https://sputnik.tj/20250204/kumitai-memori-narkhi-miyonai-metri-murabba-dushanbe-1066100685.html
780 доллар: Кумитаи меъмори гуфт нархи миёнаи як метри мураббаъ дар Душанбе чанд аст
780 доллар: Кумитаи меъмори гуфт нархи миёнаи як метри мураббаъ дар Душанбе чанд аст
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои Кумитаи сохтмон ва меъмории кишвар дар Тоҷикистон нархи миёнаи як метри мураббаъ 705 доллар ва дар пойтахт кишвар 780 долларро ташкил медиҳад
2025-02-04T09:36+0500
2025-02-04T09:36+0500
2025-02-04T09:36+0500
дар тоҷикистон
сохтмон
кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷт
манзил
нарх
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/11/1032842406_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_a0d7e747e86dde7bce5fb0d160407883.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ зимни нишасти матбуотӣ аз афзоиши нархи хона дар Тоҷикистон, бахусус дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, хабар дод.Ба гуфтаи вай арзиши миёнаи як метри мураббаъ хона дар ҷумҳурӣ ба ҳолати моҳи декабри соли 2024 705 доллари амрикоӣ (тақрибан 7812 сомонӣ) - ро ташкил кардааст.Низом Мирзозода гуфт, ҳоло арзиши ҳар метри мураббаъ манзил дар пойтахт ба ҳисоби миёна 780 доллари Амрико (8470 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.Вай таъкид кард, ки нархи хона дар ҷумҳурӣ гарон шудааст ва ин аз харҷи ширкатҳои сохтмонӣ ва талаботи бозор вобаста аст.Ба гуфтаи Низом Мирзозода иншоотҳое, ки дар Тоҷикистон сохта мешаванд, бо назардошти шароити хуби зиндагӣ тарҳрезӣ шуда, пешкаши сокинон мешаванд. Имконияти харидории шаҳрвандон низ васеъ шудааст, аз ин рӯ соҳибкорон низ аз ин истифода бурда, баъзан нархҳоро ба таври худашон мегузоранд.Ёдовар мешавем, ки соле пеш раиси ин ниҳод гуфта буд, ки як метри мураббаъ хона дар шаҳри Душанбе қариб 7400 сомонӣ (673 доллар) аст.Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ гуфт, ки давоми соли гузашта дар кишвар 1 млн 739,6 метри мураббаъ хона ба истифода дода шудааст, ки ин бо нишондоди ҳамин давраи соли 2023 тақрибан баробар аст.
https://sputnik.tj/20230409/giriftan-mujavviz-sokhtmon-tojikiston-soda-1056334829.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/11/1032842406_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_27ffb7e3ebb62a2ea0a2b13bb81124d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кумитаи меъморӣ, сохтмон, нархи миёна, душанбе, пойтахт
тоҷикистон, кумитаи меъморӣ, сохтмон, нархи миёна, душанбе, пойтахт
780 доллар: Кумитаи меъмори гуфт нархи миёнаи як метри мураббаъ дар Душанбе чанд аст
Ба иттилои Кумитаи сохтмон ва меъмории кишвар дар Тоҷикистон нархи миёнаи як метри мураббаъ 705 доллар ва дар пойтахт кишвар 780 долларро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ зимни нишасти матбуотӣ аз афзоиши нархи хона дар Тоҷикистон, бахусус дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, хабар дод.
Ба гуфтаи вай арзиши миёнаи як метри мураббаъ хона дар ҷумҳурӣ ба ҳолати моҳи декабри соли 2024 705 доллари амрикоӣ (тақрибан 7812 сомонӣ) - ро ташкил кардааст.
Низом Мирзозода гуфт, ҳоло арзиши ҳар метри мураббаъ манзил дар пойтахт ба ҳисоби миёна 780 доллари Амрико (8470 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.
Вай таъкид кард, ки нархи хона дар ҷумҳурӣ гарон шудааст ва ин аз харҷи ширкатҳои сохтмонӣ ва талаботи бозор вобаста аст.
"Вобаста ба ҷойгиршавии ин ё он иншоот нархҳо тағйир меёбанд. Нарх дар минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фарқ мекунанд. Вобаста аз хараҷоте, ки соҳибкор мекунад. Имрӯз ба ҳисоби миёна 705 доллари Амрико дар сатҳи ҷумҳурӣ, 780 доллар дар Душанбе аст," – гуфт Низом Мирзозода.
Ба гуфтаи Низом Мирзозода иншоотҳое, ки дар Тоҷикистон сохта мешаванд, бо назардошти шароити хуби зиндагӣ тарҳрезӣ шуда, пешкаши сокинон мешаванд. Имконияти харидории шаҳрвандон низ васеъ шудааст, аз ин рӯ соҳибкорон низ аз ин истифода бурда, баъзан нархҳоро ба таври худашон мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки соле пеш раиси ин ниҳод гуфта буд, ки як метри мураббаъ хона дар шаҳри Душанбе қариб 7400 сомонӣ (673 доллар) аст.
Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ гуфт, ки давоми соли гузашта дар кишвар 1 млн 739,6 метри мураббаъ хона ба истифода дода шудааст, ки ин бо нишондоди ҳамин давраи соли 2023 тақрибан баробар аст.