Роҳпаймоиҳои густарда бар зидди ихроҷи муҳоҷирон дар ИМА – видео

Обуна шудан
Ба иттилои расонаҳои амрикоӣ бузургтарин роҳпаймоиҳо дар Лос-Анҷелес баргузор шуд, ки дар он ҳазорҳо нафар иштирок намуданд
Ахиран дар як қатор шаҳрҳои Амрико эътирозҳо алайҳи ихроҷи оммавии муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Иёлоти Муттаҳида баргузор шуданд.
Бузургтарин роҳпаймоӣ дар Лос-Анҷелес баргузор шуд ва дар он ҳазорҳо нафарро иштирок намуданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии маҳаллии KTLA хабар додааст.
"Ҳазорҳо нафар эътирозгарон алайҳи сиёсати президент Трамп дар бораи ихроҷи муҳоҷирони ба таври оммави ба кӯчаву хиёбонҳои Лос-Анҷелес рехтанд. Ҳамчунин роҳпаймоиҳои хурдтар дар чанд шаҳри Калифорния низ баргузор шуд", - хабар медиҳад шабака.
Трамп ва "самти нав": Президенти нави ИМА ба Осиёи Марказӣ чӣ гуна таъсир мерасонад?
Гуфта мешавад, ки эътирозгарон аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки дар робита ба сиёсати нави муҳоҷирати ин кишвар метавонанд аз Амрико ихроҷ шаванд, пуштибонӣ кардаанд. Баъзе фаъолон парчамҳои Мексикаро баланд бардоштанд.
Ба гузориши Newsweek, тазоҳурот дар Арканзас, Миссурӣ ва Ҷорҷия низ баргузор шуда, эътирозҳои "шиддаттарин" дар Техас ва дигар шаҳрҳои Калифорния баргузор шуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 29 декабр Доналд Трамп ва президенти пешини ИМА Ҷо Байден аз марзи ҷанубии кишвар дидан карданд. Трамп Байденро дар мавҷи ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон айбдор кард ва раҳбари кунунии давлат раисҷумҳури собиқро ба ҳамкорӣ даъват кард.
Лентаи хабарҳо
0