Раҳимзода бо Колоколтсев ҳодисаи гаравгонгирӣ дар зиндони Суровикинро баррасӣ кард

© Sputnik / Амир ИсаевРамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана
Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2024
Обуна шудан
Тоҷикистон ва Русия вобаста ба ҳодисаи гаравгонгирӣ дар муассисаи ислоҳии шаҳри Суровикино тадбир меандешанд
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Бо дастуру супориши Президенти Тоҷикистон вобаста ба ҳодисаи гаравгонгирӣ дар муассисаи ислоҳии шаҳри Суровикини вилояти Волгогради Русия суҳбати телефонии Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар суҳбат ҷонибҳо бобати дар ҳамбастагӣ ва таъҷилан андешидани тадбирҳои зарурӣ барои муайян ва дастгир намудани дигар аъзои ташкилоти террористие, ки ин ҷиноятро содир намудаанд ва барои гузаронидани амалҳои муштараки фаврӣ-тафтишотӣ ба мувофиқа расиданд.
Қаблан Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия хабар дода буд, ки маҳбусон дар зиндони рақами 19-и вилояти Волгоград кормандони ин маҳбасро гаравгон гирифтанд.
Задержание террористов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2024
Тарҳи “Крокус” дар Ваҳдат, ё Душанбе бо терроризм чӣ гуна дасту панҷа нарм мекунад?
Ин ҳодиса дар ҷараёни ҷаласаи комиссияи интизомӣ рух додааст.
Баъдан снайперҳо маҳбусонеро, ки кормандони ин муассисаро гаравгон гирифта буданд, безарар гардонданд. Нафарони гаравгонгирифташуда озод карда шуданд.
Дар натиҷаи ин ҳодиса чандин кас кушта ва захмӣ шуданд. Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Лентаи хабарҳо
0