https://sputnik.tj/20250210/afzoishi-solirotu-istehsoli-aluminiy-dar-tojikiston-1066167400.html
Тоҷикистон содироти алюминийро ба хориҷ 37% афзоиш дод
Тоҷикистон содироти алюминийро ба хориҷ 37% афзоиш дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати саноат кишвар таъкид кардааст, ки ҳаҷми содироти алюминий зиёда аз 71 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки қариб 37% зиёд нисбат ба соли 2023 мебошад
2025-02-10T11:59+0500
2025-02-10T11:59+0500
2025-02-10T12:21+0500
дар тоҷикистон
истеҳсоли алюминий
алюминий
талко
истеҳсол
содирот
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102984/94/1029849440_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_6636a1a1592f32b967c19ac5a67e8c96.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Ба иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон афзоиши назарраси истеҳсоли алюминии аввалиндараҷа дар кишвар дар соли 2024 ба қайд гирифта шудааст.Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин Тоҷикистон дар соли гузашта содироти алюминийро низ зиёд кардааст.Ин ниҳоди давлатӣ зикр кардааст, ки соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли ин навъи маҳсулот зиёда аз 66,6 ҳазор тоннаро ташкил дода буд.Ҳамзамон вазорати саноат хабар додааст, ки ҳаҷми содироти алюминий зиёда аз 71 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки қариб 37% зиёд нисбат ба соли 2023 мебошад.Таъкид гардидааст, ки дар корхонаҳои маҳаллӣ ҳудуди 18,9 ҳазор тонна алюминий коркард шудааст, ки қариб 3,5 ҳазор тонна ё худ 22,5% зиёд дар муқоиса бо соли 2023 аст.Коркарди алюминий дар дохили кишвар соли 2024 дар корхонаҳои зерин анҷом дода шудааст:Вазорат пешгӯи кардааст, ки дар соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли алюминий то 108 ҳазор тонна афзоиш меёбад.
https://sputnik.tj/20240802/talko-afzoishi-istehsoli-aluminiy-khabar-1063769139.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102984/94/1029849440_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_793c736fdffcfbed2129056ea99f5481.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, алюминий, содирот, истеҳсол, саноат
тоҷикистон, алюминий, содирот, истеҳсол, саноат
Тоҷикистон содироти алюминийро ба хориҷ 37% афзоиш дод
11:59 10.02.2025 (Навсозишуда: 12:21 10.02.2025) Вазорати саноат кишвар таъкид кардааст, ки ҳаҷми содироти алюминий зиёда аз 71 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки қариб 37% зиёд нисбат ба соли 2023 мебошад
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Ба иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон афзоиши назарраси истеҳсоли алюминии аввалиндараҷа дар кишвар дар соли 2024 ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин Тоҷикистон дар соли гузашта содироти алюминийро низ зиёд кардааст.
“Соли 2024 дар Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) 82,2 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шудааст, ки 23,3% зиёд нисбат ба соли 2023 мебошад”,- хабар додааст вазорат.
Ин ниҳоди давлатӣ зикр кардааст, ки соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли ин навъи маҳсулот зиёда аз 66,6 ҳазор тоннаро ташкил дода буд.
“Бо ифодаи пулӣ истеҳсоли алюминий дар соли гузашта 230,2 млн сомонӣ (беш аз 21 млн доллар) ё худ 47,3% афзуд. Арзиши умумии маҳсулоти истеҳсолшуда ба 716,4 млн сомонӣ (65 млн доллар) баробар аст”, - қайд кардааст вазорат.
Ҳамзамон вазорати саноат хабар додааст, ки ҳаҷми содироти алюминий зиёда аз 71 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки қариб 37% зиёд нисбат ба соли 2023 мебошад.
Таъкид гардидааст, ки дар корхонаҳои маҳаллӣ ҳудуди 18,9 ҳазор тонна алюминий коркард шудааст, ки қариб 3,5 ҳазор тонна ё худ 22,5% зиёд дар муқоиса бо соли 2023 аст.
Коркарди алюминий дар дохили кишвар соли 2024 дар корхонаҳои зерин анҷом дода шудааст:
- ҶДММ "Титан-8888" (1725 тонна);
- ҶДММ КМ ТТ "Тоҷпроф" (1228 тонна);
- ҶСК "Талко" (626 тонна);
- ҶДММ "Алюмин Проф" (115 тонна).
Вазорат пешгӯи кардааст, ки дар соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли алюминий то 108 ҳазор тонна афзоиш меёбад.