https://sputnik.tj/20250204/firor-peshgiri-zindon-vahdat-hamlai-margbor-mahbuson-zindonbonho-1066102523.html
Фирор пешгирӣ шуд: Дар зиндони Ваҳдат маҳбусон ба зиндонбонҳо ҳамлаи маргбор анҷом доданд
Фирор пешгирӣ шуд: Дар зиндони Ваҳдат маҳбусон ба зиндонбонҳо ҳамлаи маргбор анҷом доданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, дар зиндони рақами №3/2-и дар шаҳри Ваҳдат нооромие сар зада, дар натиҷаи он се маҳбус кушта ва се муҳофиз захмӣ шудаанд
2025-02-04T11:55+0500
2025-02-04T11:55+0500
2025-02-04T12:37+0500
дар тоҷикистон
ваҳдат
зиндон
ошӯб
зиндониён
фирор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102894/93/1028949393_0:46:3072:1774_1920x0_80_0_0_726adec27fccb8a911fa2c1329dde13d.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Вазорати адлияи Тоҷикистон ахиран дар изҳороте гуфт, ки рӯзи 3-юми феврал як гурӯҳ аз маҳбусон бо ҳадафи"қатлу фирор" бо "асбобҳои худсохти халандаю буранда" ба зиндонбонҳо ҳамла кардаанд.Дар ин бора Маркази робитаҳои ҷамъиятии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.Манбаъ қайд кардааст, ки дар натиҷаи ҳамла, 3 нафар корманд, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии хеш машғул буданд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.“Маҳбусон ба талаботи қонунии маъмурияти муассиса итоат накарда, бо истифода аз кордҳои худсохти оҳанини нӯгтез ва халанда, аъмоли ҷинояткоронаи худро бидуни даъвою шартгузорӣ давом доданд ва талош карданд, ки сарбозони ҳифозатии муассисаро ба қатл расонида, фирор намоянд”, - гуфта шудааст дар изҳороти вазорати адлия.Манбаъ қайд кардааст, ки муҳофизон тибқи қонун ва дастурамали хизматӣ амал намуда, маҷбур гаштанд, ки дар муқобили ҷинояткорон аз силоҳи оташфишон истифода баранд.Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки ба захмбардоштагон саривақт ёрии тиббӣ расонида шуд. Вазъи саломатии онҳо муътадил арзёбӣ мегардад.Зикр гардидааст, ки дар ҳоли ҳозир низоми нигаҳдошт ва ҳимояи муассиса пурра барқарор гардид.Ёдовар мешавем, ки шаш сол пеш дар ҳамин зиндон дар шаҳри Ваҳдат ошӯбе сар зада, дар он ҳодиса се нозири зиндон ва 29 маҳбус кушта шуданд. Мақомот он вақт гуфта буданд, ки ошӯбро аъзои зиндонии гурӯҳҳои тундрав анҷом доданд. Дертар ДОИШ* ё созмони террористии “Давлати исломӣ”* масъулиятро пазируфт.Аз он қабл дар маҳбаси Хуҷанд (соли 2018) низ ошӯбе сар зад, ки 21 кушта барҷой гузошт.То моҳи январи соли 2024 дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 13 ҳазору 500 нафар ва дар боздоштгоҳҳо зиёда аз 1300 кас ба қайд гирифта шудааст. Беш аз 14 ҳазор мард, тақрибан панҷсад зан, 134 ноболиғ ва 244 хориҷӣ.*-гурӯҳи тундгарое, ки дар Русия ва дигар кишварҳо террористӣ эълон шудааст.
https://sputnik.tj/20240914/hamlagar-mufti-tojikiston-7-sol-zindon-tahdid-1064331532.html
https://sputnik.tj/20240824/rahimzoda-kolokoltsev-hodisai-garavgongiri-mahbasi-surovikin-1064051113.html
ваҳдат
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102894/93/1028949393_0:0:2427:1820_1920x0_80_0_0_a854bb513260e141e72cc664d086161c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ваҳдат, фирор, зиндониён, маҳбусон, ошӯб, ҳамла, маргбор
тоҷикистон, ваҳдат, фирор, зиндониён, маҳбусон, ошӯб, ҳамла, маргбор
Фирор пешгирӣ шуд: Дар зиндони Ваҳдат маҳбусон ба зиндонбонҳо ҳамлаи маргбор анҷом доданд
11:55 04.02.2025 (Навсозишуда: 12:37 04.02.2025) Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, дар зиндони рақами №3/2-и дар шаҳри Ваҳдат нооромие сар зада, дар натиҷаи он се маҳбус кушта ва се муҳофиз захмӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Вазорати адлияи Тоҷикистон ахиран дар изҳороте гуфт, ки рӯзи 3-юми феврал як гурӯҳ аз маҳбусон бо ҳадафи"қатлу фирор" бо "асбобҳои худсохти халандаю буранда" ба зиндонбонҳо ҳамла кардаанд.
Дар ин бора Маркази робитаҳои ҷамъиятии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
“Гурӯҳи 9-нафараи маҳбусони Муассисаи ислоҳии №3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон бо истифода аз асбобҳои худсохти халандаю бурранда, ба кормандони масъул – нигаҳбонҳои муассисаи ислоҳотӣ ҳуҷуми ҳалокатовар карданд”, - қайд кардааст вазорат.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар натиҷаи ҳамла, 3 нафар корманд, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии хеш машғул буданд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.
“Маҳбусон ба талаботи қонунии маъмурияти муассиса итоат накарда, бо истифода аз кордҳои худсохти оҳанини нӯгтез ва халанда, аъмоли ҷинояткоронаи худро бидуни даъвою шартгузорӣ давом доданд ва талош карданд, ки сарбозони ҳифозатии муассисаро ба қатл расонида, фирор намоянд”, - гуфта шудааст дар изҳороти вазорати адлия.
Манбаъ қайд кардааст, ки муҳофизон тибқи қонун ва дастурамали хизматӣ амал намуда, маҷбур гаштанд, ки дар муқобили ҷинояткорон аз силоҳи оташфишон истифода баранд.
“Дар натиҷа, 3 ҷинояткор безарар ва боқимондаи онҳо дастгир карда шуданд”, - хабар додааст вазорати адлия.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки ба захмбардоштагон саривақт ёрии тиббӣ расонида шуд. Вазъи саломатии онҳо муътадил арзёбӣ мегардад.
Зикр гардидааст, ки дар ҳоли ҳозир низоми нигаҳдошт ва ҳимояи муассиса пурра барқарор гардид.
Ёдовар мешавем, ки шаш сол пеш дар ҳамин зиндон дар шаҳри Ваҳдат ошӯбе сар зада, дар он ҳодиса се нозири зиндон ва 29 маҳбус кушта шуданд. Мақомот он вақт гуфта буданд, ки ошӯбро аъзои зиндонии гурӯҳҳои тундрав анҷом доданд. Дертар ДОИШ* ё созмони террористии “Давлати исломӣ”* масъулиятро пазируфт.
Аз он қабл дар маҳбаси Хуҷанд (соли 2018) низ ошӯбе сар зад, ки 21 кушта барҷой гузошт.
То моҳи январи соли 2024 дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 13 ҳазору 500 нафар ва дар боздоштгоҳҳо зиёда аз 1300 кас ба қайд гирифта шудааст. Беш аз 14 ҳазор мард, тақрибан панҷсад зан, 134 ноболиғ ва 244 хориҷӣ.
*-гурӯҳи тундгарое, ки дар Русия ва дигар кишварҳо террористӣ эълон шудааст.