https://sputnik.tj/20250212/qimat-bozor-kharojot-tuy-sughd-1066191766.html
Қимати бозорҳо боиси болоравии хароҷоти туй дар Суғд шуд
Қимати бозорҳо боиси болоравии хароҷоти туй дар Суғд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар вилояти Суғд мегӯяд, соли гузашта дар вилоят 152 млн сомонӣ барои баргузории маъракаҳо масраф шудааст 12.02.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-02-12T09:30+0500
2025-02-12T09:30+0500
2025-02-12T09:30+0500
дар тоҷикистон
суғд
қонуни танзим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/0b/1066192063_108:0:2924:1584_1920x0_80_0_0_e99ea691a66dff355edb3c76e1ee4517.jpg
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Хароҷоти тӯю маъракаҳо дар Суғд зиёд шудааст, мегӯянд масъулини Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо миллӣ.Ин ниҳод дар нишасти матбуотӣ ба саҳми хабарнигорон расонд, ки соли гузашта дар вилоят ҷамъан 21 131 маърака доир шуд, ки барои он беш аз 152 млн сомонӣ сарф шудааст.Манбаъ афзуд, ин рақам дар қиёс ба соли 2023 ҳудуди 20 млн сомонӣ бештар аст.Масъулин зикр намуданд, ки сокинони вилоят бештар ба нақзи Қонуни танзим даст мезананд. Танҳо давоми соли гузашта 410 ҳолати риоя нашудани қонун ба қайд гирифта шуд, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2023, 217 адад бештар аст.Дар ҳамин ҳол, Кумитаи дин низ да нишасти матбуотӣ аз афзоиши ҳолатҳои нақзи қонуни танзим зикр кард.Сулаймон Давлатзода гуфт, соли гузашта вобаста ба риоя нагардидани талаботи қонуни танзим 1435 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 609 ҳолат зиёд мебошад.Маблағи умумии ҷаримаҳои муқарраргардида 11,9 млн сомонӣ ташкил дод.Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд соли қабл Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумиӣ” ро қабул намуд. Ҳукумат ҳадафи қабули чунин қонунро пешгирӣ аз исрофкориҳои беҳуда арзёбӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20250131/tojikiston-marakaho-kam-naqzi-qonuni-tanzim-ziyod-1066069467.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/0b/1066192063_46:0:2777:2048_1920x0_80_0_0_7906703bd786d05090cecd1450b586ad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, суғд, қонуни танзим
дар тоҷикистон, суғд, қонуни танзим
Қимати бозорҳо боиси болоравии хароҷоти туй дар Суғд шуд
Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар вилояти Суғд мегӯяд, соли гузашта дар вилоят 152 млн сомонӣ барои баргузории маъракаҳо масраф шудааст
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Хароҷоти тӯю маъракаҳо дар Суғд зиёд шудааст, мегӯянд масъулини Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо миллӣ.
Ин ниҳод дар нишасти матбуотӣ ба саҳми хабарнигорон расонд, ки соли гузашта дар вилоят ҷамъан 21 131 маърака доир шуд, ки барои он беш аз 152 млн сомонӣ сарф шудааст.
Манбаъ афзуд, ин рақам дар қиёс ба соли 2023 ҳудуди 20 млн сомонӣ бештар аст.
Масъулин зикр намуданд, ки сокинони вилоят бештар ба нақзи Қонуни танзим даст мезананд. Танҳо давоми соли гузашта 410 ҳолати риоя нашудани қонун ба қайд гирифта шуд, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2023, 217 адад бештар аст.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи дин низ да нишасти матбуотӣ аз афзоиши ҳолатҳои нақзи қонуни танзим зикр кард.
Сулаймон Давлатзода гуфт, соли гузашта вобаста ба риоя нагардидани талаботи қонуни танзим 1435 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 609 ҳолат зиёд мебошад.
Маблағи умумии ҷаримаҳои муқарраргардида 11,9 млн сомонӣ ташкил дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд соли қабл Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумиӣ” ро қабул намуд. Ҳукумат ҳадафи қабули чунин қонунро пешгирӣ аз исрофкориҳои беҳуда арзёбӣ мекунад.