https://sputnik.tj/20250212/barqi-tojik-qismi-buzurgi-qarzashro-kand-1066201951.html
"Барқи тоҷик” қисми бузурги қарзашро “канд”
"Барқи тоҷик” қисми бузурги қарзашро “канд”
Sputnik Тоҷикистон
“Барқи тоҷик” аз пардохти ҳудуди 25% қарз пеши вазорати молияи Тоҷикистон хабар дод
2025-02-12T16:49+0500
2025-02-12T16:49+0500
2025-02-12T17:49+0500
дар тоҷикистон
"барқи тоҷик"
қарзҳо
вазорати молия
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103064/85/1030648514_0:151:2881:1772_1920x0_80_0_0_f72e97027ce9bce22ddb7b95cb5f6e21.jpg
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Ин ширкати тоҷикӣ бештарин қарзи хориҷии Тоҷикистонро ба дӯш дорад.Муҳаммадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик”, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли гузашта вазорати молияи Тоҷикистон дар як қатор созишномаҳои зерқарзӣ таҷдиди назар кард, ки дар пайи он ҳудуди 7,7 миллиард сомонӣ ба маболиғи оинномавии ширкат зам шуд.Солҳои ахир “Барқи тоҷик” қарзҳои хориҷии худро дар ҳисоботҳояш зикр намекунад. Рақаме, ки дар чанд соли гузашта расонаӣ шуда буд, чизе миёни 2 то 2,3 миллиард доллар буд ва ширкат пеши “Сангтӯдаҳо”-и 1 ва 2, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, бонкҳои чинӣ ва ғайра бидеҳкор ба шумор мерафт.Вижагии қарзҳои хориҷии “Барқи тоҷик” ин аст, ки созишномаҳо дар бораи сармоягузорӣ дар пружаҳои “Барқи тоҷик” – ро аз ҷониби Тоҷикистон вазорати молияи кишвар ба имзо мерасонад ва табъан ин ниҳод пеши сармоягузорон масъулияти пардохти қарзҳоро ба дӯш дорад, аммо иҷрои пружаҳо ва баргардондани қарз амалан ба дӯши ин ширкат аст.Дар ҳамин ҳол, мушкили бузурги “Барқи тоҷик” қарзҳои дебитории он аст, ки пас аз тақсим шудани он ба се ширкат – худи “Барқи тоҷик” ва ду ширкати дигар - “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” - ба ҳисобу китоби ахирӣ даромад.Бино ба иттилои “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба якуми январи соли 2025 қарзҳои дебитории ширкат соли гузашта ба 4 миллиарду 125 миллиону 044 (соли 2023 – 3 миллиарду 488 миллиону 201, фарқият 636 миллиону 843) ҳазор сомонӣ ё 18,3% афзудаанд.Дар ин миён қарзи аҳолӣ ба 1 миллиарду 737 миллиону 553 (соли 2023 – 1 миллиарду 591 миллиону 975) ҳазор ё 9,1%, “Ширкати алюминиуми тоҷик” ба 571 миллиону 576 (соли 2023 – 351 миллиону 746) ҳазор ё 62,5%, “Обу корези ҷумҳурӣ” ба 123 миллиону 457 (соли 2023 – 103 миллиону 750) ҳазор ё 17%, муассисаву корхонаҳои буҷавӣ 96 миллиону 605 (соли 2023 – 66 миллиону 209) ҳазор ё 45,9%, “Нерӯгоҳи Роғун” ба 14 миллиону 336 (соли 2023 – 6 миллиону 263) ҳазор ё 128,9%, Агентии беҳдошти замин ва обёрии ҳукумати Тоҷикистон ба 186 миллиону 603 (97 миллиону 193) ҳазор ё 92% ва дигарон ба 1 миллиарду 362 миллиону 343 (соли 2023 – 1 миллиарду 247 миллиону 974) ё 9,2% расид.Он гуна ки дида мешавад, як мушкили бузурги қарздориҳои “Барқи тоҷик” дар амри кӯтаҳи дар қарзҳои кредиторӣ ҳамин қарзҳои дебиторӣ ҳастанд, ки ҳатто дар ҳоли наафзудан метавонанд ширкатҳои барқро аз қарзҳои хориҷӣ раҳоӣ бахшанд.
https://sputnik.tj/20241205/malum-shud-tojikiston-afghoniston-barq-1065372786.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103064/85/1030648514_159:0:2723:1923_1920x0_80_0_0_dc8c66eecadb19a5f4aadcc1fbd9036d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, барқи тоҷик, энергетика, барқрасонӣ, қарз, вазорати молия
тоҷикистон, барқи тоҷик, энергетика, барқрасонӣ, қарз, вазорати молия
"Барқи тоҷик” қисми бузурги қарзашро “канд”
16:49 12.02.2025 (Навсозишуда: 17:49 12.02.2025) “Барқи тоҷик” аз пардохти ҳудуди 25% қарз пеши вазорати молияи Тоҷикистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Ин ширкати тоҷикӣ бештарин қарзи хориҷии Тоҷикистонро ба дӯш дорад.
Муҳаммадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик”, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли гузашта вазорати молияи Тоҷикистон дар як қатор созишномаҳои зерқарзӣ таҷдиди назар кард, ки дар пайи он ҳудуди 7,7 миллиард сомонӣ ба маболиғи оинномавии ширкат зам шуд.
“Ва ин ба он маъност, ки ба ҳамин андоза қарзи хориҷии ширкат низ коҳиш ёфт”, - гуфт Муҳаммадумар Асозода.
Солҳои ахир “Барқи тоҷик” қарзҳои хориҷии худро дар ҳисоботҳояш зикр намекунад. Рақаме, ки дар чанд соли гузашта расонаӣ шуда буд, чизе миёни 2 то 2,3 миллиард доллар буд ва ширкат пеши “Сангтӯдаҳо”-и 1 ва 2, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, бонкҳои чинӣ ва ғайра бидеҳкор ба шумор мерафт.
Вижагии қарзҳои хориҷии “Барқи тоҷик” ин аст, ки созишномаҳо дар бораи сармоягузорӣ дар пружаҳои “Барқи тоҷик” – ро аз ҷониби Тоҷикистон вазорати молияи кишвар ба имзо мерасонад ва табъан ин ниҳод пеши сармоягузорон масъулияти пардохти қарзҳоро ба дӯш дорад, аммо иҷрои пружаҳо ва баргардондани қарз амалан ба дӯши ин ширкат аст.
Дар ҳамин ҳол, мушкили бузурги “Барқи тоҷик” қарзҳои дебитории он аст, ки пас аз тақсим шудани он ба се ширкат – худи “Барқи тоҷик” ва ду ширкати дигар - “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” - ба ҳисобу китоби ахирӣ даромад.
Бино ба иттилои “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба якуми январи соли 2025 қарзҳои дебитории ширкат соли гузашта ба 4 миллиарду 125 миллиону 044 (соли 2023 – 3 миллиарду 488 миллиону 201, фарқият 636 миллиону 843) ҳазор сомонӣ ё 18,3% афзудаанд.
Дар ин миён қарзи аҳолӣ ба 1 миллиарду 737 миллиону 553 (соли 2023 – 1 миллиарду 591 миллиону 975) ҳазор ё 9,1%, “Ширкати алюминиуми тоҷик” ба 571 миллиону 576 (соли 2023 – 351 миллиону 746) ҳазор ё 62,5%, “Обу корези ҷумҳурӣ” ба 123 миллиону 457 (соли 2023 – 103 миллиону 750) ҳазор ё 17%, муассисаву корхонаҳои буҷавӣ 96 миллиону 605 (соли 2023 – 66 миллиону 209) ҳазор ё 45,9%, “Нерӯгоҳи Роғун” ба 14 миллиону 336 (соли 2023 – 6 миллиону 263) ҳазор ё 128,9%, Агентии беҳдошти замин ва обёрии ҳукумати Тоҷикистон ба 186 миллиону 603 (97 миллиону 193) ҳазор ё 92% ва дигарон ба 1 миллиарду 362 миллиону 343 (соли 2023 – 1 миллиарду 247 миллиону 974) ё 9,2% расид.
Он гуна ки дида мешавад, як мушкили бузурги қарздориҳои “Барқи тоҷик” дар амри кӯтаҳи дар қарзҳои кредиторӣ ҳамин қарзҳои дебиторӣ ҳастанд, ки ҳатто дар ҳоли наафзудан метавонанд ширкатҳои барқро аз қарзҳои хориҷӣ раҳоӣ бахшанд.