https://sputnik.tj/20250208/rusiya-muhojiron-ghayriqonuni-shons-okhiron-medihad-1066154516.html
Русия ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ шонси охирон медиҳад
Русия ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ шонси охирон медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба як шарт метавонанд аз депорт аз қаламрав Русия худдорӣ кунанд. ВКД Русия гуфт кадом ин кадом шарт аст 08.02.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-02-08T13:56+0500
2025-02-08T13:56+0500
2025-02-08T13:56+0500
русия
муҳоҷират
вкд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1a/1062982999_0:241:1166:897_1920x0_80_0_0_3b4ecf7a584cc849dc87e6dde9b9daaf.jpg
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия бояд то 30 апрел ба пулис ё маркази муҳоҷирати Сахарово муроҷиат кунанд, то будубоши худро дар ин кишвар қонунӣ гардонанд.Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Русия хабар дода, тавзеҳ дод, ки бо ин роҳ муҳоҷирон метавонанд аз ихроҷашон пешгирӣ кунанд."Дар Русия аз 1 январ то 30 апрели соли 2025 бо назардошти фармони раисиҷумҳури Русия таҳти рақами №1126, муҳоҷирон имкон доранд будубоши худро дар Русия бидуни хатари ихроҷ ва манъ вуруд ба қаламрави Русия қонунӣ кунанд", — гуфта мешавад дар матолиби вазорат.Ин ниҳод Русия қайд мекунад, ки қарори мазкур ба шаҳрвандони хориҷие дахл дорад, ки беш аз се моҳ бидуни патент ё иҷозатномаи кор, бо патенти мӯҳлаташ гузашта ва пардохтнашуда дар Русия қарор дошта, иҷозаи иқомати муваққатӣ (РВП) ё иҷозаи иқомат (ВНЖ) надоранд. Ёдовар мешавем, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин моҳи декабр фармон дар бораи вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишварро имзо кард.Тибқи ин санад, муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ дар Русия қарор доранд, бояд вазъашонро ба танзим дароранд ё то санаи муайян кишварро тарк кунанд. Мӯҳлати ниҳоӣ 30 апрели соли 2025 муқаррар шуда буд.Қаблан раисиҷумҳури Русия қонунеро имзо кард, ки қабули кӯдакони муҳоҷир ба мактабҳо бидуни донистани забони русӣ манъ мекунад.Тибқи қонун, фарогирии кӯдакони муҳоҷир ба барномаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи умумӣ танҳо дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳони забони русӣ имконпазир аст. Санҷишҳо дар муассисаи таҳсилоти умумии давлатӣ ё шаҳрӣ ройгон гузаронида мешаванд.
https://sputnik.tj/20241231/putin-farmon-vazi-muhojiron-ghayriqonuni-imzo-kard-1065735139.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1a/1062982999_43:0:1239:897_1920x0_80_0_0_d55b0eca2df9486871714cc0e227b239.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, вкд
Русия ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ шонси охирон медиҳад
Муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба як шарт метавонанд аз депорт аз қаламрав Русия худдорӣ кунанд. ВКД Русия гуфт кадом ин кадом шарт аст
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия бояд то 30 апрел ба пулис ё маркази муҳоҷирати Сахарово муроҷиат кунанд, то будубоши худро дар ин кишвар қонунӣ гардонанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Русия хабар дода, тавзеҳ дод, ки бо ин роҳ муҳоҷирон метавонанд аз ихроҷашон пешгирӣ кунанд.
"Дар Русия аз 1 январ то 30 апрели соли 2025 бо назардошти фармони раисиҷумҳури Русия таҳти рақами №1126, муҳоҷирон имкон доранд будубоши худро дар Русия бидуни хатари ихроҷ ва манъ вуруд ба қаламрави Русия қонунӣ кунанд", — гуфта мешавад дар матолиби вазорат.
Ин ниҳод Русия қайд мекунад, ки қарори мазкур ба шаҳрвандони хориҷие дахл дорад, ки беш аз се моҳ бидуни патент ё иҷозатномаи кор, бо патенти мӯҳлаташ гузашта ва пардохтнашуда дар Русия қарор дошта, иҷозаи иқомати муваққатӣ (РВП) ё иҷозаи иқомат (ВНЖ) надоранд.
"Ҳарчи зудтар ба шӯъбаи пулис ё маркази муҳоҷирати "Сахарово"-и Маскав муроҷиат кунед", - тавсия медиҳад вазорат.
Ёдовар мешавем, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин моҳи декабр фармон дар бораи вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишварро имзо кард.
Тибқи ин санад, муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ дар Русия қарор доранд, бояд вазъашонро ба танзим дароранд ё то санаи муайян кишварро тарк кунанд. Мӯҳлати ниҳоӣ 30 апрели соли 2025 муқаррар шуда буд.
Қаблан раисиҷумҳури Русия қонунеро имзо кард, ки қабули кӯдакони муҳоҷир ба мактабҳо бидуни донистани забони русӣ манъ мекунад.
Тибқи қонун, фарогирии кӯдакони муҳоҷир ба барномаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи умумӣ танҳо дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳони забони русӣ имконпазир аст. Санҷишҳо дар муассисаи таҳсилоти умумии давлатӣ ё шаҳрӣ ройгон гузаронида мешаванд.