https://sputnik.tj/20250211/tojiron-sughd-furush-mol-pastsifat-jarima-video-1066187383.html
Тоҷирони Суғд барои фурӯши моли пастсифат беш аз 200 000 сомонӣ ҷарима шуданд - видео
Тоҷирони Суғд барои фурӯши моли пастсифат беш аз 200 000 сомонӣ ҷарима шуданд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Бо вуҷуди рейду санҷишҳои зиёди мақомот дар бозору мағозаҳои шимоли Тоҷикистон фурӯши маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодааш гузашта коҳиш наёфтааст 11.02.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-02-11T16:49+0500
2025-02-11T16:49+0500
2025-02-11T17:04+0500
видео
суғд
маҳсулоти пастсифат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/0b/1066187629_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_90a0cf5069408631203b4977b106118e.jpg
Дар Суғд миқдори зиёди молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлаташ гузашта ошкор ва мусодира карда шуд.Дар ин бора Ғайбулло Муҳиддинов, сардори Раёсати "Тоҷикстандарт" дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта аз сӯи мутахассисони ин ниҳод 52 ҳазор кг маҳсулоти гӯштӣ, 149 ҳазор кг равғани растанӣ, 140 килограмӣ намаку шири пастсифат ва муҳлати истифодааш гузаштаро аз бозору мағозаҳо дарёфт ва нобуд карданд.Пастсифат ва кӯҳнашуда: дар Суғд беш аз 250 тон маводи ғизоиро аз муомилот гирифтандҲамчунин миқдори зиёди қаннодӣ,чой, шарбат ва дигар маҳсулоти ғизоӣ, ки ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набуданд аз фурӯш бароварда шуданд.Муҳиддинов зикр намуд, ки бо вуҷуди санҷишу суҳбатҳои мутахассисон бо соҳибкорону тоҷирон фурӯши маҳсулотҳои пастсифат дар қиёс ба соли 2023 дар соли 2024 зиёдтар ба қайд гирифта шуд.Тоҷирон барои чунин бемасъулиятӣ ба маблағи 253 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд, ки ин рақам низ нисбат ба соли 2023 ҳудуди 46 ҳазор сомонӣ бештар аст.
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/0b/1066187629_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_75f43df684d12c796bb51f6f3133cd70.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, суғд, маҳсулоти пастсифат, видео
видео, суғд, маҳсулоти пастсифат, видео
Тоҷирони Суғд барои фурӯши моли пастсифат беш аз 200 000 сомонӣ ҷарима шуданд - видео
16:49 11.02.2025 (Навсозишуда: 17:04 11.02.2025) Бо вуҷуди рейду санҷишҳои зиёди мақомот дар бозору мағозаҳои шимоли Тоҷикистон фурӯши маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодааш гузашта коҳиш наёфтааст
Дар Суғд миқдори зиёди молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлаташ гузашта ошкор ва мусодира карда шуд.
Дар ин бора Ғайбулло Муҳиддинов, сардори Раёсати "Тоҷикстандарт" дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта аз сӯи мутахассисони ин ниҳод 52 ҳазор кг маҳсулоти гӯштӣ, 149 ҳазор кг равғани растанӣ, 140 килограмӣ намаку шири пастсифат ва муҳлати истифодааш гузаштаро аз бозору мағозаҳо дарёфт ва нобуд карданд.
Ҳамчунин миқдори зиёди қаннодӣ,чой, шарбат ва дигар маҳсулоти ғизоӣ, ки ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набуданд аз фурӯш бароварда шуданд.
Муҳиддинов зикр намуд, ки бо вуҷуди санҷишу суҳбатҳои мутахассисон бо соҳибкорону тоҷирон фурӯши маҳсулотҳои пастсифат дар қиёс ба соли 2023 дар соли 2024 зиёдтар ба қайд гирифта шуд.
Тоҷирон барои чунин бемасъулиятӣ ба маблағи 253 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд, ки ин рақам низ нисбат ба соли 2023 ҳудуди 46 ҳазор сомонӣ бештар аст.