Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Нерӯҳои мусаллаҳи Украина давоми як рӯз беш аз 300 низомии худро дар Курск талаф дод

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонкРабота артиллерийского расчета гаубицы Д-20 группы "Пресса" спецназа "Ахмат" в Курской области
Работа артиллерийского расчета гаубицы Д-20 группы Пресса спецназа Ахмат в Курской области  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2025
Обуна шудан
Вазорати мудофаи Русия аз рафти амалиёти вижа дар Курс гузориш дода, талафоти зиёди низомиёни украинӣ дар шабонарӯзи ахир қайд кард
Вазорати дифои Русия дар бораи ҷараёни рафъи кӯшиши ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар вилояти Курск гузориш дод.
Ба иттилои манбаъ, воҳидҳои Русия дар манотиқи марзии вилояти Курск беш аз 320 ҷангии украинӣ, ду танк, чаҳор мошини зиреҳпӯш, 13 мошини зиреҳпӯш, 6 тӯпхона, 5 миномёт нобуд карданд.
"Дар давоми 24 соати охир қувваҳои мусаллаҳи Украина беш аз 320 низомӣ, ду танк, се мошин, аз ҷумла як мошини Брэдли IFV, 4 зиреҳпӯш, 13 мошини зиреҳпӯш, 11 мошин, шаш тӯпхона, 2 BMRS-12 нобуд карда шуд", - омадааст дар изҳороти вазорати дифоъ.
Дар маҷмӯъ, дар ҷангҳо дар самти Курск беш аз 58 550 низомии украинӣ, 350 танк, 254 мошини ҷангии пиёдагузар, 201 зиреҳпӯш, 1864 мошин, 418 тӯпхона ва 6 ракетаи тирандозӣ, аз ҷумла MARRS38-ро талаф дод.
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Работа артиллерийского расчета гаубицы Д-20 группы Пресса спецназа Ахмат в Курской области  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2025
Артиши Украина дар вилояти Курск дар як рӯз 11 танкро аз даст доданд
Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.
Лентаи хабарҳо
0