https://sputnik.tj/20250204/lavrov-muhriddin-masalai-afghonistonro-barrasi-kardand-1066104527.html
Лавров ва Муҳриддин масъалаи Афғонистонро баррасӣ карданд
Лавров ва Муҳриддин масъалаи Афғонистонро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Вузарои хориҷаи Русия ва Тоҷикистон мавқеъҳои худро дар мавриди масоили муҳим аз ҷумла авзоъи Афғонистон ва атрофи он ҳамоҳанг карданд
2025-02-04T14:11+0500
2025-02-04T14:11+0500
2025-02-04T14:11+0500
дар тоҷикистон
русия
сироҷиддин муҳриддин
сергей лавров
сиёсат
афғонистон
вазири хориҷа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/0c/1062460370_0:0:3298:1856_1920x0_80_0_0_34dd2d978a41d7cde98cb9c3a489ffac.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд.Дар ин бора вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.Зимни суҳбат вазирони умури хориҷии ду кишвар масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд.“Вазирон масъалаҳои муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Русияро бо тамаркуз ба татбиқи мувофиқаҳои 24 декабри соли 2024 дар вилояти Ленинград дар сатҳи олӣ ҳосилшуда баррасӣ карданд”, - қайд кардааст манбаъ.ВУХ таъкид кардааст, ки таваҷҷуҳи махсус ба омода кардани чорабиниҳои дарпешистодаи ниҳодҳои ИДМ таҳти раёсати Тоҷикистон, ҳамкории ду кишвар дар ҳошияи СААД, инчунин масъалаҳои амнияти минтақавӣ зоҳир гардид.ВУХ-и Русия қайд кардааст, ки вазирон зимни суҳбат баъзе масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷонибдори иртиботи эътимодбахш ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳо оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ бо таваҷҷуҳи хоса ба авзоъ дар Афғонистон ва атрофи он шуданд.Соли ҷорӣ Тоҷикистон раёсати ИДМ-ро бар душ гирифт. Ҳамраисҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Русия ва Туркманистон хоҳанд буд.
https://sputnik.tj/20241225/putin-tojikistonro-shariki-boetimod-nomid-1065644906.html
русия
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/0c/1062460370_357:0:3088:2048_1920x0_80_0_0_2e40aac0e0bf78f377481a4ee75ae57e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, лавров, муҳриддин, суҳбати телефонӣ, сиёсат, афғонистон
тоҷикистон, русия, лавров, муҳриддин, суҳбати телефонӣ, сиёсат, афғонистон
Лавров ва Муҳриддин масъалаи Афғонистонро баррасӣ карданд
Вузарои хориҷаи Русия ва Тоҷикистон мавқеъҳои худро дар мавриди масоили муҳим аз ҷумла авзоъи Афғонистон ва атрофи он ҳамоҳанг карданд
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд.
Дар ин бора вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Зимни суҳбат вазирони умури хориҷии ду кишвар масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд.
“Вазирон масъалаҳои муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Русияро бо тамаркуз ба татбиқи мувофиқаҳои 24 декабри соли 2024 дар вилояти Ленинград дар сатҳи олӣ ҳосилшуда баррасӣ карданд”, - қайд кардааст манбаъ.
ВУХ таъкид кардааст, ки таваҷҷуҳи махсус ба омода кардани чорабиниҳои дарпешистодаи ниҳодҳои ИДМ таҳти раёсати Тоҷикистон, ҳамкории ду кишвар дар ҳошияи СААД, инчунин масъалаҳои амнияти минтақавӣ зоҳир гардид.
ВУХ-и Русия қайд кардааст, ки вазирон зимни суҳбат баъзе масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷонибдори иртиботи эътимодбахш ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳо оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ бо таваҷҷуҳи хоса ба авзоъ дар Афғонистон ва атрофи он шуданд.
Соли ҷорӣ Тоҷикистон раёсати ИДМ-ро бар душ гирифт. Ҳамраисҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Русия ва Туркманистон хоҳанд буд.