https://sputnik.tj/20240802/talko-afzoishi-istehsoli-aluminiy-khabar-1063769139.html
"ТАЛКО" аз афзоиши 25 дарсадии истеҳсоли алюминий хабар дод
"ТАЛКО" аз афзоиши 25 дарсадии истеҳсоли алюминий хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Дар ним соли равон ширкат аз содироти алюминий беш аз 80 миллион доллар фоида ба даст овардааст, гуфт роҳбари Шӯрои мудирони корхонаи “ТАЛКО”
2024-08-02T10:41+0500
2024-08-02T10:41+0500
2024-08-02T10:41+0500
дар тоҷикистон
истеҳсол
алюминий
истеҳсоли алюминий
талко
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/01/1063760451_0:329:3054:2047_1920x0_80_0_0_21b5aeae0430053e16e20a8d044e8b58.jpg
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) тасмим дорад ҳаҷми истеҳсоли алюминиумро афзоиш диҳад.Дар ин бора Наҷибулло Раҷабзода, раҳбари Шӯрои мудирони “ТАЛКО” зимни нишасти матбуотӣ дар вазорати саноат хабар дод.Вай афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон корхона беш аз 40,4 ҳазор тонна алюминий тавлид кардааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи солона 24,7% зиёдтар будааст.Пешбинӣ шудааст, ки то охири сол истеҳсоли маҳсулот 30% зиёд карда мешавад.Ба гуфтаи ӯ, алюминий дар нимсолаи аввал беш аз 35 ҳазор тонна, ки беш аз 80 миллион долларро ташкил медиҳад, содирот шудааст.Ба гуфтаи Раҷабзода, ТАЛКО ашёи хоми аслии тавлиди алюминий - гилхокро аз корхонаи нефту кимиёи Павлодари Қазоқистон, кокс аз Павлодар ва корхонаи коркарди нафти Фарғонаи Узбакистон дарёфт мекунад.Вай тавзеҳ дод, ки феълан беш аз 20% алюминий дар дохили кишвар коркард мешавад."Мо флюорити худро дорем, онро дар комбинати маъдантозакунии Такобск истихроч мекунанд, криолит ва антратсииди худро низ дорем”, — гуфт ӯ.Ҳоло дар корхона дар шаҳри Турсунзода 225 адад электролизер кор мекунад, ки то охири соли ҷорӣ 37 адади дигар васл карда мешавад.Корхонаи алюминии точик яке аз корхонахои пуриктидори саноатии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Маҳсулоти асосии он алюминий мебошад.Хар сол кариб 98% махсулот ба хориҷа содирот мешавад.
https://sputnik.tj/20240504/qasdi-talko-baroi-hazorho-ton-afzoish-dodani-istehsoli-aluminiy-1062723882.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/01/1063760451_162:0:2891:2047_1920x0_80_0_0_02487bf7e682c288d86c1f5748004461.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, талко, алюминий, истеҳсол, саноат, содирот
тоҷикистон, талко, алюминий, истеҳсол, саноат, содирот
"ТАЛКО" аз афзоиши 25 дарсадии истеҳсоли алюминий хабар дод
Дар ним соли равон ширкат аз содироти алюминий беш аз 80 миллион доллар фоида ба даст овардааст, гуфт роҳбари Шӯрои мудирони корхонаи “ТАЛКО”
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) тасмим дорад ҳаҷми истеҳсоли алюминиумро афзоиш диҳад.
Дар ин бора Наҷибулло Раҷабзода, раҳбари Шӯрои мудирони “ТАЛКО” зимни нишасти матбуотӣ дар вазорати саноат хабар дод.
Вай афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон корхона беш аз 40,4 ҳазор тонна алюминий тавлид кардааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи солона 24,7% зиёдтар будааст.
Пешбинӣ шудааст, ки то охири сол истеҳсоли маҳсулот 30% зиёд карда мешавад.
"Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 40,4 ҳазор тонна алюминий тавлид кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳазор тонна бештар аст. То охири сол корхона тасмим гирифтааст, истеҳсоли маҳсулотро 30% афзоиш диҳад”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, алюминий дар нимсолаи аввал беш аз 35 ҳазор тонна, ки беш аз 80 миллион долларро ташкил медиҳад, содирот шудааст.
Ба гуфтаи Раҷабзода, ТАЛКО ашёи хоми аслии тавлиди алюминий - гилхокро аз корхонаи нефту кимиёи Павлодари Қазоқистон, кокс аз Павлодар ва корхонаи коркарди нафти Фарғонаи Узбакистон дарёфт мекунад.
Вай тавзеҳ дод, ки феълан беш аз 20% алюминий дар дохили кишвар коркард мешавад.
"Мо флюорити худро дорем, онро дар комбинати маъдантозакунии Такобск истихроч мекунанд, криолит ва антратсииди худро низ дорем”, — гуфт ӯ.
Ҳоло дар корхона дар шаҳри Турсунзода 225 адад электролизер кор мекунад, ки то охири соли ҷорӣ 37 адади дигар васл карда мешавад.
Корхонаи алюминии точик яке аз корхонахои пуриктидори саноатии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Маҳсулоти асосии он алюминий мебошад.
Хар сол кариб 98% махсулот ба хориҷа содирот мешавад.