https://sputnik.tj/20250202/eron-omoda-kishvarho-iiao-dastrasi-khalij-fors-ummon-faroham-1066084281.html
Эрон гуфт, омода аст ба кишварҳои ИИАО дастрасӣ ба халиҷи Форс ва Уммонро фароҳам кунад
Эрон гуфт, омода аст ба кишварҳои ИИАО дастрасӣ ба халиҷи Форс ва Уммонро фароҳам кунад
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи интизориҳои ҷониби Теҳрон роҳёбии кишварҳои ИИАО ба бандарҳои Ҷумҳурии Исломӣ гардиши тиҷоратро дар дохилу хориҷи созмон густариш медиҳад
2025-02-02T17:24+0500
2025-02-02T17:24+0500
2025-02-02T17:24+0500
ииао
эрон
иқтисод
халиҷи форс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/13/1065175471_0:61:1401:849_1920x0_80_0_0_8e72bfde3af87d0a9cca0ac94fc00772.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Эрон омода аст, ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё тавассути бандарҳои ҷанубии худ ба халиҷи Форс ва Уммон дастрасӣ диҳад, то тиҷорат дар дохили иттиҳодияро густариш диҳад. Дар ин бора муовини аввали президенти Ҷумҳурии Исломӣ Муҳаммадризо Ориф дар нишасти Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё изҳор дошт. Қаблан Сайидмуҳаммад Аттобак, вазири саноат, маъдан ва савдои Эрон низ гуфта буд, ки Теҳрон омода аст, ба бандари Чобаҳор барои ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дастрасӣ диҳад. Тавре вазир қайд кард, ҷойгиршавии ҷуғрофии Эрон барои ташкили транзити бор ба Аврупо мусоидат мекунад. Аз он долонҳои гуногуни нақлиётӣ гузашта, баҳри Сиёҳро бо баҳри Каспий ва уқёнуси Ҳинд мепайвандад. Ба гуфтаи ӯ, дастрасӣ ба бандари Чобаҳори Эрон дар уқёнуси Ҳинд яке аз самтҳои ҳамкорӣ бо ИИАО аст. "Дастрасӣ ба Арманистон дода шудааст. Гузашта аз ин, инфрасохтор дар бандар барои ҳузури ҳама кишварҳои ИИАО омода аст", - қайд кард Аттобак.Дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё рӯзи 18 январ хабар дод, ки ИИАО ва ҳамаи кишварҳои ин иттиҳод расмиёти зарурӣ барои эътибор пайдо кардани созишномаи тиҷорати озод бо Эронро анҷом додаанд ва ҳоло интизор меравад, ки Теҳрон тамоми равандҳоро анҷом диҳад. ИИА як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодӣ аст, ки Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистонро дар бар мегирад. Дар нишасти Алмаато низ нозирони иттиҳодия – Эрон, Куба ва Узбакистон ва меҳмонони даъватшуда – Озарбойҷон ва Тоҷикистон ширкат доштанд.
https://sputnik.tj/20250201/hajm-muomilot-mol-kishvarho-iiao-100-mlrd-tashkil-medihad-1066080286.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/13/1065175471_94:0:1306:909_1920x0_80_0_0_0d995e22130d8493616fc6170740efc4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон роҳёбӣ кишварҳо ииао халиҷ форс уммон дастарсӣ
эрон роҳёбӣ кишварҳо ииао халиҷ форс уммон дастарсӣ
Эрон гуфт, омода аст ба кишварҳои ИИАО дастрасӣ ба халиҷи Форс ва Уммонро фароҳам кунад
Тибқи интизориҳои ҷониби Теҳрон роҳёбии кишварҳои ИИАО ба бандарҳои Ҷумҳурии Исломӣ гардиши тиҷоратро дар дохилу хориҷи созмон густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Эрон омода аст, ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё тавассути бандарҳои ҷанубии худ ба халиҷи Форс ва Уммон дастрасӣ диҳад, то тиҷорат дар дохили иттиҳодияро густариш диҳад.
Дар ин бора муовини аввали президенти Ҷумҳурии Исломӣ Муҳаммадризо Ориф дар нишасти Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё изҳор дошт.
"Барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар чаҳорчӯби минтақаи тиҷорати озод, Эрон ба ҷуз аз эҷоди долони Эрон-ИИАО ва фароҳам овардани имтиёзҳои зарурӣ барои тиҷорати пайваста миёни шаш кишвари минтақаи Авруосиё омода аст, иқтидори бандарҳои ҷанубиро дар халиҷи Форс ва Уммон ба манзури фароҳам овардани дастрасӣ ба кишварҳои дур аз баҳри иттиҳод ба бозорҳои ҷаҳонӣ густариш диҳад”, - афзудааст вай.
Қаблан Сайидмуҳаммад Аттобак, вазири саноат, маъдан ва савдои Эрон низ гуфта буд, ки Теҳрон омода аст, ба бандари Чобаҳор барои ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дастрасӣ диҳад.
Тавре вазир қайд кард, ҷойгиршавии ҷуғрофии Эрон барои ташкили транзити бор ба Аврупо мусоидат мекунад. Аз он долонҳои гуногуни нақлиётӣ гузашта, баҳри Сиёҳро бо баҳри Каспий ва уқёнуси Ҳинд мепайвандад.
Ба гуфтаи ӯ, дастрасӣ ба бандари Чобаҳори Эрон дар уқёнуси Ҳинд яке аз самтҳои ҳамкорӣ бо ИИАО аст.
"Дастрасӣ ба Арманистон дода шудааст. Гузашта аз ин, инфрасохтор дар бандар барои ҳузури ҳама кишварҳои ИИАО омода аст", - қайд кард Аттобак.
Дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё рӯзи 18 январ хабар дод, ки ИИАО ва ҳамаи кишварҳои ин иттиҳод расмиёти зарурӣ барои эътибор пайдо кардани созишномаи тиҷорати озод бо Эронро анҷом додаанд ва ҳоло интизор меравад, ки Теҳрон тамоми равандҳоро анҷом диҳад.
ИИА як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодӣ аст, ки Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистонро дар бар мегирад.
Дар нишасти Алмаато низ нозирони иттиҳодия – Эрон, Куба ва Узбакистон ва меҳмонони даъватшуда – Озарбойҷон ва Тоҷикистон ширкат доштанд.