Нетаняҳу аз нақшаи нобудсозии Ҳамос гуфту созмони фаластинӣ посух дод

© AP / Julia NikhinsonПремьер-министр Израиля Биньямин Нетаньяху. Архивное фото
Премьер-министр Израиля Биньямин Нетаньяху. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2025
Обуна шудан
Сарвазири Исроил ба нобудсозии Ҳамос таъкид кард, аммо гуруҳи фаластинӣ гуфт, ки дар амалкарди Тел-Авив набуди ирода барои иҷрои оташбас аст
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба тими музокиракунанда дар Доҳа дастур дод, ки барои баргардонидани ҳама гаравгонҳое, ки дар навори Ғазза боздошт шудаанд, ҳар кори аз дасташон меомадаро кунанд ва ҳамчунин ваъда дод, ки Ҳамосро аз байн хоҳад бурд.
Қаблан портали Ynet бо такя ба як манбаъ хабар дод, ки Нетаняҳу дастур додааст, як ҳайати исроилӣ ба Қатар фиристода шавад, то ҷузъиёти фаннии созиши оташбас дар Ғаззаро баррасӣ кунад.
Тибқи шартҳои марҳилаи аввали тавофуқе, ки дар моҳи январ ҳосил шуда ва аллакай иҷро мешавад, бояд рӯзи сешанбеи гузашта дар Доҳа музокирот оид ба марҳилаи дувуми он ва оташбаси ниҳоӣ дар Ғазза оғоз мешуд, аммо ин тавр нашуд.
"Мо ҳама корро мекунем, то ҳамаи гаравгонҳои худро бозпас бигирем. Мо ба амнияти онҳо ғамхорӣ хоҳем кард. Ин дастурест, ки ман ба гурӯҳи музокиракунанда додам - то ба миёнаравҳо бирасонанд ва инро талаб кунанд",- гуфт Нетаняҳу дар як паёми видеоӣ.
Сарвазир таъкид кард, ки Исроил ҳатман ба аз байн бурдани қудрати Ҳамос дар навори Ғазза муваффақ хоҳад шуд.
Разрушенные здания в Секторе Газа, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2025
Ҳамос ва Исроил созишномаи оташбасро имзо карданд - шартҳо
Дар ҳамин ҳол Басем Наим, узви бюрои сиёсии Ҳамос гуфт, созишномаи оташбаси Ғазза ба далели "нобудии иродаи" Исроил барои иҷрои марҳалаи аввали он дар хатари суқут қарор дорад.
"Таъхири Исроил ва набуди талош барои иҷрои марҳилаи аввал ин созишномаро зери хатар мегузорад ва аз ин рӯ, он метавонад боздошта шавад ё қатъ шавад",- гуфт ӯ ба расонаҳо.
Вай афзуд, ки "бозгашт ба ҷанг" на хоҳиш ва на тасмими ҷунбиши Ҳамос нест.
Аз 19 январ дар навори Ғазза дар чаҳорчӯби тавофуқе, ки миёни Исроил ва ҷунбиши фаластинии Ҳамос дар бораи раҳоии гаравгонҳои исроилӣ дар ивази зиндониёни фаластинӣ дар зиндонҳои Исроил ҳосил шудааст, оташбас амал мекунад.
Командир военизированной Революционной гвардии Ирана генерал Хоссейн Салами. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2024
Раиси Сипоҳ ба Исроил гуфт, ҳамла ба Эрон пайомадҳои талх хоҳад дошт
Дар зарфи 15 моҳи вусъати мусаллаҳона 46 ҳазор фаластинӣ ва қариб 1500 исроилиҳо кушта шуданд. Даргириҳо ба Лубнон ва Яман паҳн шуда, боиси табодули мушакӣ миёни Исроил ва Эрон ҳам шудааст.
Дар чаҳорчӯби марҳилаи аввали ин тавофуқ, ки тайи 42 рӯз раҳоии 33 гаравгони исроилӣ ва ҳудуди ҳазор маҳбуси фаластиниро пешбинӣ мекунад, аллакай панҷ табодул сурат гирифтааст.
Аз рӯзи аввали оташбас интиқоли кумакҳои башардӯстона ба навори Ғазза дар як рӯз то 600 мошини борбар, аз ҷумла 50 мошини сӯзишворӣ афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, Исроил ба сокинони Ғазза иҷозат дод, ки аз ҷануб ба шимоли анклав баргарданд
Лентаи хабарҳо
0