https://sputnik.tj/20250201/rahmon-tojikistoniyon-jashn-sada-tabrik-kard-1066077775.html
Раҳмон тоҷикистониёнро бо ҷашни Сада табрик кард
Раҳмон тоҷикистониёнро бо ҷашни Сада табрик кард
Sputnik Тоҷикистон
Сада яке аз урфу одатҳои бостонии аҷдодони мост, ки аз замонҳои қадим ба мо мерос монда, бо дигар ҷашнҳои миллӣ робитаи ногусастанӣ дорад, таъкид дошт... 01.02.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-02-01T14:53+0500
2025-02-01T14:53+0500
2025-02-01T14:53+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
ҷашни сада
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/12/1065564941_0:65:1896:1132_1920x0_80_0_0_3ca385cb0f4f07e57489f60bed5cb818.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо ҷашни Сада табрик гуфт. Дар ин бора дафтари матбуоти раҳбари Тоҷикистон хабар додааст. Роҳбари давлат қайд намуд, ки ҷашни Сада аз айёми бостон то ба имрӯз ҳамроҳ бо як силсила расму ойинҳо, одобу суннат ва бовару эътиқодҳо омада расидааст."Моҳият ва асли онҳоро пирӯзии шодию сурур бар ғаму андӯҳ, гармо бар сармо, равшанӣ бар зулмот ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, гулхани фурӯзони оташ рамзи асосии ин ҷашн мебошад", - зикр намуд Эмомалӣ Раҳмон.Ӯ гуфт, ки ҷашни Сада аз омадани баҳор, омода шудани замин барои кишту кор, огоҳӣ аз анҷоми фасли сармо ва аз наздик омадани Наврӯз – соли нави аҷдодӣ башорат медиҳад.Дар идома президент аз вазъи зудтағйриёбандаи ҷаҳони имрӯза гуфт, зикр намуд, ки бинобар торафт боло рафтани нархи маводи ғизоӣ, гармшавии иқлим, обшавии пиряхҳо камобиву хушксолӣ, кишоварзони мамлакатро зарур аст, ки махсусан ба масъалаи парваришу захираи тухмиҳои беҳтарин ва ниҳолҳои серҳосил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.Ба таъкиди президент барои таъмини амнияти озуқавории кишвар бояд ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода карда.
https://sputnik.tj/20250131/tajlili-idi-sada-viloyati-sugd-video-1066073450.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/12/1065564941_0:0:1663:1247_1920x0_80_0_0_395cc5b50cb4f2b8f613865711416825.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, ҷашни сада, фарҳанг
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, ҷашни сада, фарҳанг
Раҳмон тоҷикистониёнро бо ҷашни Сада табрик кард
Сада яке аз урфу одатҳои бостонии аҷдодони мост, ки аз замонҳои қадим ба мо мерос монда, бо дигар ҷашнҳои миллӣ робитаи ногусастанӣ дорад, таъкид дошт президент
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо ҷашни Сада табрик гуфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раҳбари Тоҷикистон хабар додааст.
"Бо нияти ободиву пешрафти рӯзафзуни Тоҷикистони маҳбубамон мардуми шарифи кишвар, бахусус, кишоварзони мамлакатро ба ифтихори ҷашни Сада самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар тандурустӣ, бахту саодат ва иқболи нек орзу менамоям", - омадааст дар паёми шодбошии президент.
Роҳбари давлат қайд намуд, ки ҷашни Сада аз айёми бостон то ба имрӯз ҳамроҳ бо як силсила расму ойинҳо, одобу суннат ва бовару эътиқодҳо омада расидааст.
"Моҳият ва асли онҳоро пирӯзии шодию сурур бар ғаму андӯҳ, гармо бар сармо, равшанӣ бар зулмот ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, гулхани фурӯзони оташ рамзи асосии ин ҷашн мебошад", - зикр намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ гуфт, ки ҷашни Сада аз омадани баҳор, омода шудани замин барои кишту кор, огоҳӣ аз анҷоми фасли сармо ва аз наздик омадани Наврӯз – соли нави аҷдодӣ башорат медиҳад.
Дар идома президент аз вазъи зудтағйриёбандаи ҷаҳони имрӯза гуфт, зикр намуд, ки бинобар торафт боло рафтани нархи маводи ғизоӣ, гармшавии иқлим, обшавии пиряхҳо камобиву хушксолӣ, кишоварзони мамлакатро зарур аст, ки махсусан ба масъалаи парваришу захираи тухмиҳои беҳтарин ва ниҳолҳои серҳосил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Ба таъкиди президент барои таъмини амнияти озуқавории кишвар бояд ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода карда.