https://sputnik.tj/20241028/rais-sipoh-isroil-hamla-eron-payomad-talkh-1064884591.html
Раиси Сипоҳ ба Исроил гуфт, ҳамла ба Эрон пайомадҳои талх хоҳад дошт
Раиси Сипоҳ ба Исроил гуфт, ҳамла ба Эрон пайомадҳои талх хоҳад дошт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Эрон низ дар як ҷаласаи фаврӣ таъкид бар ҳаққи Эрон барои вокуниш ба ҳамлаи режими Исроил кард ва гуфт, ки посухи муносиб медиҳанд
2024-10-28T11:57+0500
2024-10-28T11:57+0500
2024-10-28T12:45+0500
эрон
исроил
сиёсат
дар ҷаҳон
сипоҳи посдорони инқилоби исломии эрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1c/1064884971_0:84:1600:984_1920x0_80_0_0_5f29888bd632e4eaaa34543abfeef3c7.jpg
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Ҳамлаи Исроил ба қаламрави Эрон ноумедии Тел-Авивро нишон медиҳад, ин ҳамла барои Исроил "оқибатҳои ғайричашмдошти талх" хоҳад дошт. Дар ин бора фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, генерал-майор Ҳусейн Саломӣ изҳор дошт. Раисҷумҳури Эрон низ дар як ҷаласаи фаврӣ таъкид бар ҳаққи Эрон барои вокуниш ба ҳамлаи режими Исроил кард.Ӯ гуфт, мо дар пайи ҷанг нестем, балки аз ҳуқуқи миллат ва кишвари худ дифоъ хоҳем кард ва гуфт, ки ба ин таҷовуз посухи муносиб медиҳем. Сайид Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон дар як тамос бо ҳамтои бритониёияш Дэвид Ламми гуфт, ки ҶИ аз истифодаи ҳуқуқи қонунии худ барои дифоъ аз тамомияти арзӣ ва истиқлолияти миллии худ бар асоси принсипҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ тардид нахоҳад кард. Вазири хориҷаи Бритониё дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо ишора ба вазъи ваҳшиёнаи минтақа бар зарурати худдорӣ аз ҷонибҳо барои ноил шудан ба натоиҷи талошҳои феълӣ барои коҳиши ташаннуҷ ва ҷилавгирӣ аз густариши ҷанг ва бесуботӣ дар ин минтақа таъкид кардааст. Артиши Исроил шаби шанбе эълом карданд, ки дар чаҳорчӯби вокуниш ба ҳамлаҳои рӯзи 1 октябр ба мавзеъҳои низомӣ дар Эрон ҳамла кард.Дар ҷараёни ин ҳамла, ба гуфтаи Исроил, корхонаҳои мушакӣ, системаҳои мушакии "замин ба ҳаво" ва иншооти дифоъи ҳавоӣ зери зарба қарор гирифтанд.Дар ин амалиёт даҳҳо ҷанганда, ҳавопаймоҳои сӯзишворикаш ва иктишофӣ ширкат карданд.Дар пайи ин ҳамалот ҳамзамон чаҳор низомии Эрон ҳалок шуданд.Телавив иддао дорад, ки дар ин ҳамлаи тамоми иқтидори мудофиавии стратегии Ҷумҳурии Исломиро несту нобуд кардааст.
https://sputnik.tj/20241027/rahbari-olii-eron-az-posukh-ba-hamlai-isroil-guft----1064876391.html
эрон
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1c/1064884971_89:0:1512:1067_1920x0_80_0_0_40d63f218e02ba6b1249194dc4cf949f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сипоҳ исроил ҳамла эрон пайомад талх
сипоҳ исроил ҳамла эрон пайомад талх
Раиси Сипоҳ ба Исроил гуфт, ҳамла ба Эрон пайомадҳои талх хоҳад дошт
11:57 28.10.2024 (Навсозишуда: 12:45 28.10.2024) Раисҷумҳури Эрон низ дар як ҷаласаи фаврӣ таъкид бар ҳаққи Эрон барои вокуниш ба ҳамлаи режими Исроил кард ва гуфт, ки посухи муносиб медиҳанд
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Ҳамлаи Исроил ба қаламрави Эрон ноумедии Тел-Авивро нишон медиҳад, ин ҳамла барои Исроил "оқибатҳои ғайричашмдошти талх" хоҳад дошт.
Дар ин бора фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, генерал-майор Ҳусейн Саломӣ изҳор дошт.
Раисҷумҳури Эрон низ дар як ҷаласаи фаврӣ таъкид бар ҳаққи Эрон барои вокуниш ба ҳамлаи режими Исроил кард.
Ӯ гуфт, мо дар пайи ҷанг нестем, балки аз ҳуқуқи миллат ва кишвари худ дифоъ хоҳем кард ва гуфт, ки ба ин таҷовуз посухи муносиб медиҳем.
Сайид Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон дар як тамос бо ҳамтои бритониёияш Дэвид Ламми гуфт, ки ҶИ аз истифодаи ҳуқуқи қонунии худ барои дифоъ аз тамомияти арзӣ ва истиқлолияти миллии худ бар асоси принсипҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ тардид нахоҳад кард.
Вазири хориҷаи Бритониё дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо ишора ба вазъи ваҳшиёнаи минтақа бар зарурати худдорӣ аз ҷонибҳо барои ноил шудан ба натоиҷи талошҳои феълӣ барои коҳиши ташаннуҷ ва ҷилавгирӣ аз густариши ҷанг ва бесуботӣ дар ин минтақа таъкид кардааст.
Артиши Исроил шаби шанбе эълом карданд, ки дар чаҳорчӯби вокуниш ба ҳамлаҳои рӯзи 1 октябр ба мавзеъҳои низомӣ дар Эрон ҳамла кард.
Дар ҷараёни ин ҳамла, ба гуфтаи Исроил, корхонаҳои мушакӣ, системаҳои мушакии "замин ба ҳаво" ва иншооти дифоъи ҳавоӣ зери зарба қарор гирифтанд.
Дар ин амалиёт даҳҳо ҷанганда, ҳавопаймоҳои сӯзишворикаш ва иктишофӣ ширкат карданд.
Дар пайи ин ҳамалот ҳамзамон чаҳор низомии Эрон ҳалок шуданд.
Телавив иддао дорад, ки дар ин ҳамлаи тамоми иқтидори мудофиавии стратегии Ҷумҳурии Исломиро несту нобуд кардааст.