https://sputnik.tj/20250207/artishi-ukraina-viloyati-kursk-tankro-az-dast-dodand-1066150147.html
Артиши Украина дар вилояти Курск дар як рӯз 11 танкро аз даст доданд
Артиши Украина дар вилояти Курск дар як рӯз 11 танкро аз даст доданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия аз дафъи ҳамлаи ҷавобии артиши Украина ба деҳаҳои Уланок ва Черкаская Конопелкаи вилояти Курск хабар дод
2025-02-07T20:01+0500
2025-02-07T20:01+0500
2025-02-07T20:01+0500
амалиёти вижа
русия
дар русия
артиш
украина
талафот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/06/1066129930_0:76:2500:1482_1920x0_80_0_0_7f7747a5be507a602ac80b5acbae40ca.jpg
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самти Курск дар як шабонарӯз беш аз 370 нафар сарбоз, 11 танк, инчунин се нуқтаи назорати паҳпод, аз ҷумла ҳангоми ҳамлаи номуваффақ ба деҳаҳои Черкасская Конопелка ва Уланок нобуд карда шудаанд."Дар давоми 24 соати охир артиши Украина беш аз 370 сарбоз, 11 танк, 7 мошини ҷангии пиёданизом, 3 зиреҳпӯш, 9 мошини зиреҳпӯш, 3 тӯпхона, се хумпораандоз, як мушакандози чандгона, як системаи падофанди ҳавоии худкашишӣ ва зиреҳпӯш “Тунгуска”, инчунин се мошини муҳандисии минрӯб инчунин се нуқтаи назоратии паҳподи низомӣ нобуд карда шуд”, - омадааст дар изҳороти вазорати дифои Русия.Аз чумла, ҳангоми дафъи ҳамлаи ҷавобӣ дар самти деҳаҳои Черкасская Конопелка ва Уланок душман бештар аз 200 нафарро талаф дод.Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар самти Курск душман беш аз 58 ҳазору 230 низомӣ, 348 танк, 251 мошини ҷангии пиёданизом, 1797 мошини зиреҳпӯш, 1853 автомашина, 412 адад тӯпхона талаф дод.Амалиёти нобудсозии ҷузъу томҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад, гуфт вазорати дифоъ.Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин."Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.
https://sputnik.tj/20250206/shikasti-artishi-ukraina-hamlai-khunini-kursk-1066138621.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/06/1066129930_218:0:2441:1667_1920x0_80_0_0_927f321ea69e08e20ce089beb005b25e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, артиши украина, курск, ҳамалаи ҷавобӣ, амалиёти вижа,
русия, артиши украина, курск, ҳамалаи ҷавобӣ, амалиёти вижа,
Артиши Украина дар вилояти Курск дар як рӯз 11 танкро аз даст доданд
Вазорати дифои Русия аз дафъи ҳамлаи ҷавобии артиши Украина ба деҳаҳои Уланок ва Черкаская Конопелкаи вилояти Курск хабар дод
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самти Курск дар як шабонарӯз беш аз 370 нафар сарбоз, 11 танк, инчунин се нуқтаи назорати паҳпод, аз ҷумла ҳангоми ҳамлаи номуваффақ ба деҳаҳои Черкасская Конопелка ва Уланок нобуд карда шудаанд.
"Дар давоми 24 соати охир артиши Украина беш аз 370 сарбоз, 11 танк, 7 мошини ҷангии пиёданизом, 3 зиреҳпӯш, 9 мошини зиреҳпӯш, 3 тӯпхона, се хумпораандоз, як мушакандози чандгона, як системаи падофанди ҳавоии худкашишӣ ва зиреҳпӯш “Тунгуска”, инчунин се мошини муҳандисии минрӯб инчунин се нуқтаи назоратии паҳподи низомӣ нобуд карда шуд”, - омадааст дар изҳороти вазорати дифои Русия.
Аз чумла, ҳангоми дафъи ҳамлаи ҷавобӣ дар самти деҳаҳои Черкасская Конопелка ва Уланок душман бештар аз 200 нафарро талаф дод.
Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар самти Курск душман беш аз 58 ҳазору 230 низомӣ, 348 танк, 251 мошини ҷангии пиёданизом, 1797 мошини зиреҳпӯш, 1853 автомашина, 412 адад тӯпхона талаф дод.
Амалиёти нобудсозии ҷузъу томҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад, гуфт вазорати дифоъ.
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.