https://sputnik.tj/20250203/mishustin-iiao-rushdi-iqtisodot-kori-zaruri-anjom-1066098257.html
Мишустин: Кишварҳои ИИАО барои рушди иқтисодиёти худ тамоми кори заруриро анҷом хоҳанд дод
Мишустин: Кишварҳои ИИАО барои рушди иқтисодиёти худ тамоми кори заруриро анҷом хоҳанд дод
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Русия ваъда дод, ки кишвараш ҳамроҳ бо дигар кишварҳои узви ИИАО барои рушди иқтисоди муштарак талош хоҳанд кард
2025-02-03T19:10+0500
2025-02-03T19:10+0500
2025-02-03T19:10+0500
русия
дар русия
ииао
авруосиё
рушд
иқтисод
михаил мишустин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/10/1065899965_355:126:3068:1652_1920x0_80_0_0_6c5fc0195e6e2d651d9a5c498b703a45.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Русия ва дигар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё барои рушди иқтисод ва беҳбуди сифати зиндагии мардуми худ ҳама корҳои заруриро анҷом хоҳанд дод, гуфт нахуствазири Русия Михаил Мишустин дар мулоқот бо муовинони нахуствазир зимни ҷамъбасти натиҷаҳои сафари кории худ ба Қазоқистон."Мо якҷо бо дигар аъзоёни Иттиҳод минбаъд низ барои рушди иқтисоди кишварҳоямон ва бешубҳа, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми худ тамоми кори заруриро анҷом хоҳем дод. Ҳамкасбони азиз, дар минтақаҳои худ назорат кунед, ки созишномаҳои дахлдор бо шарикон амалӣ карда шаванд”, гуфт Мишустин.Мишустин аз 29 то 31 январ дар Қазоқистон ҳузур дошт. Зимни мулоқотҳо бо президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва сарвазири ин икшвар Олжас Бектенов рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва робитаҳои сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.Сарвазири Русия ҳамчунин дар ҷаласаи пленарии форуми солонаи байналмилалии рақамии Digital Almaty ва дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё ширкат кард.Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои фаъолияти бозори умумӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои саноатиро баррасӣ намуда, инчунин ду лоиҳаро муайян карданд, ки дар доираи механизми нави субсидияҳо барои соҳибкорӣ аз се кишвар дастгирӣ хоҳанд ёфт - инҳо ширкатҳои Русия, Белоруссия ва Қазоқистон мебошанд.Илова бар ин, панҷ давлат кори муштаракро барои кушодани иқтидори нақлиётӣ ва логистикии иттиҳодия бо мақсади таъмини пайвастагии ҳудудӣ, инчунин ташкили системаи муттаҳидаи иттилоотӣ, ки барои мубодилаи электронии маълумот ва ҳуҷҷатҳо байни давлатҳо зарур аст, идома медиҳанд.
https://sputnik.tj/20250202/eron-omoda-kishvarho-iiao-dastrasi-khalij-fors-ummon-faroham-1066084281.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/10/1065899965_482:0:3068:1939_1920x0_80_0_0_125d8c210187fafc0e7bc116cfdf8386.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, талош, рушд, иқтисод, михаил мишустин, сарвазир, русия
ииао, авруосиё, талош, рушд, иқтисод, михаил мишустин, сарвазир, русия
Мишустин: Кишварҳои ИИАО барои рушди иқтисодиёти худ тамоми кори заруриро анҷом хоҳанд дод
Сарвазири Русия ваъда дод, ки кишвараш ҳамроҳ бо дигар кишварҳои узви ИИАО барои рушди иқтисоди муштарак талош хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Русия ва дигар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё барои рушди иқтисод ва беҳбуди сифати зиндагии мардуми худ ҳама корҳои заруриро анҷом хоҳанд дод, гуфт нахуствазири Русия Михаил Мишустин дар мулоқот бо муовинони нахуствазир зимни ҷамъбасти натиҷаҳои сафари кории худ ба Қазоқистон.
"Мо якҷо бо дигар аъзоёни Иттиҳод минбаъд низ барои рушди иқтисоди кишварҳоямон ва бешубҳа, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми худ тамоми кори заруриро анҷом хоҳем дод. Ҳамкасбони азиз, дар минтақаҳои худ назорат кунед, ки созишномаҳои дахлдор бо шарикон амалӣ карда шаванд”, гуфт Мишустин.
Мишустин аз 29 то 31 январ дар Қазоқистон ҳузур дошт. Зимни мулоқотҳо бо президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва сарвазири ин икшвар Олжас Бектенов рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва робитаҳои сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.
Сарвазири Русия ҳамчунин дар ҷаласаи пленарии форуми солонаи байналмилалии рақамии Digital Almaty ва дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё ширкат кард.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои фаъолияти бозори умумӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои саноатиро баррасӣ намуда, инчунин ду лоиҳаро муайян карданд, ки дар доираи механизми нави субсидияҳо барои соҳибкорӣ аз се кишвар дастгирӣ хоҳанд ёфт - инҳо ширкатҳои Русия, Белоруссия ва Қазоқистон мебошанд.
Илова бар ин, панҷ давлат кори муштаракро барои кушодани иқтидори нақлиётӣ ва логистикии иттиҳодия бо мақсади таъмини пайвастагии ҳудудӣ, инчунин ташкили системаи муттаҳидаи иттилоотӣ, ки барои мубодилаи электронии маълумот ва ҳуҷҷатҳо байни давлатҳо зарур аст, идома медиҳанд.