https://sputnik.tj/20250202/muhojiron-rusiya-talim-farzandon-ehtimol-mujozot-kunand-1066081447.html
Муҳоҷиронро дар Русия барои надонистани забони русии фарзандонашон муҷозот мекунанд
Муҳоҷиронро дар Русия барои надонистани забони русии фарзандонашон муҷозот мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар лоиҳаи қонуни нав ҷавобгарии маъмурӣ барои волидоне пешбинӣ шудааст, ки фарзандонашон аз имтиҳони забони русӣ нагузаштаанд ва аз омӯзиши иловагӣ... 02.02.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-02-02T11:42+0500
2025-02-02T11:42+0500
2025-02-02T11:42+0500
русия
муҳоҷират
забони русӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1b/1065283335_0:279:3143:2047_1920x0_80_0_0_157fc8f32395200efdc00663385f790c.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Вазорати маорифи Русия лоиҳаи нави қонун дар бораи донистани забони русӣ аз ҷониби фарзандони муҳоҷиронро омода кардааст. Дар он пешниҳод шудааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ, ки фарзандонашон имтиҳони забони русиро нагузаштаанд ва ба таҳсилоти иловагӣ шурӯъ накардаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шаванд. Тавре ки аз хабар бармеояд, агар дар давоми як моҳ кӯдак аз рӯи барномаҳои иловагии забони русӣ таълим нагирифта бошад, пас мақомоти васоят ва парасторӣ, "бо гузаронидани муоинаи шароити манзилию маишии хориҷиен, мақомоти ҳудудии Вазорати умури дохилии Русия ва комиссияи корҳои ноболиғонро барои ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани волидон барои иҷро накардани уҳдадориҳо" огоҳ мекунанд. Пас аз он ки кӯдак омӯзиши иловагӣ мегирад, ба ӯ имконият дода мешавад, ки аз санҷиши забони русӣ гузарад.Маълумот дар бораи онҳое, ки аз имтиҳони дахлдор нагузаштаанд, ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Русия фиристода мешавад, гуфта мешавад дар лоиҳа.Ёдовар мешавем, ки қаблан Думаи давлатии Русия қонунеро тасвиб кард, ки қабули фарзандони муҳоҷиронеро, ки забони русиро намедонанд, ба муассисаҳои таълимӣ манъ мекунад.Ҳоло барои дохил шудан хонандагон бояд ба таври ройгон имтиҳони забони русӣ супоранд.Илова бар ин, Федератсияи Русия мехоҳад марказҳои омӯзиши забони русиро барои фарзандони муҳоҷирон таъсис диҳад. Ин марказҳо эҳтимол пас аз 2-3 сол пайдо шаванд, гуфта буд вазири маорифи Русия Сергей Кравтсов.
https://sputnik.tj/20250113/akademiya-tahsilot-rusiya-sanjish-kudakon-muhojir-sifat-talim-beh-1065838683.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1b/1065283335_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_5e1c45ec8aa7478ad09f64444d8fad8d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, забони русӣ
русия, муҳоҷират, забони русӣ
Муҳоҷиронро дар Русия барои надонистани забони русии фарзандонашон муҷозот мекунанд
Дар лоиҳаи қонуни нав ҷавобгарии маъмурӣ барои волидоне пешбинӣ шудааст, ки фарзандонашон аз имтиҳони забони русӣ нагузаштаанд ва аз омӯзиши иловагӣ намегузаранд
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Вазорати маорифи Русия лоиҳаи нави қонун дар бораи донистани забони русӣ аз ҷониби фарзандони муҳоҷиронро омода кардааст.
Дар он пешниҳод шудааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ, ки фарзандонашон имтиҳони забони русиро нагузаштаанд ва ба таҳсилоти иловагӣ шурӯъ накардаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шаванд.
"Ба шаҳрванди хориҷӣ, ки аз имтиҳон нагузаштааст, тавсия дода мешавад, ки дар давоми 3 рӯзи корӣ аз ҳисоби маблағи волидон дар муддати на камтар аз 3 моҳ барномаҳои иловагии рушди умумиро аз забони русӣ омӯзад", - омадааст дар лоиҳаи фармон.
Тавре ки аз хабар бармеояд, агар дар давоми як моҳ кӯдак аз рӯи барномаҳои иловагии забони русӣ таълим нагирифта бошад, пас мақомоти васоят ва парасторӣ, "бо гузаронидани муоинаи шароити манзилию маишии хориҷиен, мақомоти ҳудудии Вазорати умури дохилии Русия ва комиссияи корҳои ноболиғонро барои ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани волидон барои иҷро накардани уҳдадориҳо" огоҳ мекунанд.
Пас аз он ки кӯдак омӯзиши иловагӣ мегирад, ба ӯ имконият дода мешавад, ки аз санҷиши забони русӣ гузарад.
Маълумот дар бораи онҳое, ки аз имтиҳони дахлдор нагузаштаанд, ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Русия фиристода мешавад, гуфта мешавад дар лоиҳа.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Думаи давлатии Русия қонунеро тасвиб кард, ки қабули фарзандони муҳоҷиронеро, ки забони русиро намедонанд, ба муассисаҳои таълимӣ манъ мекунад.
Ҳоло барои дохил шудан хонандагон бояд ба таври ройгон имтиҳони забони русӣ супоранд.
Илова бар ин, Федератсияи Русия мехоҳад марказҳои омӯзиши забони русиро барои фарзандони муҳоҷирон таъсис диҳад. Ин марказҳо эҳтимол пас аз 2-3 сол пайдо шаванд, гуфта буд вазири маорифи Русия Сергей Кравтсов.