https://sputnik.tj/20250205/sarbozoni-ukraini-iqror-artishi-rusiya-qavi-ast-1066123891.html
Pais: Сарбозони украинӣ иқрор шуданд, ки артиши Русия қави аст
Pais: Сарбозони украинӣ иқрор шуданд, ки артиши Русия қави аст
Sputnik Тоҷикистон
Ба навиштаи расонаҳои ғарбӣ сарбозони Украина эътироф кардаанд, ки артиши Русия дониши бештару қавтар мебошад
2025-02-05T20:01+0500
2025-02-05T20:01+0500
2025-02-05T20:01+0500
русия
дар русия
амалиёти вижа
украина
сарбоз
артиши русия
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/09/1065804284_0:284:3134:2048_1920x0_80_0_0_f65da7c41e0e77a9e7f213a7f5898b46.jpg
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Артиши Украина эътироф мекунад, ки Русия дар амалиёти ҷангӣ дониши бештар ва артиши хеле қавӣ дорад, менависад рӯзномаи испании Pais.Як низомии дигар иқрор шуд, ки Украина наметавонад ба низоъ дар майдони набард хотима диҳад, зеро "Русия аз рақиби худ хеле бартарӣ дорад”.Ҳамаи низомиёне, ки бо ин нашрия мусоҳиба кардаанд, аз нарасидани силоҳ, муҳимот, таҷҳизот ва ҳавопаймоҳои бесарнишин шикоят кардаанд.Рӯзи 26 январ вазорати дифои Русия аз озод шудани Великая Новосёлка дар ҶМД хабар дод. Дар навбати худ, коршиноси умури низомӣ Ян Гагин изҳор дошт, ки бригадаи 110-уми Украина, ки деҳаро муҳофизат мекард, комилан нобуд шудааст.Великая Новосёлка охирин хатти асосии дифоъ ва як маркази логистикии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самти ҷануби Донетск буд.Русия муътақид аст, ки интиқоли силоҳ ба Украина ба ҳалли масъала халал мерасонад ва кишварҳои НАТО-ро мустақиман ба муноқиша мекашад.Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳар боре, ки ғарб силоҳ барои Украина медиҳад, ҳадафи қонунии Русия хоҳад шуд.Ба гуфтаи вай, ИМА ва НАТО дар низоъ мустақиман ширкат доранд, аз ҷумла на танҳо бо таъмини силоҳ, балки ҳамчунин бо омӯзиши кадрҳо дар Британиё, Олмон, Италия ва дигар кишварҳо.Кремл изҳор дошт, ки Ғарб ба Украина силоҳ ворид мекунад ва раванди ба музокирот мусоидат намекунад балки танҳо таъсири манфӣ мерасонад.
https://sputnik.tj/20250204/generali-ukraini-nametavonand-peshi-rohi-artishi-rusiya-bigirand-1066110897.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/09/1065804284_145:0:2877:2048_1920x0_80_0_0_8c1a641842d76942c752219729a2c1dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амалиёти вижа, артиши русия, украина, сарбоз, иқрор, қавӣ
русия, амалиёти вижа, артиши русия, украина, сарбоз, иқрор, қавӣ
Pais: Сарбозони украинӣ иқрор шуданд, ки артиши Русия қави аст
Ба навиштаи расонаҳои ғарбӣ сарбозони Украина эътироф кардаанд, ки артиши Русия дониши бештару қавтар мебошад
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Артиши Украина эътироф мекунад, ки Русия дар амалиёти ҷангӣ дониши бештар ва артиши хеле қавӣ дорад, менависад рӯзномаи испании Pais.
"Мегӯянд, ки мо бо оворагон ва аблаҳони бетаҷриба меҷангем, аммо Русия дониши бештар ва артиши хеле қавӣ дорад", - иқрор мешавад сарбози бригадаи 141-уми артиши Украина, ки дар минтақаи Великая Новосёлка мустақар аст.
Як низомии дигар иқрор шуд, ки Украина наметавонад ба низоъ дар майдони набард хотима диҳад, зеро "Русия аз рақиби худ хеле бартарӣ дорад”.
Ҳамаи низомиёне, ки бо ин нашрия мусоҳиба кардаанд, аз нарасидани силоҳ, муҳимот, таҷҳизот ва ҳавопаймоҳои бесарнишин шикоят кардаанд.
Рӯзи 26 январ вазорати дифои Русия аз озод шудани Великая Новосёлка дар ҶМД хабар дод. Дар навбати худ, коршиноси умури низомӣ Ян Гагин изҳор дошт, ки бригадаи 110-уми Украина, ки деҳаро муҳофизат мекард, комилан нобуд шудааст.
Великая Новосёлка охирин хатти асосии дифоъ ва як маркази логистикии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самти ҷануби Донетск буд.
Русия муътақид аст, ки интиқоли силоҳ ба Украина ба ҳалли масъала халал мерасонад ва кишварҳои НАТО-ро мустақиман ба муноқиша мекашад.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳар боре, ки ғарб силоҳ барои Украина медиҳад, ҳадафи қонунии Русия хоҳад шуд.
Ба гуфтаи вай, ИМА ва НАТО дар низоъ мустақиман ширкат доранд, аз ҷумла на танҳо бо таъмини силоҳ, балки ҳамчунин бо омӯзиши кадрҳо дар Британиё, Олмон, Италия ва дигар кишварҳо.
Кремл изҳор дошт, ки Ғарб ба Украина силоҳ ворид мекунад ва раванди ба музокирот мусоидат намекунад балки танҳо таъсири манфӣ мерасонад.