https://sputnik.tj/20250209/elon-shumor-dukhon-alokhon-tojikiston-sifat-tahsil-jumhuri-1066160764.html
Эълони шумори духону аълохонҳо дар Тоҷикистон: Агентӣ аз сифати таҳсил дар ҷумҳурӣ гуфт
Эълони шумори духону аълохонҳо дар Тоҷикистон: Агентӣ аз сифати таҳсил дар ҷумҳурӣ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Агентӣ аз беҳбуди сифати таҳсил мегӯяд, аммо раисҷумҳур дар паёми солонааш нишондодҳои соли 2024-ро ғайриқаноатбахш ҳисобид
2025-02-09T17:45+0500
2025-02-09T17:45+0500
2025-02-10T11:58+0500
дар тоҷикистон
маориф
вазорати маорифу илми тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/19/1060142762_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_3377cde8fc886c0a96cc868c22f40d71.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Сифати таҳсил дар Тоҷикистон соли гузашта беҳтар шудааст. Чунин хулосаро Агентии назорат дар соҳаи маориф дар пайи санҷиши муассисаҳои соҳаи маориф изҳор медорад. Тибқи иттилои ин ниҳод, дар ин муддат дар 67 шаҳру навоҳӣ санҷиши сифати таҳсилотро дар 956 муассисаи таълимӣ доир кардаанд, ки дар он аз 1 миллиону 57183 хонанда 957 ҳазор ва ё 90,5% ширкат доштанд. Ин ниҳод мегӯяд, дар пайи санҷиш танҳо 69071 нафар баҳои аъло гирифтанд, ки ҳудуди 7,2%-ро ташкил медиҳад. Ҳамзамон 262577 нафар баҳои хуб ва 433297 нафар баҳои қаноатбахш гирифтаанд. Ниҳоят 20,1%-и иштирокчиён хонандагону донишҷӯён яъне 192006 нафар баҳои ғайриқаноатбахш гирифтаанд. Ҳамин тариқ, сифати таҳсил дар зинаи миёнаи умумӣ 34%, дараҷаи азхудукнӣ 80,2%, дар муассисаҳои ибтидоии касбӣ сифати таҳсил 22,6%, дараҷаи донишазхудукнӣ 64,3%, дар зинаи таҳсилоти олӣ сифати таҳсилот 44% ва 79,3% дараҷаи азхудкунӣ будааст. Ин ниҳод мегӯяд, нишондиҳандаҳо нисбат ба соли қаблӣ ҳам аз нигоҳи сифати таҳсил ва ҳам аз нигоҳи фарогириву таъминот бо кадр хубтар аст. Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури кишвар зимни ироаи паёми солонааш дар парлумон гуфт, сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 33,4 фоиз, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба 39,8 ва олии касбӣ ба 40,3 фоиз баробар аст, ки ба талаботи меъёрҳои муайяншудаи байналмилалӣ ҷавобгӯй нестанд. Ба гуфтаи ӯ, тибқи стандартҳо агар нишондиҳандаи сифати таҳсилот то 50%-ро ташкил диҳад, ғайриқаноатбахш ҳисобида мешавад. Ба таъкиди раисҷумҳур, дар чунин ҳолат омода кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯй ба талаботи имрӯзаи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ, инчунин, тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмиву педагогӣ ғайриимкон мебошад. Вай дар пайи ироаи арқом аз роҳбарону масъулини соҳа чораандешии таъхирнопазирро талаб карда буд.
https://sputnik.tj/20250131/vaziri-maorif-maktabho-omuzgor-namerasad-1066066501.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/19/1060142762_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_47a27edbc0d8f225838ff186cfb61bd2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон шумор духон аълохон тоҷикистон агентӣ сифат таҳсил ҷумҳурӣ
эълон шумор духон аълохон тоҷикистон агентӣ сифат таҳсил ҷумҳурӣ
Эълони шумори духону аълохонҳо дар Тоҷикистон: Агентӣ аз сифати таҳсил дар ҷумҳурӣ гуфт
17:45 09.02.2025 (Навсозишуда: 11:58 10.02.2025) Агентӣ аз беҳбуди сифати таҳсил мегӯяд, аммо раисҷумҳур дар паёми солонааш нишондодҳои соли 2024-ро ғайриқаноатбахш ҳисобид
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Сифати таҳсил дар Тоҷикистон соли гузашта беҳтар шудааст. Чунин хулосаро Агентии назорат дар соҳаи маориф дар пайи санҷиши муассисаҳои соҳаи маориф изҳор медорад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар ин муддат дар 67 шаҳру навоҳӣ санҷиши сифати таҳсилотро дар 956 муассисаи таълимӣ доир кардаанд, ки дар он аз 1 миллиону 57183 хонанда 957 ҳазор ва ё 90,5% ширкат доштанд.
Ин ниҳод мегӯяд, дар пайи санҷиш танҳо 69071 нафар баҳои аъло гирифтанд, ки ҳудуди 7,2%-ро ташкил медиҳад. Ҳамзамон 262577 нафар баҳои хуб ва 433297 нафар баҳои қаноатбахш гирифтаанд.
Ниҳоят 20,1%-и иштирокчиён хонандагону донишҷӯён яъне 192006 нафар баҳои ғайриқаноатбахш гирифтаанд.
Ҳамин тариқ, сифати таҳсил дар зинаи миёнаи умумӣ 34%, дараҷаи азхудукнӣ 80,2%, дар муассисаҳои ибтидоии касбӣ сифати таҳсил 22,6%, дараҷаи донишазхудукнӣ 64,3%, дар зинаи таҳсилоти олӣ сифати таҳсилот 44% ва 79,3% дараҷаи азхудкунӣ будааст.
Ин ниҳод мегӯяд, нишондиҳандаҳо нисбат ба соли қаблӣ ҳам аз нигоҳи сифати таҳсил ва ҳам аз нигоҳи фарогириву таъминот бо кадр хубтар аст.
Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури кишвар зимни ироаи паёми солонааш дар парлумон гуфт, сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 33,4 фоиз, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба 39,8 ва олии касбӣ ба 40,3 фоиз баробар аст, ки ба талаботи меъёрҳои муайяншудаи байналмилалӣ ҷавобгӯй нестанд.
Ба гуфтаи ӯ, тибқи стандартҳо агар нишондиҳандаи сифати таҳсилот то 50%-ро ташкил диҳад, ғайриқаноатбахш ҳисобида мешавад.
Ба таъкиди раисҷумҳур, дар чунин ҳолат омода кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯй ба талаботи имрӯзаи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ, инчунин, тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмиву педагогӣ ғайриимкон мебошад.
Вай дар пайи ироаи арқом аз роҳбарону масъулини соҳа чораандешии таъхирнопазирро талаб карда буд.