https://sputnik.tj/20250213/nukta-muhim-guftugu-lavrov-muhriddin-1066222114.html
Нукоти асосӣ аз гуфтугӯи Лавров ва Муҳриддин дар Маскав
Нукоти асосӣ аз гуфтугӯи Лавров ва Муҳриддин дар Маскав
Sputnik Тоҷикистон
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар Маскав дидору гуфтугӯ карданд 13.02.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-02-13T17:10+0500
2025-02-13T17:10+0500
2025-02-13T17:37+0500
дар тоҷикистон
русия
сергей лавров
сироҷиддин муҳриддин
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/0d/1066217861_108:568:2738:2047_1920x0_80_0_0_ac4b364b9aaca3f23b166d84d90efd8a.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Дар пайи музокирот дар Маскав Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, як барномаи ҳамкориҳои байни ниҳодҳои дипломатиро имзо карданд. Фаъолияти вазоратҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2025-2026 мувофиқа шуданд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.Зимни суханронӣ дар поёни музокирот, Сергей Лавров қайд кард, ки равобити Маскав ва Душанбе дар давраи душвори геополитикии феълӣ ба таври афзоянда рушд мекунад. Дипломати рус аз тадбирҳои дастгирии забони русӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуд. Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки бо дархости ҷониби Тоҷикистон Федератсияи Русия квотаи давлатӣ барои донишҷӯёни донишгоҳҳоро то ҳазор адад афзоиш додааст.Лавров таъкид кард, ки Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон ва сармоягузор дар иқтисоди ин кишвар боқӣ мемонад. "Саҳми мо дар гардиши молии ҷумҳурӣ аз 20 % бештар аст. Ва Русия яке аз сармоягузорони пешрафта, дақиқтараш, дар иқтисоди Тоҷикистон дар ҷои дуввум аст", - гуфт ӯ. Лавров ёдовар шуд, ки то соли 2030 ҳадаф гузошта шудааст, ки гардиши мол дуюним баробар афзоиш ёбад. Сироҷиддин Муҳриддин дар навбати худ итминон дод, ки рушди ҳамаҷонибаи равобит бо Русия авлавияти муҳими Тоҷикистон аст.Вазир таъкид кард, ки муколамаи сиёсӣ дар сатҳи баланд нигоҳ дошта мешавад, ки оҳанги онро сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин муайян мекунанд.Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки Душанбе соли 2025 раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро аз Русия ба ӯҳда гирифт. Тоҷикистон бо назардошти мушкилоти ҷиддие, ки феълан ИДМ бо он рӯбарӯ аст, тасмим гирифтааст, вазъи ин иттиҳодияро таҳлил кунад.
https://sputnik.tj/20250213/muloqot-lavrov-muhriddin-maskav-pakhshi-mustaqim-1066210866.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/0d/1066217861_11:0:2740:2047_1920x0_80_0_0_e0c780578965abbc563def921fa28d2a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, сергей лавров, сироҷиддин муҳриддин, сиёсат
дар тоҷикистон, русия, сергей лавров, сироҷиддин муҳриддин, сиёсат
Нукоти асосӣ аз гуфтугӯи Лавров ва Муҳриддин дар Маскав
17:10 13.02.2025 (Навсозишуда: 17:37 13.02.2025) Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар Маскав дидору гуфтугӯ карданд
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Дар пайи музокирот дар Маскав Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, як барномаи ҳамкориҳои байни ниҳодҳои дипломатиро имзо карданд.
Фаъолияти вазоратҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2025-2026 мувофиқа шуданд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Зимни суханронӣ дар поёни музокирот, Сергей Лавров қайд кард, ки равобити Маскав ва Душанбе дар давраи душвори геополитикии феълӣ ба таври афзоянда рушд мекунад.
"Кишварҳои мо иттифоқчиёни санҷидаи замон ҳастанд ва ба ҳамкориҳои гуногунҷанба такя мекунанд", - гуфт Лавров.
Дипломати рус аз тадбирҳои дастгирии забони русӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуд. Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки бо дархости ҷониби Тоҷикистон Федератсияи Русия квотаи давлатӣ барои донишҷӯёни донишгоҳҳоро то ҳазор адад афзоиш додааст.
Лавров таъкид кард, ки Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон ва сармоягузор дар иқтисоди ин кишвар боқӣ мемонад.
"Саҳми мо дар гардиши молии ҷумҳурӣ аз 20 % бештар аст. Ва Русия яке аз сармоягузорони пешрафта, дақиқтараш, дар иқтисоди Тоҷикистон дар ҷои дуввум аст", - гуфт ӯ.
Лавров ёдовар шуд, ки то соли 2030 ҳадаф гузошта шудааст, ки гардиши мол дуюним баробар афзоиш ёбад.
Сироҷиддин Муҳриддин дар навбати худ итминон дод, ки рушди ҳамаҷонибаи равобит бо Русия авлавияти муҳими Тоҷикистон аст.
Вазир таъкид кард, ки муколамаи сиёсӣ дар сатҳи баланд нигоҳ дошта мешавад, ки оҳанги онро сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин муайян мекунанд.
Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки Душанбе соли 2025 раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро аз Русия ба ӯҳда гирифт. Тоҷикистон бо назардошти мушкилоти ҷиддие, ки феълан ИДМ бо он рӯбарӯ аст, тасмим гирифтааст, вазъи ин иттиҳодияро таҳлил кунад.