Академияи таҳсилоти Русия: санҷишҳо байни кӯдакони муҳоҷир сифати таълимро беҳтар мекунад

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкОбучение детей мигрантов в Москве
Обучение детей мигрантов в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2025
Обуна шудан
Муҳим он аст, ки ҳам кӯдакон ва ҳам омӯзгорон дар мактаб ҳамдигарро фаҳманд, ин ба раванди таълим барои ҷонибҳо муҳим аст, гуфт президенти Академияи маорифи Русия
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Қонуни тозатаъсис дар бораи имтиҳони дониши кӯдакони муҳоҷир барои беҳбуди фаъолияти тамоми системаи маориф мусоидат мекунад.
Чунин мешуморад Олга Василева, президенти Академияи маорифи Русия, собиқ вазири маорифи Федератсияи Русия.
"Дуруст аст, ки оилаҳои муҳоҷир акнун ба масъалаи омӯзиши забони русӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир хоҳанд кард, ки ин ба беҳтар шудани сифати тамоми системаи маориф мусоидат мекунад ва ба омӯзгорони мо кумак мекунад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Василева, фарзандони муҳоҷирон ва кӯдакони рус бояд якҷоя таҳсил кунанд.
Аз ин рӯ, муҳим аст, ки ҳам кӯдакон якдигарро фаҳманд ва ҳам омӯзгорон кӯдаконро фаҳманд, гуфт ӯ дар мусоҳиба бо ТАСС дар шарҳи қонуни имтиҳони кӯдакони муҳоҷир барои донистани забони русӣ пеш аз қабул ба мактабҳои русӣ.
Ёдовар мешавем, ки ин қонунро раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар охири соли 2024 имзо карда буд.
Обучение мигрантов русскому языку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2024
Санҷишҳои забони русӣ барои қабули кӯдакони муҳоҷир ба мактабҳо ройгон хоҳанд буд
Тибқи ин қонун, фарогирии кӯдакони муҳоҷир ба барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии умумӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ танҳо дар сурати бомуваффақият супурдани имтиҳони дониши забони русӣ имконпазир аст.
Санҷишҳо дар муассисаи таълимии давлатӣ ё шаҳрӣ ройгон гузаронида мешаванд. Барои ба мактаб дохил шудан, кӯдакон бояд дониши кофии забони русиро дошта бошанд, ки барои аз худ кардани барномаҳои таълимӣ заруранд.
Лентаи хабарҳо
0