Кадом ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба Душанбе парвоз мекунанд

Обуна шудан
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба парвозҳои 12 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла 7 кишвари узви ИДМ хизмат мерасонад
Парвозҳоро ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз сӯйи 12 ширкати ҳавопаймоӣ анҷом дода мешавад.
Ин дар ҳолест, ки 7 ширкати ҳавоӣ ба Душанбе аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил парвоз мекунанд.
Ин 4 ширкати ҳавоии Русия мебошанд: UTair, Ural Airlines, North Wind, Sibir-S7.
Ба мусофирон ҳамчунин ширкатҳои Эйр Остонаи Қазоқистон, Азал аз Озарбойҷон ва Узбекистон “Ҳаво йуллари” хизмат мерасонанд.
Илова бар ин, ба Душанбе ширкатҳои “Fly Dubai” аз Имороти Муттаҳидаи Араб, “Turkish Airlines” аз Туркия, “China Airlines” аз Чин, “Warish Airlines” аз Эрон, “Jazeera Airways” аз Давлати Кувайт парвозҳо анҷом медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0