Шикасти артиши Украина ҳангоми ҳамлаи хунини навбатӣ дар Курск

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонкСпецназ "Ахмат в селе Русское Поречное Курской области
Спецназ Ахмат в селе Русское Поречное Курской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2025
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия мегӯяд, ки артиши Украина чанд мавҷи ҳамла ба вилояти Курски Русия анҷом доданд, ки дар он комёб нашуданд
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки воҳидҳои украинӣ чанд маротиба кӯшиш карданд, ки ба самти Черкасская Конопелка ва Уланкаи вилояти Курск ҳамла кунанд.
Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи нерӯҳои артиши "Шимол"-и Русия сари вақт талоши душманро ошкор карда, нерӯҳои украиниро нобуд карданд.
"Субҳи 6 феврал нирӯҳои мусаллаҳи Украина дар самти аҳолинишини Черкасская Конопелка ва Уланок дар вилояти Курск талош карданд ҳамла намоянд", - омадааст дар гузориши вазорати дифоъ.
Қайд карда мешавад, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар мошинҳои зиреҳпӯш то ду баталёни савора мустақар кардаанд. Гуруҳҳои ҳамлагари душман ба ин самт чанд маротиба талоши ҳамла карданд.
Манбаъ қайд кардааст, ки ҳмлаҳо дафъ карда шуда, шаҳракҳо таҳти назорати нерӯҳои Русия қарор доранд. Дар ин ҳамлаи бемуваффақият артиши Украина шаш танк, се машинаи муҳандисии минруб, се худрави ҷангии пиёданизом ва 14 мошини зиреҳпӯшро нобуд карданд.
Боевая работа РСЗО Град группировки Запад на Краснолиманском направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Pais: Сарбозони украинӣ иқрор шуданд, ки артиши Русия қави аст
Ёдовар мешавем, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар моҳи январ дастикам 44 520 низомии худро дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ талаф додааст.
Ба иттилои азорати дифои Русия дар ҳамин давра ҷангҷӯёни украинӣ 64 танк, аз ҷумла 9 тонки "Леопард" ва ҳавопаймоҳои Су-27 ва МиГ-29-ро аз даст доданд.
Талафоти нерӯҳои украинӣ давоми як моҳи гузашта танҳо дар самти Курск ба 10 110 нафар низомӣ ва теъдоди зиёди техникаву таҷҳизот расидааст.
Лентаи хабарҳо
0