Расулзода дар Хатлон ба 36 оилаи аз офати табиӣ зарардида калиди хонаҳои нав тақдим кард

© Foto / khatlon-ruznoma.tj Вручение ключей пострадавшим от стихийного бедствия
Вручение ключей пострадавшим от стихийного бедствия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2024
Обуна шудан
Оилаҳое, ки аз офати табӣ рӯзи 25 майи соли равон дар деҳаи Сурхоби ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор зарар дида буданд, калиди хонаҳои нав гирифтанд
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба 36 оилае, ки аз офати табии бавуқуъомадаи рӯзи 25 майи соли 2024 дар деҳаи Сурхоби ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор зарар дида буданд, калиди хонаҳои нав тақдим намуданд.
Хонаҳои истиқоматӣ, роҳу пул ва дигар иншооти маишиву хизматрасонӣ, ки дар натиҷаи офати табиӣ қисми зиёди онҳо зарар дида буд, дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф ва барои сокинони деҳоти Хутани ноҳияи Фархор манзилҳои нави истиқоматӣ муддати 3 моҳ бунёд карда шуд.
Ҳар як хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоб дар масоҳати 110 метри мураббаъ сохта шуда, дорои 3 ҳуҷра, ошхона ва ҳаммом мебошад.
Дар деҳаи Сурхоб дар баробари бунёди манзилҳои истиқоматӣ ҳамзамон бунгоҳи саломатӣ, роҳ ва дигар иншооти соҳаи хизматрасонӣ сохта шуда, барои аҳолӣ тамоми шароит фароҳам оварда мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон бо оилаҳои аз офати табиӣ зарардида дар Ишкошим хонаҳои истиқоматӣ дод. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2024
Раҳмон бо оилаҳои аз офати табиӣ зарардида дар Ишкошим хонаҳои истиқоматӣ дод
Ёдовар мешавем. Ки тибқи иттилои КҲФ офатҳои табиӣ дар шаш моҳи аввали соли 2024 ба кишвар қариб 131 млн сомонӣ. ки муодили 12 млн доллар аст, зарар расондаанд.
Дар нимсолаи аввали соли равон дар кишвар 532 офати табиӣ рух додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 57 маврид бештар аст.
“Дар 12 офати табиӣ 15 кас ҷон додаанд. 9 нафар дар натиҷаи омадани сел, 4 кас дар натиҷаи раъду барқ ва 2 нафар дар вақти фаромадани ярч”, - иттилоъ додааст КҲФ.
Лентаи хабарҳо
0