https://sputnik.tj/20250206/korshinos-usaid-uzviyati-tojikiston-iiao-mone-1066136498.html
Коршиноси рус гуфт, чӣ гуна USAID ба узвияти Тоҷикистон ба ИИАО монеъ мешавад
Коршиноси рус гуфт, чӣ гуна USAID ба узвияти Тоҷикистон ба ИИАО монеъ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалии USAID фаъолияти худро барои 90 рӯз мутаваққиф кардааст. Коршиноси рус шарҳ дод, ки ин ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад
2025-02-06T19:01+0500
2025-02-06T19:01+0500
2025-02-06T19:01+0500
русия
дар тоҷикистон
коршинос
usaid
ииао
авруосиё
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/05/1066126294_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_08c1ea23df8e1c1b781702f0eef71001.jpg
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Тавассути Агентии рушди байналмилалии USAID, ИМА ба узвияти Тоҷикистон дар ИИАО халал мерасонанд.Баҳори соли гузашта USAID эълон кард, ки як лоиҳаи нав ба маблағи 18 миллион долларро барои ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистонро роҳандозӣ мекунад.Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо раҳбари Клуби таҳлилии АвруОсиё Никита Мендкович сӯҳбат кард ва суол кард, ки ин маблағ барои чӣ масраф мешавад."Комилан возеҳ аст, ки 18 миллиони ҷудошуда он қадар маблағе нест, ки шояд ба он аҳамият дод. Муҳимтар аз ҳама, ҳадди ақал нисфи он бояд дар давоми чанд моҳ ба Иёлоти Муттаҳида бармегашт. Дӯстону наздикон ба роҳбарияти агентӣ ё идораи маҳаллии он, ки аз ҷониби USAID ҳамчун мушовир ва пудратчӣ ҷалб шудаанд, ба хайрхоҳони худ дар Иёлоти Муттаҳида ришва медиҳанд”, гуфт коршинос.Дар мавриди маблағҳои боқимонда, идома дод Мендкович, онҳо ё воқеан барои дастгирии доираҳои муайяни сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла онҳое, ки мухолифи вуруди ин созмон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва ё бар зидди рушди ҳамкориҳо бо Маскав буданд, истифода мешуданд."Ба касе пӯшида нест, ки барои мисол, USAID маркази мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистонро ба тасарруфи худ гирифта, онро мехоҳад ба биолабораторияи Амрико табдил диҳад. Онҳо талош доранд, ки кормандони онро маҷбур созанд, на ба манфиати мардуми тоҷик, балки ба манфиати артиши Амрико кор кунанд", - мегӯяд таҳлилгар.Дар воқеъ, онҳо мехоҳанд, ки Марказро ба боз як биолабораторияи низомӣ табдил диҳанд, ба монанди чунин лаборатория дар Украина.Ба гуфтаи раиси Клуби таҳлилии АвруОсиё, комилан рӯшан аст, ки ин ҳама сӯҳбатҳо дар бораи баъзе ниятҳои неки пуштибонӣ, танҳо як пӯшиш барои талошҳои сиёсӣ ва низомии Иёлоти Муттаҳида аст.Ба эътиқоди вай, бо вуҷуди он ки феълан фаъолияти ин Оҷонсӣ бо амри Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, мутаваққиф мешавад, талошҳои Амрико барои вуруд ба минтақа ва ноором кардани субот идома хоҳад ёфт.Масалан, дар оянда метавонад ба ҷангҷӯёни исломгаро, ки дар Бадахшони Афғонистон қарор доранд, барои эҷоди таҳдидҳо дар наздикии марзҳои Тоҷикистон маблағ фиристода шавад.“Ҳадаф бетағйир боқӣ мемонад - харобии Тоҷикистон, барҳам додани субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст”, - хулоса кард Мендкович.
https://sputnik.tj/20250205/korshinos-pulhoi-usaid-tojikiston-osiyoi-markazi-masraf-1066128738.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/05/1066126294_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_7406faf1c4ba0b4ed5537c738eb1140e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ииао, коршинос, узвият, амрико, usaid, сиёсат
тоҷикистон, ииао, коршинос, узвият, амрико, usaid, сиёсат
Коршиноси рус гуфт, чӣ гуна USAID ба узвияти Тоҷикистон ба ИИАО монеъ мешавад
Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалии USAID фаъолияти худро барои 90 рӯз мутаваққиф кардааст. Коршиноси рус шарҳ дод, ки ин ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Тавассути Агентии рушди байналмилалии USAID, ИМА ба узвияти Тоҷикистон дар ИИАО халал мерасонанд.
Баҳори соли гузашта USAID эълон кард, ки як лоиҳаи нав ба маблағи 18 миллион долларро барои ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистонро роҳандозӣ мекунад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо раҳбари Клуби таҳлилии АвруОсиё Никита Мендкович сӯҳбат кард ва суол кард, ки ин маблағ барои чӣ масраф мешавад.
"Комилан возеҳ аст, ки 18 миллиони ҷудошуда он қадар маблағе нест, ки шояд ба он аҳамият дод. Муҳимтар аз ҳама, ҳадди ақал нисфи он бояд дар давоми чанд моҳ ба Иёлоти Муттаҳида бармегашт. Дӯстону наздикон ба роҳбарияти агентӣ ё идораи маҳаллии он, ки аз ҷониби USAID ҳамчун мушовир ва пудратчӣ ҷалб шудаанд, ба хайрхоҳони худ дар Иёлоти Муттаҳида ришва медиҳанд”, гуфт коршинос.
Дар мавриди маблағҳои боқимонда, идома дод Мендкович, онҳо ё воқеан барои дастгирии доираҳои муайяни сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла онҳое, ки мухолифи вуруди ин созмон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва ё бар зидди рушди ҳамкориҳо бо Маскав буданд, истифода мешуданд.
"Ба касе пӯшида нест, ки барои мисол, USAID маркази мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистонро ба тасарруфи худ гирифта, онро мехоҳад ба биолабораторияи Амрико табдил диҳад. Онҳо талош доранд, ки кормандони онро маҷбур созанд, на ба манфиати мардуми тоҷик, балки ба манфиати артиши Амрико кор кунанд", - мегӯяд таҳлилгар.
Дар воқеъ, онҳо мехоҳанд, ки Марказро ба боз як биолабораторияи низомӣ табдил диҳанд, ба монанди чунин лаборатория дар Украина.
Ба гуфтаи раиси Клуби таҳлилии АвруОсиё, комилан рӯшан аст, ки ин ҳама сӯҳбатҳо дар бораи баъзе ниятҳои неки пуштибонӣ, танҳо як пӯшиш барои талошҳои сиёсӣ ва низомии Иёлоти Муттаҳида аст.
Ба эътиқоди вай, бо вуҷуди он ки феълан фаъолияти ин Оҷонсӣ бо амри Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, мутаваққиф мешавад, талошҳои Амрико барои вуруд ба минтақа ва ноором кардани субот идома хоҳад ёфт.
Масалан, дар оянда метавонад ба ҷангҷӯёни исломгаро, ки дар Бадахшони Афғонистон қарор доранд, барои эҷоди таҳдидҳо дар наздикии марзҳои Тоҷикистон маблағ фиристода шавад.
“Ҳадаф бетағйир боқӣ мемонад - харобии Тоҷикистон, барҳам додани субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст”, - хулоса кард Мендкович.