҳои субвенсиониро номбар карда гуфтанд, ки дар як соли охир чи миқдор маблағ аз аз ҳисоби вилоят равон карда шудааст
Анвар Мирзозода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон шумори шаҳру ноҳияҳои субвенсионӣ ва маблағҳои равоншударо шарҳ дод.
Ин масъули ҳукумати вилояти Суғд гуфт, ҳоло 11 шаҳру ноҳияи Суғд субвенсионӣ маҳсуб мешаванд. , ва дар як соли охир ба онҳо беш аз 600 млн сомонӣ маблағ интиқол шудааст.
“Бо ин вуҷуд вилояти Суғд на танҳо худкифо, балкӣ барои буҷаи ҷумҳурӣ ҳиссагузор аст” – таъкид кард, сардори Идораи молия.
Ӯ, қайд намуд, ки дар солҳои 90 ум шаҳри Истиқлол ва ноҳияҳои Ашт, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Айнӣ ва Мастчоҳ ба феҳристи ҳафт шаҳру ноҳияи субвенсионии Суғд маҳсуб мешуданд.
Дар солҳои 2000 -2001 ноҳияи Мастчоҳ худкифо шуд.
Соли 2012 аз ҳисоби бунёди корхонаи азими саноатӣ ноҳияи Айнӣ низ аз вартаи вобастагӣ раҳо шуд ва ба ин тартиб шумори шаҳру ноҳияҳои субвенсионии Суғд панҷ адад кам шуд.
Дар соли 2019 бинобар афзоиши ҳаҷми фонди маош ва нафақа шумори шаҳру ноҳияҳои субвенсионӣ ба ёздаҳ баробар шуд инҳо: шаҳри Истиқлол, Конибодом, Исфара ва ноҳияҳои Ашт, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва ноҳияи Мастчоҳ субвенсионӣ мебошанд.
“Дар ду се соли охир хароҷоти буҷҷетҳои маҳаллӣ 40% зиёд шуд ва 80 - 90% и хароҷоти буҷҷети ин шаҳру ноҳияҳоро маоши кормандони соҳаи буҷҷавӣ ташкил медиҳад. Аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми маош даромади ин шаҳру ноҳияҳо хароҷоташонро пушонида наметавонад ва ба онҳо маблағҳои субвенсионӣ аз буҷҷаи вилоят пешбинӣ карда мешавад” – гуфт, Анвар Мирзозода.
Ин масъули Идораи молия гуфт, ки дар як соли охир танҳо шаҳри Истиқлол ба ҷойи 5, 2 млн сомонии солҳои қаблӣ ба 3, 8 млн сомонӣ маблағи субвенсия кам пешбинӣ шудааст.
Бар пояи иттилоъи матбаъ дар умум дар соли 2024 ба 11 шаҳру ноҳияҳо 643 млн сомонӣ маблағҳои субвенсионӣ равон шудааст, ки дар муқоиса ба як соли пеш 169 млн сомонӣ бештар рақам зада мешавад.