https://sputnik.tj/20250131/vaziri-maorif-maktabho-omuzgor-namerasad-1066066501.html
Вазири маориф: дар мактабҳо 4 ҳазор омӯзгор намерасад
Вазири маориф: дар мактабҳо 4 ҳазор омӯзгор намерасад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки норасоии омӯзгорон бештар дар макатбҳои шаҳру навоҳии тобеи марказ ба қайд гирифта шудааст
2025-01-31T13:09+0500
2025-01-31T13:09+0500
2025-01-31T13:09+0500
дар тоҷикистон
маориф
норасоӣ
мактаб
омӯзгор
вазорати маорифу илми тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102873/41/1028734181_0:0:3078:1731_1920x0_80_0_0_a656ea96aecf8dba5a5b970b0b4a604c.jpg
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуоти гуфт, ки дар мактабҳои кишвар ҳоло 281 омӯзгор намерасад ва соҳаи маорифи кишвар ба 4 ҳазору 301 нафар муаллим эҳтиёҷ дорад.Вазир таъкид кард, ки норасоии омӯзгорон бештар дар макатбҳои шаҳру навоҳии тобеи марказ сабт шудааст.Оқои Саидзода дар нишаст қайд кард, ки дар шаҳри Душанбе ва ВМКБ норасоии кадрӣ умуман ба назар намерасад. Вале дар вилояти Хатлон 65, дар вилояти Суғд 2 ва дар шаҳру навоҳии тобеи марказ 184 омӯзгор намерасад.Вазир илова кард, ки барои бартараф кардани мушкили норасоии омӯзгорон аз ҳисоби донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5-ум 1957 нафар ба мактабҳо ҷалб шудаанд.Ба иттилои вазорат, дар соли 2024 донишгоҳҳои олии касбии кишварро 13 ҳазор ва донишгоҳҳои миёнаи касбиро 3 ҳазор нафар бо ихтисоси омӯзгорӣ хатм кардаанд. Аммо танҳо 10 ҳазору 240 нафар ё 64% ба мактабҳо ҳозир ва бо кор таъмин шудаанд. 5 ҳазору 760 нафари дигар ё 36% ба мактабҳо барои кор ҳозир нашудаанд.Вазир гуфт, нисбати нафароне, ки аз ҳисоби буҷа таҳсил карданд, вале барои кор ба мактабҳо нарафтанд, донишгоҳҳо ба додгоҳ муроҷиат мекунанд, то онҳо маблағи таҳсилро пардохт намоянд.
https://sputnik.tj/20240726/vaziri-maorif-norasoii-omuzgor-maktab-1063674440.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102873/41/1028734181_139:0:2870:2048_1920x0_80_0_0_fb087b8d784aefb51637a83cbadd14b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маориф, омӯзгор, норасоӣ, мактаб, вазорати маориф
тоҷикистон, маориф, омӯзгор, норасоӣ, мактаб, вазорати маориф
Вазири маориф: дар мактабҳо 4 ҳазор омӯзгор намерасад
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки норасоии омӯзгорон бештар дар макатбҳои шаҳру навоҳии тобеи марказ ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуоти гуфт, ки дар мактабҳои кишвар ҳоло 281 омӯзгор намерасад ва соҳаи маорифи кишвар ба 4 ҳазору 301 нафар муаллим эҳтиёҷ дорад.
Вазир таъкид кард, ки норасоии омӯзгорон бештар дар макатбҳои шаҳру навоҳии тобеи марказ сабт шудааст.
Оқои Саидзода дар нишаст қайд кард, ки дар шаҳри Душанбе ва ВМКБ норасоии кадрӣ умуман ба назар намерасад. Вале дар вилояти Хатлон 65, дар вилояти Суғд 2 ва дар шаҳру навоҳии тобеи марказ 184 омӯзгор намерасад.
Вазир илова кард, ки барои бартараф кардани мушкили норасоии омӯзгорон аз ҳисоби донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5-ум 1957 нафар ба мактабҳо ҷалб шудаанд.
Ба иттилои вазорат, дар соли 2024 донишгоҳҳои олии касбии кишварро 13 ҳазор ва донишгоҳҳои миёнаи касбиро 3 ҳазор нафар бо ихтисоси омӯзгорӣ хатм кардаанд. Аммо танҳо 10 ҳазору 240 нафар ё 64% ба мактабҳо ҳозир ва бо кор таъмин шудаанд. 5 ҳазору 760 нафари дигар ё 36% ба мактабҳо барои кор ҳозир нашудаанд.
Вазир гуфт, нисбати нафароне, ки аз ҳисоби буҷа таҳсил карданд, вале барои кор ба мактабҳо нарафтанд, донишгоҳҳо ба додгоҳ муроҷиат мекунанд, то онҳо маблағи таҳсилро пардохт намоянд.