https://sputnik.tj/20230801/fan-diqqat-zabon-tojik-elon-sabab-oqokhon-1058571471.html
Ба дигар фанҳо диққат зиёд буду ба забони тоҷикӣ кам: эълони сабаби бастани литсейи Оқохон
Ба дигар фанҳо диққат зиёд буду ба забони тоҷикӣ кам: эълони сабаби бастани литсейи Оқохон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълон дошт, ки тасмим дар мавриди литсейи Оқохон дар Хоруғ бо дархости худи ҳукумати ВМКБ қабул шудааст
2023-08-01T15:10+0500
2023-08-01T15:10+0500
2023-08-01T15:10+0500
дар тоҷикистон
маориф
муассиса
оқохон
вазорати маорифу илми тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102734/46/1027344681_0:92:2731:1628_1920x0_80_0_0_63a129ffaab322d32ff35207f74adee5.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Сабаби давлатӣ кардани собиқ литсейи Оқохон дар Хоруғ якчанд омил, аз ҷумла таваҷҷуҳи кофӣ надодан ба омӯзиши забони тоҷикӣ мебошад, изҳор дошт муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Зиёдулло Абдулзода. Ӯ зимни нишасти матбуотӣ, гуфт, Тоҷикистон давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, ки волоияти қонун дар он асосист. Абдулзода илова намуд, ки дар ҳолати азнавбақайдгирӣ тавре худи ҳукумати ВМКБ пешниҳод кард, бо назардошти дастгирии иловагии базаи кадрии муассиса он фаъолияташро идома медиҳад. Ноиби вазир дар шарҳи сабабҳои давлатӣ кардани литсей гуфт, дар баъзе ҳолатҳо берун аз нақшаи таълимӣ фаъолият мекарданд. "Як омили муҳим, ки барои соҳибватан муқаддас аст, масалаи омӯзиши фанни забони давлатист. Ба омӯзиши дигар фанҳо бисё диққат дода, ҳатто гуфтан мумкин, ки дар бисёри ҳолатҳо хатмкунандагони ин муассисаи таълимӣ забони давлатиро намедонистанд", - гуфт ӯ. Вай таъкид намуд, ки стандарти давлатии таҳсилот ин соҳаро ба низом медарорад, аммо меъёрҳои он баъзан аз ҷониби омӯзгорони ин муассиса сарфи назар мешуданд. Ноиби вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъкид намуд, ки чораандешӣ шуда истодааст, ки муссисаи мазкур дар шакли нав беҳтар фаъолият кунад. Қаблан ҳукумати ВМКБ изҳор дошта буд, ки собиқ литсейи Оқохон дар оянда ҳамчун литсейи давлатӣ барои кӯдакони болаёқат фаъолият хоҳад кард.Ҳамзамон ду муассисаи томактабие, ки дар назди литсейи пештара фаъолият доштанд, низ дар асоси "Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ" таълиму тарбияро идома медиҳанд, таъкид кард манбаъ.
https://sputnik.tj/20230801/tojikiston-chand-muallim-khonanda-dorad-1058566529.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102734/46/1027344681_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_7a812120d66577ae774109abd55bf9ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, давлатӣ, литсей, бастан, маориф, илм
эълон, давлатӣ, литсей, бастан, маориф, илм
Ба дигар фанҳо диққат зиёд буду ба забони тоҷикӣ кам: эълони сабаби бастани литсейи Оқохон
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълон дошт, ки тасмим дар мавриди литсейи Оқохон дар Хоруғ бо дархости худи ҳукумати ВМКБ қабул шудааст
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Сабаби давлатӣ кардани собиқ литсейи Оқохон дар Хоруғ якчанд омил, аз ҷумла таваҷҷуҳи кофӣ надодан ба омӯзиши забони тоҷикӣ мебошад, изҳор дошт муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Зиёдулло Абдулзода.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ, гуфт, Тоҷикистон давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, ки волоияти қонун дар он асосист.
Абдулзода илова намуд, ки дар ҳолати азнавбақайдгирӣ тавре худи ҳукумати ВМКБ пешниҳод кард, бо назардошти дастгирии иловагии базаи кадрии муассиса он фаъолияташро идома медиҳад.
Ноиби вазир дар шарҳи сабабҳои давлатӣ кардани литсей гуфт, дар баъзе ҳолатҳо берун аз нақшаи таълимӣ фаъолият мекарданд.
"Як омили муҳим, ки барои соҳибватан муқаддас аст, масалаи омӯзиши фанни забони давлатист. Ба омӯзиши дигар фанҳо бисё диққат дода, ҳатто гуфтан мумкин, ки дар бисёри ҳолатҳо хатмкунандагони ин муассисаи таълимӣ забони давлатиро намедонистанд", - гуфт ӯ.
Вай таъкид намуд, ки стандарти давлатии таҳсилот ин соҳаро ба низом медарорад, аммо меъёрҳои он баъзан аз ҷониби омӯзгорони ин муассиса сарфи назар мешуданд.
Ноиби вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъкид намуд, ки чораандешӣ шуда истодааст, ки муссисаи мазкур дар шакли нав беҳтар фаъолият кунад.
Қаблан ҳукумати ВМКБ изҳор дошта буд, ки собиқ литсейи Оқохон дар оянда ҳамчун литсейи давлатӣ барои кӯдакони болаёқат фаъолият хоҳад кард.
Ҳамзамон ду муассисаи томактабие, ки дар назди литсейи пештара фаъолият доштанд, низ дар асоси "Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ" таълиму тарбияро идома медиҳанд, таъкид кард манбаъ.