https://sputnik.tj/20250205/tojikiston-ofathoi-tabii-favt-1066115659.html
Дар Тоҷикистон бар асари офатҳои табиӣ 17 нафар фавтид
Дар Тоҷикистон бар асари офатҳои табиӣ 17 нафар фавтид
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон қайд кард, ки офатҳои табиӣ сар зада дар кишвар ба манзилу соҳаҳои гуногун зарари калон расонидааст
2025-02-05T11:59+0500
2025-02-05T11:59+0500
2025-02-05T14:46+0500
дар тоҷикистон
оқибати офатҳои табиӣ
офати табиӣ
кушта
хисорот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/07/1065027247_0:234:672:612_1920x0_80_0_0_1fba31897967c61f01acc7a4823a2237.jpg
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Соли 2024 дар Тоҷикистон 639 офатҳои табиӣ рух дода, ки бар асари онҳо 17 нафар ҷони худро аз даст доданд.Дар ин бора раиси нави Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.Ба гуфтаи Раҳмоналӣ, дар танҳо 13 ҳодиса 17 нафар кушта шудааст.“Барои муқоиса, дар соли 2023 дар 12 ҳолати фавқулодда 51 нафар ба ҳалокат расидаанд”, - гуфт ӯ.Номбурда зикр кард, ки аз ҳолатҳои фавқулоддаи ба қайд гирифташуда танҳо 50 ҳолат ба маблағи 161 миллиону 50 ҳазору 100 сомонӣ хисорот ворид шудааст. Дар соли 2023 зарари расонидашуда 76 миллиону 770 ҳазору 210 сомониро ташкил дода буд.“Бар асари офатҳои табиӣ дар соли 2024 334 хона осеб дидааст: 102-тои онҳо пурра, 50-тои онҳо қисман ва 174-тои дигар андак осеб дидаанд. Ҳамчунин 1915 бинои ёрирасон, 12 муассисаи таълимӣ, 12 муассисаи маданию маишӣ ва 542 километр роҳи нақлиёт, аз ҷумла 58 километр шоҳроҳ осеб диданд”, - гуфт раҳбари нави КҲФ.Вай афзуд, ки офати табиӣ 80 пул, 139 километр хатти барқ, 154 километр каналҳои ирригатсионӣ ва 29,7 километр қалъаҳои соҳилиро вайрон кардааст.Ба соҳаи кишоварзӣ низ зарари калон раисдааст: 2729 гектар замини кишоварзон ва 1117 cap чорвои калон (191 cap ва 823 cap чорвои майда) талаф шуд. Ҳамчунин 26 ҳавзи моҳидорй низ зарар дидааст.Барои сохтмон ва таҷдиди манзилҳои харобшуда, масолеҳи сохтмонӣ, инчунин маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайриозуқа дар маҷмӯъ дар ҳаҷми 50 миллиону 570 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.
https://sputnik.tj/20241129/rasulzoda-khatlon-oilai-ofati-tabii-zarardida-kalidi-khona-taqdim-1065309826.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/07/1065027247_0:189:608:645_1920x0_80_0_0_fb0d595c88c540cc824a85656fcaf7fc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кҳф, зарар, кушта, манзил, офати табиӣ, манзил
тоҷикистон, кҳф, зарар, кушта, манзил, офати табиӣ, манзил
Дар Тоҷикистон бар асари офатҳои табиӣ 17 нафар фавтид
11:59 05.02.2025 (Навсозишуда: 14:46 05.02.2025) Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон қайд кард, ки офатҳои табиӣ сар зада дар кишвар ба манзилу соҳаҳои гуногун зарари калон расонидааст
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Соли 2024 дар Тоҷикистон 639 офатҳои табиӣ рух дода, ки бар асари онҳо 17 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Дар ин бора раиси нави Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи Раҳмоналӣ, дар танҳо 13 ҳодиса 17 нафар кушта шудааст.
“Барои муқоиса, дар соли 2023 дар 12 ҳолати фавқулодда 51 нафар ба ҳалокат расидаанд”, - гуфт ӯ.
Номбурда зикр кард, ки аз ҳолатҳои фавқулоддаи ба қайд гирифташуда танҳо 50 ҳолат ба маблағи 161 миллиону 50 ҳазору 100 сомонӣ хисорот ворид шудааст. Дар соли 2023 зарари расонидашуда 76 миллиону 770 ҳазору 210 сомониро ташкил дода буд.
“Бар асари офатҳои табиӣ дар соли 2024 334 хона осеб дидааст: 102-тои онҳо пурра, 50-тои онҳо қисман ва 174-тои дигар андак осеб дидаанд. Ҳамчунин 1915 бинои ёрирасон, 12 муассисаи таълимӣ, 12 муассисаи маданию маишӣ ва 542 километр роҳи нақлиёт, аз ҷумла 58 километр шоҳроҳ осеб диданд”, - гуфт раҳбари нави КҲФ.
Вай афзуд, ки офати табиӣ 80 пул, 139 километр хатти барқ, 154 километр каналҳои ирригатсионӣ ва 29,7 километр қалъаҳои соҳилиро вайрон кардааст.
Ба соҳаи кишоварзӣ низ зарари калон раисдааст: 2729 гектар замини кишоварзон ва 1117 cap чорвои калон (191 cap ва 823 cap чорвои майда) талаф шуд. Ҳамчунин 26 ҳавзи моҳидорй низ зарар дидааст.
Барои сохтмон ва таҷдиди манзилҳои харобшуда, масолеҳи сохтмонӣ, инчунин маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайриозуқа дар маҷмӯъ дар ҳаҷми 50 миллиону 570 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.