Пастсифат ва кӯҳнашуда: дар Суғд беш аз 250 тон маводи ғизоиро аз муомилот гирифтанд

© Sputnik / Стас Этвеш Рынок "Панчшанбе" в городе Худжанд, архивное фото
Рынок Панчшанбе в городе Худжанд, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2025
Обуна шудан
Зимни санҷиши мағозаҳо ва марказҳои савдо кормандони идораи санитарию эпидемиологии Суғд маҳсулоти бесифат ва кӯҳнашударо ошкор намудаанд
ДУШАНБЕ, 4 янв – Sputnik. Султон Раҳмонзода, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд гуфт, ҷамъи чунин маҳсулоти пастсифати ошкоршуда давоми як соли охир ба 254 тон баробар шудааст.
Бо баробари ошкорсозӣ ҳамаи онҳо, ки ба маблағи 3,3 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст мавриди нобудсозӣ қарор додашудааст.
“Бо вуҷуди корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳанӯз ҳам баъзе аз тоҷирон манфияти иқтисодии худро аз ҳаёти сокинон боло дониста даст ба чунин амали номатлуб задаанд” – изҳор намуд, Раҳмонзода.
Сотрудница лаборатории контроля качества на предприятии ООО Элеватор  проверяет образцы пшеничных зерен - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2025
"Тоҷикстандарт" фурӯшандагонро барои маҳсулоти пастсифат 2,5 млн. сомонӣ ҷарима кардааст
Бар пояи иттилоъи директори МНДСЭ Суғд маводи ошкоршуда озуқаворӣ, зимни санҷиши якҷоя мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз бозору мағоза ва фурӯшгоҳҳои шаҳру навоҳии Суғд мусодира шудааст.
Дар соли 2023 дар шаҳру навоҳии Суғд ҳам беш аз 50 тон маводи хурокаи бесифат ва кӯҳаншуда ошкор шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0