https://sputnik.tj/20250205/korshinos-pulhoi-usaid-tojikiston-osiyoi-markazi-masraf-1066128738.html
Коршинос гуфт, пулҳои USAID дар Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои чӣ масраф шуд?
Коршинос гуфт, пулҳои USAID дар Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои чӣ масраф шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалии USAID фаъолияти худро барои 90 рӯз мутаваққиф кардааст. Ин ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир хощад расонд
2025-02-05T19:57+0500
2025-02-05T19:57+0500
2025-02-05T19:57+0500
видео
никита мендкович
коршинос
usaid
сиёсат
фаъолият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/05/1066127079_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_340e51901d042d6d486352acfe294641.jpg
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ахиран талош кардааст, ки фаъолиятҳояшро афзоиш диҳад.Чӣ гуна ИМА ба ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳо "кӯмак" кард, дар бораи биолабораторияҳо ва грантҳо барои "озодии баён" - хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо Никита Мендкович, раиси клуби таҳлилии АвруОсиё сӯҳбат кард."USAID беш аз 50 сол пеш дар Иёлоти Муттаҳида ҳамчун як василаи дахолат ба умури кишварҳои дигар таъсис ёфтааст. Ин як механизми маблағгузории созмонҳо, нашрияҳо ва расонаҳои мухталиф аст, ки метавонанд ба тасмимгириҳо таъсир расонанд. Дар ибтидо ин абзор дар мубориза бо Иттиҳоди Шӯравӣ истифода мешуд", - мегӯяд коршинос.Трамп ва "самти нав": Президенти нави ИМА ба Осиёи Марказӣ чӣ гуна таъсир мерасонад?Ба ақидаи вай, мақсади имрӯзаи ташкилот пурзур намудани ҳукмронии мустамликавии Амрико дар кишварҳои ҷаҳони сеюм аст.Мендкович хотиррасон кард, ки дар Осиёи Миёна солҳои охир қариб дар ҳамаи давлатҳои минтақа талоши табаддулоти давлатӣ роҳандозӣ карда шуд. Ҳамаиташкилкунандагон ва созмондиҳандагони онҳо ба грантҳои USAID рабт доранд.Таҳлилгар бар ин назар аст, ки "ИМА ба Осиёи Марказӣ ниёз надорад. Ин ба манфиати онҳост, ки бесарусомониро дар минтақа роҳандозӣ кунанд, то барои Русия ва Чин, ду мухолифи аслии Амрико мушкилот эҷод кунад."ИМА барои ноором кардани суботи Осиёи Марказӣ баҳона меҷӯядБа ақидаи ӯ, амрикоиҳо ба барномаҳои рушд ба маънои аслии калима таваҷҷӯҳ надоранд. Хароҷоти онҳо дар минтақа ё ба ҳадафи маблағгузории баъзе қувваҳои сиёсии харобиовар, аз қабили расонаҳое, ки ба ҷанг мусоидат кардаанд, ё маблағгузории талошҳои низомии Амрико тобеъ аст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/05/1066127079_480:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_d37d1d84609175fffaa6cf45e0142d1b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, usaid, тоҷикистон, осиёи марказӣ, фаъолият, сиёсат, коршинос, мендкович
видео, usaid, тоҷикистон, осиёи марказӣ, фаъолият, сиёсат, коршинос, мендкович
Коршинос гуфт, пулҳои USAID дар Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои чӣ масраф шуд?
Эксклюзив
Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалии USAID фаъолияти худро барои 90 рӯз мутаваққиф кардааст. Ин ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир хощад расонд
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ахиран талош кардааст, ки фаъолиятҳояшро афзоиш диҳад.
Чӣ гуна ИМА ба ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳо "кӯмак" кард, дар бораи биолабораторияҳо ва грантҳо барои "озодии баён" - хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо Никита Мендкович, раиси клуби таҳлилии АвруОсиё сӯҳбат кард.
"USAID беш аз 50 сол пеш дар Иёлоти Муттаҳида ҳамчун як василаи дахолат ба умури кишварҳои дигар таъсис ёфтааст. Ин як механизми маблағгузории созмонҳо, нашрияҳо ва расонаҳои мухталиф аст, ки метавонанд ба тасмимгириҳо таъсир расонанд. Дар ибтидо ин абзор дар мубориза бо Иттиҳоди Шӯравӣ истифода мешуд", - мегӯяд коршинос.
Ба ақидаи вай, мақсади имрӯзаи ташкилот пурзур намудани ҳукмронии мустамликавии Амрико дар кишварҳои ҷаҳони сеюм аст.
Мендкович хотиррасон кард, ки дар Осиёи Миёна солҳои охир қариб дар ҳамаи давлатҳои минтақа талоши табаддулоти давлатӣ роҳандозӣ карда шуд. Ҳамаиташкилкунандагон ва созмондиҳандагони онҳо ба грантҳои USAID рабт доранд.
Таҳлилгар бар ин назар аст, ки "ИМА ба Осиёи Марказӣ ниёз надорад. Ин ба манфиати онҳост, ки бесарусомониро дар минтақа роҳандозӣ кунанд, то барои Русия ва Чин, ду мухолифи аслии Амрико мушкилот эҷод кунад."
Ба ақидаи ӯ, амрикоиҳо ба барномаҳои рушд ба маънои аслии калима таваҷҷӯҳ надоранд. Хароҷоти онҳо дар минтақа ё ба ҳадафи маблағгузории баъзе қувваҳои сиёсии харобиовар, аз қабили расонаҳое, ки ба ҷанг мусоидат кардаанд, ё маблағгузории талошҳои низомии Амрико тобеъ аст.