https://sputnik.tj/20250205/sabti-korkhona-sanoati-oson-shud-1066119369.html
“Аз 3 то 10 рӯз”: гирифтани иҷозатнома барои корхонаҳои саноатӣ осон шуд
“Аз 3 то 10 рӯз”: гирифтани иҷозатнома барои корхонаҳои саноатӣ осон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати саноат ва технологияҳои нав аз афзойиши додани иҷозатномаҳо ба корхонаҳои саноатӣ дар як соли ахир хабар дод
2025-02-05T15:49+0500
2025-02-05T15:49+0500
2025-02-06T13:11+0500
дар тоҷикистон
саноат
коргоҳ
иҷозатнома
вазорати саноат ва технологияҳои нави тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/13/1065167893_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_5b2f195a58f960ffcd5de0b2f7039795.jpg
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Қисмати умдаи иҷозатномаҳо аз 3 то 10 рӯз дода шудаанд, ки дар гузашта собиқа надоштааст.Муҳаммадвалишоҳ Махшулов, масъули матбуотии вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли гузашта беш аз 90% - и корхонаҳое, ки ба ин ниҳод муроҷиат кардаанд, дар камтарин муҳлат иҷозатномаи фаъолиятро ба даст овардаанд.Тибқи иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, соли 2024 ин ниҳод ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ 980 адад иҷозатнома додааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 208 адад зиёд аст.Аз ин теъдод иҷозатнома 456 адад барои фурӯши чаканаи машрубот, 369 адад барои фурӯши чаканаи тамоку, 91 адад барои истифодабарии канданиҳои фоиданоки маъмул, 19 адад барои тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга, 30 адад барои истеҳсол ва фурӯши яхлухти машрубот ва маҳсулоти спиртдор, 15 адад барои истеҳсол, воридот ва фурӯши яклухти маҳсулоти тамоку дода шудааст.Тибқи талаботи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” аз 1 сентябри соли 2023 муҳлати амали иҷозатномаҳо ба ғайр аз фаъолияти истихроҷи канданиҳои фоиданок номаҳдуд мебошад.Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз январи соли 2021 бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳаҳои саноат, барои ҷорӣ намудани шаффофият дар раванди иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, додани иҷозатномаро тавассути Барномаи электронии www.ijozatnoma.tj ба роҳ монда буд. Дар Барномаи мазкур маълумотҳо оид ба соҳаи иҷозатнома ҷойгир карда шудааст, ки мақомотҳои давлатӣ метавонанд аз ин маълумотҳо истифода намоянд.Мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми иҷозатномадиҳанда муайян гардидааст.Қабули маблағҳо аз ҳисоби хизматрасониҳои пулакӣ барои баррасии ариза ва гирифтани иҷозатномаи соҳаҳои саноат дар филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк", қабули маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тариқи Барномаи электронии “Қабули пардохтҳо” ва "Амонат мобайл", амалӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20240910/tojikiston-az-rui-surati-rushdi-sanoat-dar-osiyoi-markazi-peshsaf-ast-1064267160.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/13/1065167893_93:0:1230:853_1920x0_80_0_0_9abc965b280b8c15c721682198c8a9b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, саноат, корхона, технология, иҷозатнома
тоҷикистон, саноат, корхона, технология, иҷозатнома
“Аз 3 то 10 рӯз”: гирифтани иҷозатнома барои корхонаҳои саноатӣ осон шуд
15:49 05.02.2025 (Навсозишуда: 13:11 06.02.2025) Вазорати саноат ва технологияҳои нав аз афзойиши додани иҷозатномаҳо ба корхонаҳои саноатӣ дар як соли ахир хабар дод
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Қисмати умдаи иҷозатномаҳо аз 3 то 10 рӯз дода шудаанд, ки дар гузашта собиқа надоштааст.
Муҳаммадвалишоҳ Махшулов, масъули матбуотии вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли гузашта беш аз 90% - и корхонаҳое, ки ба ин ниҳод муроҷиат кардаанд, дар камтарин муҳлат иҷозатномаи фаъолиятро ба даст овардаанд.
“Аз шумораи умумиии иҷозатномаҳои додашуда 883 адади он (90,1%) дар давоми 3 то 10 рӯз ба довталабон дастрас гардид, ки тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” баррасии ариза ба муҳлати 30 рӯз пешбинӣ гардидааст”, - гуфт Муҳаммадвалишоҳ Махшулов.
Тибқи иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, соли 2024 ин ниҳод ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ 980 адад иҷозатнома додааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 208 адад зиёд аст.
Аз ин теъдод иҷозатнома 456 адад барои фурӯши чаканаи машрубот, 369 адад барои фурӯши чаканаи тамоку, 91 адад барои истифодабарии канданиҳои фоиданоки маъмул, 19 адад барои тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга, 30 адад барои истеҳсол ва фурӯши яхлухти машрубот ва маҳсулоти спиртдор, 15 адад барои истеҳсол, воридот ва фурӯши яклухти маҳсулоти тамоку дода шудааст.
Тибқи талаботи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” аз 1 сентябри соли 2023 муҳлати амали иҷозатномаҳо ба ғайр аз фаъолияти истихроҷи канданиҳои фоиданок номаҳдуд мебошад.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз январи соли 2021 бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳаҳои саноат, барои ҷорӣ намудани шаффофият дар раванди иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, додани иҷозатномаро тавассути Барномаи электронии www.ijozatnoma.tj ба роҳ монда буд. Дар Барномаи мазкур маълумотҳо оид ба соҳаи иҷозатнома ҷойгир карда шудааст, ки мақомотҳои давлатӣ метавонанд аз ин маълумотҳо истифода намоянд.
Мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми иҷозатномадиҳанда муайян гардидааст.
Қабули маблағҳо аз ҳисоби хизматрасониҳои пулакӣ барои баррасии ариза ва гирифтани иҷозатномаи соҳаҳои саноат дар филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк", қабули маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тариқи Барномаи электронии “Қабули пардохтҳо” ва "Амонат мобайл", амалӣ мешавад.