https://sputnik.tj/20241231/putin-farmon-vazi-muhojiron-ghayriqonuni-imzo-kard-1065735139.html
Путин фармон дод, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ то 30 апрел Русияро тарк кунанд
Путин фармон дод, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ то 30 апрел Русияро тарк кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷире, ки дар Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, бояд мақоми худро танзим кунанд ё то санаи муайян кишварро тарк кунанд
2024-12-31T12:54+0500
2024-12-31T12:54+0500
2024-12-31T12:54+0500
дар русия
муҳоҷират
владимир путин
фармон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/1c/1065713236_0:144:3200:1944_1920x0_80_0_0_d473ccd5b7e436ca460e0891815f223e.jpg
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин фармон дар бораи вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишварро имзо кард. Тибқи ин санад, муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ дар Русия қарор доранд, бояд вазъашонро ба танзим дароранд ё то санаи муайян кишварро тарк кунанд. Мӯҳлати ниҳоӣ 30 апрели соли 2025 муқаррар шудааст. Маълум аст, ки Путин фармонеро дар бораи таҳияи қонуни федералӣ дар бораи ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ имзо кардааст.Ҳамин тариқ, тибқи қонун, дар Федератсияи Русия режими ихроҷ аз 5 феврали соли 2025 амал мекунад ва ҳамаи хориҷиёне, ки барои будубош дар ин кишвар асосҳои қонунӣ надоранд, мавриди он қарор хоҳанд гирифт.Чунин шахсон инчунин то ихроҷ ё ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳояшон ба феҳристи махсус барои назорат ворид карда мешаванд. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки режими депортатсия нисбат ба хориҷиёне, ки мехоҳанд дар Русия иқомат кунанд ва як қатор шартҳоро иҷро карда бошанд, татбиқ нахоҳанд шуд: супоридани маълумоти биометрӣ, супурдани имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва қонунҳои Федератсияи Русия ва инчунин санҷиши маводи мухаддир ва сироятҳоро талаб мекунад. Илова бар ин, муҳоҷир набояд барои бекор кардани патент, иҷозаи кор, иқомати муваққатӣ ё иҷозаи иқомат асос надошта бошад.Ёдовар мешавем, ки қаблан раисиҷумҳури Русия қонунеро имзо кард, ки қабули кӯдакони муҳоҷир ба мактабҳо бидуни донистани забони русӣ манъ мекунад.Тибқи қонун, фарогирии кӯдакони муҳоҷир ба барномаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи умумӣ танҳо дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳони забони русӣ имконпазир аст. Санҷишҳо дар муассисаи таҳсилоти умумии давлатӣ ё шаҳрӣ ройгон гузаронида мешаванд.
https://sputnik.tj/20241229/rusiya-mutobiqsozi-muhojiron-samt-asosi-siyosat-davlati-1065722665.html
https://sputnik.tj/20241220/sanjishhoi-zaboni-rusi-kudakon-muhojir-maktab-roygon-1065596677.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/1c/1065713236_46:0:2775:2047_1920x0_80_0_0_7b55b76a2cdf876e2dbe7d9974825595.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин муҳоҷирони ғайриқонунӣ фармон муҳоҷират
путин муҳоҷирони ғайриқонунӣ фармон муҳоҷират
Путин фармон дод, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ то 30 апрел Русияро тарк кунанд
Муҳоҷире, ки дар Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, бояд мақоми худро танзим кунанд ё то санаи муайян кишварро тарк кунанд
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин фармон дар бораи вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишварро имзо кард.
Тибқи ин санад, муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ дар Русия қарор доранд, бояд вазъашонро ба танзим дароранд ё то санаи муайян кишварро тарк кунанд. Мӯҳлати ниҳоӣ 30 апрели соли 2025 муқаррар шудааст.
Маълум аст, ки Путин фармонеро дар бораи таҳияи қонуни федералӣ дар бораи ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ имзо кардааст.
Ҳамин тариқ, тибқи қонун, дар Федератсияи Русия режими ихроҷ аз 5 феврали соли 2025 амал мекунад ва ҳамаи хориҷиёне, ки барои будубош дар ин кишвар асосҳои қонунӣ надоранд, мавриди он қарор хоҳанд гирифт.
Чунин шахсон инчунин то ихроҷ ё ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳояшон ба феҳристи махсус барои назорат ворид карда мешаванд.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки режими депортатсия нисбат ба хориҷиёне, ки мехоҳанд дар Русия иқомат кунанд ва як қатор шартҳоро иҷро карда бошанд, татбиқ нахоҳанд шуд: супоридани маълумоти биометрӣ, супурдани имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва қонунҳои Федератсияи Русия ва инчунин санҷиши маводи мухаддир ва сироятҳоро талаб мекунад.
Илова бар ин, муҳоҷир набояд барои бекор кардани патент, иҷозаи кор, иқомати муваққатӣ ё иҷозаи иқомат асос надошта бошад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан раисиҷумҳури Русия қонунеро имзо кард, ки қабули кӯдакони муҳоҷир ба мактабҳо бидуни донистани забони русӣ манъ мекунад.
Тибқи қонун, фарогирии кӯдакони муҳоҷир ба барномаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи умумӣ танҳо дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳони забони русӣ имконпазир аст. Санҷишҳо дар муассисаи таҳсилоти умумии давлатӣ ё шаҳрӣ ройгон гузаронида мешаванд.