Раҳмон боз тағйироти кадрӣ анҷом дод: Муовини аввали Рустами Эмомалӣ маълум шуд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2025
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мақомоти Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, шаҳри Душанбе, ВМКБ ва вилояти Хатлон кадрҳои нав таъйин кард
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағғйироти кадрӣ анҷом дод, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳур.
Ба иттилои манбаъ раисҷумҳур бо кадрҳое, ки дар мақомоти Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ВМКБ ва вилояти Хатлон ба вазифа таъйин гардиданд, мулоқот кард.
Манбаъ, қайд кардааст, ки раисҷумҳур Тағозода Абдуқаҳҳор Саидмурод аз вазифаи судяи Суди Олӣ бозхонд кард ва Қосимзода Сулаймонро бо сабаби ба кори дигар гузаштан низ аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодӣ бозхонд намудааст.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон барои интихоби муовини раиси Суди Олии Тоҷикистон, муовини раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон, судяҳои Суди Олии Тоҷикистон ва судяи Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон пешниҳодҳо ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол намудааст.
Ҳамзамон хабар дода шудааст, ки Шарифӣ Бахтиёр бо фармони Президент аз вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон озод гардида, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, таъйин шуд.
Эмомали Рахмон, президент Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2025
Таъйиноти кадрӣ дар Хатлону ВМКБ: Раҳмон киҳоро барканору таъйин кард
Инчунин Гуреззода Умед раиси ноҳияи Сино ва Сафарзода Дилшод Ғанӣ раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин гардиданд.
Вализода Икромиддин, ки то имрӯз дар вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён фаъолият дошт, ба вазифаи раиси ноҳияи Ёвон, Холзода Маҳмадшариф раиси ноҳияи Кӯшониён ва Амирзода Маҳмуд раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон таъин гардиданд.
Дар мувофиқа бо Президент Афзалшо Муслима ба вазифаи муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид.
Бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон Шукурзода Исфандиёр муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон таъйин шуданд.
Қайд карда шудааст, ки зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини мақомоти судӣ доир ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун супоришу тавсияҳо дод.
Эмомалӣ раҳмон таъкид кардааст, ки ҳифзи манфиатҳои давлат ва мардуми кишвар ҳамеша бояд дар ҷойи аввал гузошта шавад ва вазифаҳои хидматии худро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва содиқонаю софдилона иҷро намоянд.
Лентаи хабарҳо
0