Раиси нави Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб шуд: Ӯ кист?

© Sputnik / Амир ИсаевКарахон Чиллазода. Архивное фото
Карахон Чиллазода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2025
Обуна шудан
Дар ҷаласаи навбатии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Чиллазода Қарахонро ҳамчун раиси ин Федератсия интихоб карданд.
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Маликшо Неъматзодаро дар курсии раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Чиллазода Қарахон иваз кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Федератсияи иттифоқҳои касаба.
Ба иттилои манбаъ, ахиран бо иштироки аъзои Шурои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва кормандони дигари масъули дастгоҳи марказии он ҷаласаи ғайринавбатии Шурои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа барои баррасӣ як масъала буд — ин интихоби раиси нави Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон буд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2025
Раҳмон боз тағйироти кадрӣ анҷом дод: Муовини аввали Рустами Эмомалӣ маълум шуд
Дар ин ҷаласа тариқи овоздиҳии якдилона Чиллазода Қарахон раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб гардид.
Ёдовар мешавем, ки тибқи талаботи Оинномаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон — Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо овоздиҳии аъзои Шурои генералӣ Маликшо Неъматзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон озод шуд.
Лентаи хабарҳо
0