https://sputnik.tj/20241223/qoida-vayron-nakun-imtiyoz-gir-vazorat-payomadhoi-sughurta-1065620921.html
Қоида вайрон накун имтиёз гир: Вазорат паёмадҳои бе суғурта ронданро шарҳ дод
Қоида вайрон накун имтиёз гир: Вазорат паёмадҳои бе суғурта ронданро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати нақлиёти кишвар таъкид кардааст, ки полиси суғурта барои ҳар як ронанда ҳуҷҷати ҳатмӣ ҳисобида мешавад ва бе он ба роҳҳо баромадан манъ аст
2024-12-23T11:59+0500
2024-12-23T11:59+0500
2024-12-23T12:33+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
суғурта
ронанда
вазорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032794914_0:312:3000:2000_1920x0_80_0_0_76e94c356b1c87b323e60d545bc3550f.jpg
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ахиран дар бораи имтиёзҳои суғуртаи мошину ронандаҳо тавзеҳ дод.Ба гуфтаи вазорати нақлиёти кишвар арзиши суғуртаи ҳатмӣ аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шудааст.Аз ҷумла, маблағи суғуртавӣ (ё саҳми суғуртавӣ) барои мошинҳои сабукрав ва микроавтобусҳо, тракторҳо ва дигар мошинҳои худгард дар ҳаҷми ду нишондиҳанда муқаррар карда шудааст (аз 1 январи соли 2025 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 75 сомонӣ барбар аст).Қайд карда шудааст, ки суғуртаи автобусҳо, троллейбусҳо, нақлиёти боркаш дар ҳаҷми се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва мотосиклҳо як нишондиҳанда муқаррар карда шудааст.“Қонун барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаршуда, иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садама дар неругоҳи атомии Чернобил, маъюбони гурӯҳҳои I ва II имтиёзҳо пешбинӣ кардааст. Чунин шахсон нисфи музди муқарраршударо пардохт мекунанд”, - қайд кардааст вазорат.Инчунин вазорат таъкид кардааст, ки соҳибони нақлиёти автомобилӣ, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намекунанд, имтиёзҳо мегиранд.“Масалан, агар ронанда дар давоми 5-10 сол қоидаҳоро вайрон накарда бошад, арзиши суғурта 5 фоиз, аз 10 то 15 сол – 10 фоиз, аз 15 то 20 сол – 15 фоиз ва аз 20 сол ва зиёда аз он – 20 фоиз коҳиш меёбад”, - зикр кардааст вазорат.Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, маблағи максималии (ҳадди аксари) пардохти суғуртавӣ дар ҳаҷми 818 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (58 896 сомонӣ) муқаррар карда шудааст.Вазорати нақлиёт қайд кардааст, ки ҳолатҳое, ки боиси марг ё зарар ба саломатӣ гардидаанд, аз ҷониби суғуртакунанда дар ҳаҷми 545 нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркунӣ (39 240 сомонӣ) ва зарари молу мулкӣ дар ҳаҷми 237 нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркунӣ (17 064 сомонӣ) ҷуброн карда мешавадВазорат ҳушдор додааст, ки истифодаи воситаи нақлиёт бидуни бастани шартномаи суғурта иҷозат ғайри имкон аст.Зикр гардидааст, ки ҳар шахс ҳуқуқи интихоби ширкати суғуртакунандародорад.
https://sputnik.tj/20240828/vazorat-sohibi-naqliyot-davlat-utilizatsiya-moshin-pardokht-1064107434.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032794914_10:0:2677:2000_1920x0_80_0_0_2f314ae32fc7a0a4551d12c1779363a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазорат, нақлиёт, ронанда, паёмад, суғурта, вазорати нақлиёт
тоҷикистон, вазорат, нақлиёт, ронанда, паёмад, суғурта, вазорати нақлиёт
Қоида вайрон накун имтиёз гир: Вазорат паёмадҳои бе суғурта ронданро шарҳ дод
11:59 23.12.2024 (Навсозишуда: 12:33 23.12.2024) Вазорати нақлиёти кишвар таъкид кардааст, ки полиси суғурта барои ҳар як ронанда ҳуҷҷати ҳатмӣ ҳисобида мешавад ва бе он ба роҳҳо баромадан манъ аст
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ахиран дар бораи имтиёзҳои суғуртаи мошину ронандаҳо тавзеҳ дод.
Ба гуфтаи вазорати нақлиёти кишвар арзиши суғуртаи ҳатмӣ аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шудааст.
Аз ҷумла, маблағи суғуртавӣ (ё саҳми суғуртавӣ) барои мошинҳои сабукрав ва микроавтобусҳо, тракторҳо ва дигар мошинҳои худгард дар ҳаҷми ду нишондиҳанда муқаррар карда шудааст (аз 1 январи соли 2025 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 75 сомонӣ барбар аст).
Қайд карда шудааст, ки суғуртаи автобусҳо, троллейбусҳо, нақлиёти боркаш дар ҳаҷми се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва мотосиклҳо як нишондиҳанда муқаррар карда шудааст.
“Қонун барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаршуда, иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садама дар неругоҳи атомии Чернобил, маъюбони гурӯҳҳои I ва II имтиёзҳо пешбинӣ кардааст. Чунин шахсон нисфи музди муқарраршударо пардохт мекунанд”, - қайд кардааст вазорат.
Инчунин вазорат таъкид кардааст, ки соҳибони нақлиёти автомобилӣ, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намекунанд, имтиёзҳо мегиранд.
“Масалан, агар ронанда дар давоми 5-10 сол қоидаҳоро вайрон накарда бошад, арзиши суғурта 5 фоиз, аз 10 то 15 сол – 10 фоиз, аз 15 то 20 сол – 15 фоиз ва аз 20 сол ва зиёда аз он – 20 фоиз коҳиш меёбад”, - зикр кардааст вазорат.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, маблағи максималии (ҳадди аксари) пардохти суғуртавӣ дар ҳаҷми 818 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (58 896 сомонӣ) муқаррар карда шудааст.
Вазорати нақлиёт қайд кардааст, ки ҳолатҳое, ки боиси марг ё зарар ба саломатӣ гардидаанд, аз ҷониби суғуртакунанда дар ҳаҷми 545 нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркунӣ (39 240 сомонӣ) ва зарари молу мулкӣ дар ҳаҷми 237 нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркунӣ (17 064 сомонӣ) ҷуброн карда мешавад
Вазорат ҳушдор додааст, ки истифодаи воситаи нақлиёт бидуни бастани шартномаи суғурта иҷозат ғайри имкон аст.
Зикр гардидааст, ки ҳар шахс ҳуқуқи интихоби ширкати суғуртакунандародорад.