Мақомот шумори оилаҳои камбизоатро, ки ба онҳо кумакпулӣ додаааст, эълон кард

© Sputnik / Sputnik / Амир ИсаевМногодетная семья в Душанбе
Многодетная семья в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2025
Обуна шудан
Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, ки дар соли гузашта ба оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми 190,4 миллион сомонӣ кумакпулӣ дода шудааст
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Шумораи оилаҳои камбизоат, ки ба онҳо кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъин гардидааст, 195 341 оила будааст.
Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи вазир, дар ин давра ба оилаҳои камбизот 190,4 миллион сомонӣ кумакпулӣ пардохт шудааст.
Ҳамчунин ба гуфтаи вазири тандурурстӣ дар давоми соли гузашта ба 112 689 оила кумакпулии яквақтаина (600 сомонӣ) дар ҳаҷми 67,62 миллион сомонӣ, дар маҷмӯъ 257,95 миллион сомонӣ пардохт гардидааст.
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи паём ба парлумони Тоҷикистон дар соли 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2023
Раҳмон барои кам кардани камбизоатӣ ба ҳукумат мӯҳлат дод
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ар Паёми шодбошӣ ба муносибати 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон таъкид кард, ки сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то ба 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.
Вай қайд кард, ки дар ҳафт соли минбаъда сатҳи камбизоатӣ то ба 10 фоиз паст карда шавад.
Мувоффиқи таҳлилҳои Агентии омор сатҳи камбизоатӣ дар байни минтақаҳои кишвар нисбати шаҳр дар деҳот бештар аст.
Тоҷикистон тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ки музди миёнаи меҳнат дар кишвар 1,8 баробар, нафақа 1,5 баробар афзуд, ки ин ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мусоидат кардааст.
Лентаи хабарҳо
0