https://sputnik.tj/20250205/bevijdonho-tamgha-molii-shirkathoro-duzdidand-1066121041.html
“Бевиҷдонҳо”: тамғаи молии кадом ширкатҳоро “дуздиданд”?
“Бевиҷдонҳо”: тамғаи молии кадом ширкатҳоро “дуздиданд”?
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон ширкатҳои ҷабрдида аз сӯи “тамғадузд” – ҳоро ном бурд
2025-02-05T16:59+0500
2025-02-05T16:59+0500
2025-02-05T18:54+0500
дар тоҷикистон
саноат
коргоҳ
бренд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102544/10/1025441056_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_7ad9dbeaa7eda900f4af08a7eca23576.jpg
ДУШАНБЕ, 5 феврал — Sputnik. Тоҷироне ошкор шудаанд, ки бо истифода аз номи брендҳои маъруф ё маҳсул тавлид ва ё аз хориҷ мол ворид кардаанд.Сафаралӣ Қурбонзода, муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар миёни арзу шикоятҳое, ки ба Хадамоти ворид шудаанд, ширкатҳои байнулмилалӣ низ ҳастанд.“Яке аз онҳо “Кока Кола” аст, ки соҳибкорони маҳаллӣ бо истифода аз тамғаи молии ин ширкат маҳсулот тайёр карда, вориди бозор кардаанд”, - гуфт Сафаралӣ Қурбонзода.Бино ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, дар умум 58 арзу шикоят ба ин ниҳод расидааст ва дар ҷумлаи ширкатҳое, ки тамғаи молиашон аз сӯи соҳиборони маҳаллӣ ҳангоми истеҳсолот ё воридот истифода шудааст ва ба ин ниҳод муроҷиат кардаанд, чанд ширкати русӣ низ ҳастанд, аз ҷумла як ширкати мобилӣ, ширкатҳои “Кукмара” ва “Шедрая хозяйка”– и шаҳри Қазон, “Комбинати равған” – и Екатеринбург (“Шедрое лето”), Ширкати ширинипазии “Коломенск”-и Коломна, вобаста ба истифодаи тамғаҳо ё нишонаҳои молии онҳо аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолкунанда ва ё воридкунандаи ҶТ муроҷиат карданд.Муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфт, Хадамот хадамот дар ҳамкорӣ бо вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ин арзу шикоятҳо расидагӣ карда, тибқи қонунгузорӣ тахаллуфкоронро ба ҷавобгарӣ мекашад.“Ба ҳар гуна рақобати бевиҷдонона бо роҳи инфиродкунонии истифодабарии моликияти зеҳнӣ дар бозорҳои ҳудуди Тоҷикистон бархӯрди қонунӣ сурат мегирад ва ихтилофкорон ҷазо мебинанд”, гуфт Сафаралӣ Қурбонзода.Тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон аз рӯи моддаҳои 377 – “Истифодаи ғайриқонунии номи фирмавӣ, ҳамчунин номи маҳалли истеҳсоли мол, тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонии ғайр нисбат ба мол ва хизматрасонии шабеҳ” аз як саду бист то дусад ва моддаи 545 – “Рақобати бевиҷдонона” аз се ҳазор то ҳашт ҳазор нишондиҳанда (як нишондиҳанда – 75 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад.
https://sputnik.tj/20250204/pastsifat-kuhnashuda-sugd-mavodi-ghizoi-muomilot-giriftand-1066106914.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102544/10/1025441056_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_8d7dfc210dfdaf023992f0e89b1c09b9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тамға, ширкатҳо, бренд, зиддиинҳоси
тоҷикистон, тамға, ширкатҳо, бренд, зиддиинҳоси
“Бевиҷдонҳо”: тамғаи молии кадом ширкатҳоро “дуздиданд”?
16:59 05.02.2025 (Навсозишуда: 18:54 05.02.2025) Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон ширкатҳои ҷабрдида аз сӯи “тамғадузд” – ҳоро ном бурд.
ДУШАНБЕ, 5 феврал — Sputnik. Тоҷироне ошкор шудаанд, ки бо истифода аз номи брендҳои маъруф ё маҳсул тавлид ва ё аз хориҷ мол ворид кардаанд.
Сафаралӣ Қурбонзода, муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар миёни арзу шикоятҳое, ки ба Хадамоти ворид шудаанд, ширкатҳои байнулмилалӣ низ ҳастанд.
“Яке аз онҳо “Кока Кола” аст, ки соҳибкорони маҳаллӣ бо истифода аз тамғаи молии ин ширкат маҳсулот тайёр карда, вориди бозор кардаанд”, - гуфт Сафаралӣ Қурбонзода.
Бино ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, дар умум 58 арзу шикоят ба ин ниҳод расидааст ва дар ҷумлаи ширкатҳое, ки тамғаи молиашон аз сӯи соҳиборони маҳаллӣ ҳангоми истеҳсолот ё воридот истифода шудааст ва ба ин ниҳод муроҷиат кардаанд, чанд ширкати русӣ низ ҳастанд, аз ҷумла як ширкати мобилӣ, ширкатҳои “Кукмара” ва “Шедрая хозяйка”– и шаҳри Қазон, “Комбинати равған” – и Екатеринбург (“Шедрое лето”), Ширкати ширинипазии “Коломенск”-и Коломна, вобаста ба истифодаи тамғаҳо ё нишонаҳои молии онҳо аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолкунанда ва ё воридкунандаи ҶТ муроҷиат карданд.
Муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфт, Хадамот хадамот дар ҳамкорӣ бо вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ин арзу шикоятҳо расидагӣ карда, тибқи қонунгузорӣ тахаллуфкоронро ба ҷавобгарӣ мекашад.
“Ба ҳар гуна рақобати бевиҷдонона бо роҳи инфиродкунонии истифодабарии моликияти зеҳнӣ дар бозорҳои ҳудуди Тоҷикистон бархӯрди қонунӣ сурат мегирад ва ихтилофкорон ҷазо мебинанд”, гуфт Сафаралӣ Қурбонзода.
Тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон аз рӯи моддаҳои 377 – “Истифодаи ғайриқонунии номи фирмавӣ, ҳамчунин номи маҳалли истеҳсоли мол, тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонии ғайр нисбат ба мол ва хизматрасонии шабеҳ” аз як саду бист то дусад ва моддаи 545 – “Рақобати бевиҷдонона” аз се ҳазор то ҳашт ҳазор нишондиҳанда (як нишондиҳанда – 75 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад.