https://sputnik.tj/20250205/nomhoi-milli-vazi-aqalliyatho-shahri-raisi-kumitai-zabon-1066112771.html
“Номҳои миллӣ”: вазъи ақаллиятҳои миллӣ чӣ гуна аст? – шаҳри раиси Кумитаи забон
“Номҳои миллӣ”: вазъи ақаллиятҳои миллӣ чӣ гуна аст? – шаҳри раиси Кумитаи забон
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон мавзуъи номҳои миллии ақаллиятҳои миллиро шарҳ дод
2025-02-05T09:36+0500
2025-02-05T09:36+0500
2025-02-05T09:36+0500
дар тоҷикистон
забон
кумитаи забон ва истилоҳот
номгузорӣ
миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102859/72/1028597203_0:294:3072:2022_1920x0_80_0_0_82cfaa77683229f10d30b1fd790479c4.jpg
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон намояндагони ҳудуди 80 қавму миллат зиндагӣ мекунанд, ки бузургтаринашон тоҷикон мебошанд.Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод қариб ба тамоми пешниҳодҳои муроҷеини ақаллиятҳои миллӣ дар бораи номгузории фарзандон посухи мусбат додааст.“Намояндагони дигар миллатҳо, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, дар интихоби номҳои худ озод ҳастанд ва фақат дар асноди расмӣ муваззаф мешаванд, ки номҳои миллии худро ба имлои забони тоҷикӣ мутобиқ кунанд”, - гуфт Сахидод Раҳматуллозода.Тибқи иттилои Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, соли 2024 911 нафар ба Комиссияи номгузории номҳои миллии Кумита дар масъалаи номгузории фарзандон муроҷиат кардаанд, ки ба 330 нафар посухи манфӣ дода шудааст.Раиси Кумитаи мазкур гуфт, номҳои пешниҳодшуда ба далели мутобиқат накардани номгузории фарзандон ба талаботи “Фаҳристи номҳои миллии тоҷикӣ”, меъёри суннатии номгузории миллии тоҷикӣ ва надоштани собиқаи таърихӣ дар номгузории миллии тоҷикӣ хулосаи рад дода шуд.“Масалан, бархе филмҳои мухталифро дар интернету телевизион мебинанду ҳавас мекунанд, ки номи қаҳрамони мусбати онҳоро ба фарзандонашон гузоранд, аммо ин номҳо ба меъёрҳои номгузории роиҷ дар кишвари мо мутобиқат намекунанд”, - гуфт Сахидод Раҳматуллозода.Вай афзуд, аз 991 муроҷиаткунанда 64 нафар намояндагони ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон буданд, ки ба ҳеҷ яке ҷавоби рад дода нашуд.“Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” фақат ба тоҷикон рабт дорад. Аз ин хотир, мо ба онҳо дар ҳолати зарурӣ тавсияву машвара медиҳем ва онҳо озод ҳастанд, ки номи дилхоҳи миллии худро гузоранд”, - гуфт раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон.Тоҷикистон як ҷумҳурии чандмиллиятӣ аст. Бино ба додаҳои расмиву ғайрирасмӣ, беш аз 80 миллият дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, аз ҷумла тоҷикҳо 84.3%, ӯзбекҳо 13.9%, қирғизҳо 0.8%, русҳо 0.5% ва ҳамчунон як фисадии кӯчакро дигар миллиятҳо ташкил медиҳанд.
https://sputnik.tj/20230801/fan-diqqat-zabon-tojik-elon-sabab-oqokhon-1058571471.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102859/72/1028597203_228:0:2959:2048_1920x0_80_0_0_5c034884b1999823cf74d7eabaeeaad0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ном, номҳои милӣ, ақалиятҳои миллӣ, кумитаи забон
тоҷикистон, ном, номҳои милӣ, ақалиятҳои миллӣ, кумитаи забон
“Номҳои миллӣ”: вазъи ақаллиятҳои миллӣ чӣ гуна аст? – шаҳри раиси Кумитаи забон
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон мавзуъи номҳои миллии ақаллиятҳои миллиро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон намояндагони ҳудуди 80 қавму миллат зиндагӣ мекунанд, ки бузургтаринашон тоҷикон мебошанд.
Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод қариб ба тамоми пешниҳодҳои муроҷеини ақаллиятҳои миллӣ дар бораи номгузории фарзандон посухи мусбат додааст.
“Намояндагони дигар миллатҳо, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, дар интихоби номҳои худ озод ҳастанд ва фақат дар асноди расмӣ муваззаф мешаванд, ки номҳои миллии худро ба имлои забони тоҷикӣ мутобиқ кунанд”, - гуфт Сахидод Раҳматуллозода.
Тибқи иттилои Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, соли 2024 911 нафар ба Комиссияи номгузории номҳои миллии Кумита дар масъалаи номгузории фарзандон муроҷиат кардаанд, ки ба 330 нафар посухи манфӣ дода шудааст.
Раиси Кумитаи мазкур гуфт, номҳои пешниҳодшуда ба далели мутобиқат накардани номгузории фарзандон ба талаботи “Фаҳристи номҳои миллии тоҷикӣ”, меъёри суннатии номгузории миллии тоҷикӣ ва надоштани собиқаи таърихӣ дар номгузории миллии тоҷикӣ хулосаи рад дода шуд.
“Масалан, бархе филмҳои мухталифро дар интернету телевизион мебинанду ҳавас мекунанд, ки номи қаҳрамони мусбати онҳоро ба фарзандонашон гузоранд, аммо ин номҳо ба меъёрҳои номгузории роиҷ дар кишвари мо мутобиқат намекунанд”, - гуфт Сахидод Раҳматуллозода.
Вай афзуд, аз 991 муроҷиаткунанда 64 нафар намояндагони ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон буданд, ки ба ҳеҷ яке ҷавоби рад дода нашуд.
“Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” фақат ба тоҷикон рабт дорад. Аз ин хотир, мо ба онҳо дар ҳолати зарурӣ тавсияву машвара медиҳем ва онҳо озод ҳастанд, ки номи дилхоҳи миллии худро гузоранд”, - гуфт раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон.
Тоҷикистон як ҷумҳурии чандмиллиятӣ аст. Бино ба додаҳои расмиву ғайрирасмӣ, беш аз 80 миллият дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, аз ҷумла тоҷикҳо 84.3%, ӯзбекҳо 13.9%, қирғизҳо 0.8%, русҳо 0.5% ва ҳамчунон як фисадии кӯчакро дигар миллиятҳо ташкил медиҳанд.