Як созиши Русияву Белорус ба тоҷикистониён сабукӣ овард

© Sputnik / Виктор Толочко / Гузариш ба медиабонкДорожный указатель на трассе М1 (Минск – Москва) на белорусско-российской границе
Дорожный указатель на трассе М1 (Минск – Москва) на белорусско-российской границе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2025
Обуна шудан
Шаҳрвандони Тоҷикистон имкон пайдо карданд, ки сарҳади байни Русия ва Беларусро бо нақлиёти автомобилӣ ё роҳи оҳан гузаранд
ДУШАНБЕ, 1 фев– Sputnik. Созишномае, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, сарҳади байни Русия ва Беларусро бо нақлиёти автомобилӣ ё роҳи оҳан убур кунанд ахиран эътибори расмӣ пайдо кард, иттилоъ додааст вазоратинақлиёти кишвар.
Ба иттилои манбаъ, ин Созишнома, ки байни Ҳукумати Русия ва Беларус , ҳанӯз 19 июни соли 2020 ба имзо расида буд, ахиран эътибор пайдо кардааст.
Бар асоси изҳороти расмии вазоратхои корҳои хориҷии Русия ва Беларус, Созишномаи мазкур тартиби гузаштан аз сарҳади муштараки Русия ва Беларусро, ки каблан танҳо барои шахрвандоии ин ду кишвар боз буд, барои шахрвандони кишвархои хориҷӣ низ танзим мекунад.
Тибқи Созишнома, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки иҷозати истиқомати муваққатӣ, иҷозатномаи истиқомат ё ҳуҷҷати иштирок дар чорабинии байналмилалии як кишвар ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият доранд, ҳуқуқ доранд дар давоми мӯҳлати амали ҳуҷҷатҳои зикршуда бидуни раводид ба қаламрави кишвари дигар ворид ва аз он хориҷ шаванд, дар он қаламрав будубош ва ё тариқи он транзит кунанд.
Воридшавӣ ба қаламрави Русия ва Беларус ҳам тавассути гузаргоҳҳои байналмилалӣ дар сарҳади давлатӣ ва ҳам бевосита тавассути роҳи оҳан ва ҳавоӣ, инчунин ба воситаи роҳҳои автомобилӣ имконпазир шудааст.
Министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2025
Вазир: таҳримҳои Амрико алайҳи Русия ба бозори нафти Тоҷикистон таъсир намегузоранд
Айни замон, Созишнома шаш адад чунин қитъаҳоро пешбинӣ кардааст: Юховичи – Долостси (Опочка – Новополотск), Езерише – Невел (Киев – Санкт-Петербург), Лиозно – Кругловка (Витебск – Смоленск), Редки – Красная Горка (Минск – Москва), Звенчатка – Дубовичка (Бобруйск – Москва), Селище – Новозибков (Гомель – Брянск).
Қайд карда шудааст, ки убури қитъаи хушкӣ дар сарҳади Русия ва Беларус бо роҳҳои дигар иҷозат дода намешавад ва ҳамчун вайрон кардани сарҳади давлатӣ арзёбӣ карда мешавад.
Вазорати нақлиёт қайд кардааст, ки ҳамин тариқ, бо эътибор пайдо кардани Созишнома шаҳрвандони Тоҷикистон имконият пайдо карданд, ки сарҳади байни Русия Беларусро бо нақлиёти автомобилӣ ё роҳи оҳан убур кунанд (аз соли 2020 маҳдудиятҳо ҷорӣ шуда буданд, ба асоси онҳо шаҳрвандони кишварҳои сеюм ва шахсони бешаҳрвандӣ метавонистанд аз қаламрави Русия ба Беларус ва баъакс танҳо тавассути нақлиёти ҳавоӣ сафар кунанд).
Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон пайдо карданд, тавассути қаламрави Беларус ба минтақаҳои ғарбӣ ва шимолу ғарбии Русия тавассути нақлиети автомобилӣ ва роҳи оҳан сафар кунанд.
Лентаи хабарҳо
0