https://sputnik.tj/20250201/hayat-noziron-intikhobot-parlumon-tojikiston-rohbari-mekunad-1066077198.html
Маълум шуд, ки ҳайати нозирон дар интихоботи парлумонии Тоҷикистонро кӣ роҳбарӣ мекунад
Маълум шуд, ки ҳайати нозирон дар интихоботи парлумонии Тоҷикистонро кӣ роҳбарӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини якуми дабири кулли ИДМ барои роҳбарии ҳайати нозирон дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон Ҳайати нозирони ИДМ интихоботро бо даъвати ҷониби Тоҷикистон... 01.02.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-02-01T12:50+0500
2025-02-01T12:50+0500
2025-02-03T12:30+0500
дар тоҷикистон
интихобот
парлумон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/1f/1066075458_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_535744e0dc3f326877eb5b3452dc5314.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Муовини аввали дабири кулли ИДМ Леонид Анфимов, раҳбарии ҳайати нозирони Иттиҳод дар интихоботи парлумонии Тоҷикистонро ба ӯҳда хоҳад дошт. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар додааст. Ҳайати нозирони ИДМ маъракаи интихоботиро бо даъвати ҷониби Тоҷикистон тибқи Конвенсия дар бораи стандартҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои интихоботӣ дар кишварҳои узви ИДМ ва Низомнома дар бораи ҳайати нозирони ИДМ дар интихоботи президентӣ ва парлумонӣ назорат мекунад, инчунин референдум. Нозирон инчунин конунгузории ҷумҳуриро ба рохбарӣ мегиранд, таъкид мешавад дар маъруза. Гуфта мешавад, ки кори ҳайати нозирони ИДМ бар пояи принсипҳои ошкорбаёнӣ, бетарафӣ ва дахолат накардан ба раванди интихобот ва корҳои дохилии давлат асос меёбад.Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 4 декабр фармон дар бораи баргузории интихоботро имзо кард. Тибқи ин санад, интихоботи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъин шудааст. Тибқи Қонун "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" дар ҳамон рӯз интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот баргузор мешавад. Интихоботи вакилони даъвати нави палатаи болоии парлумони Тоҷикистон рӯзи 28 март таъин шудааст.
https://sputnik.tj/20250122/nozironi-idm-intikhoboti-parlumoni-ishtirok-1065965483.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/1f/1066075458_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_e85ea7caab5376dfc9882e362849ff71.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, интихобот, парлумон, сиёсат
дар тоҷикистон, интихобот, парлумон, сиёсат
Маълум шуд, ки ҳайати нозирон дар интихоботи парлумонии Тоҷикистонро кӣ роҳбарӣ мекунад
12:50 01.02.2025 (Навсозишуда: 12:30 03.02.2025) Муовини якуми дабири кулли ИДМ барои роҳбарии ҳайати нозирон дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон Ҳайати нозирони ИДМ интихоботро бо даъвати ҷониби Тоҷикистон тибқи Конвенсияи стандартҳо дар Иттиҳод назорат мекунад
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Муовини аввали дабири кулли ИДМ Леонид Анфимов, раҳбарии ҳайати нозирони Иттиҳод дар интихоботи парлумонии Тоҷикистонро ба ӯҳда хоҳад дошт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар додааст.
"Ҳайати нозирони ИДМ дар интихоботи вакилони парлумони Тоҷикистонро муовини аввали дабири кулли ИДМ Леонид Анфимов роҳбарӣ мекунад. Номзадии ӯ бо қарори Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба тасвиб расид", — гуфта мешавад дар изхорот дар сомонаи Кумитаи иҷроия.
Ҳайати нозирони ИДМ маъракаи интихоботиро бо даъвати ҷониби Тоҷикистон тибқи Конвенсия дар бораи стандартҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои интихоботӣ дар кишварҳои узви ИДМ ва Низомнома дар бораи ҳайати нозирони ИДМ дар интихоботи президентӣ ва парлумонӣ назорат мекунад, инчунин референдум.
Нозирон инчунин конунгузории ҷумҳуриро ба рохбарӣ мегиранд, таъкид мешавад дар маъруза.
Гуфта мешавад, ки кори ҳайати нозирони ИДМ бар пояи принсипҳои ошкорбаёнӣ, бетарафӣ ва дахолат накардан ба раванди интихобот ва корҳои дохилии давлат асос меёбад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 4 декабр фармон дар бораи баргузории интихоботро имзо кард.
Тибқи ин санад, интихоботи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъин шудааст.
Тибқи Қонун "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" дар ҳамон рӯз интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот баргузор мешавад. Интихоботи вакилони даъвати нави палатаи болоии парлумони Тоҷикистон рӯзи 28 март таъин шудааст.