https://sputnik.tj/20250131/tajlili-idi-sada-viloyati-sugd-video-1066073450.html
Баҳор наздик меояд: дар Суғд ҷашни суннатии Сада таҷлил мешавад -видео
Баҳор наздик меояд: дар Суғд ҷашни суннатии Сада таҷлил мешавад -видео
Sputnik Тоҷикистон
30 январи соли 2025 дар майдони назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Иди Сада чорабинӣ баргузор гардид
2025-01-31T18:32+0500
2025-01-31T18:32+0500
2025-02-01T15:52+0500
видео
хуҷанд
суғд
ҷашни сада
таҷлили сада
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/1f/1066073117_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_01943b076a5e4cc881e15202606f671d.jpg
Дар чорабинии идона аз ҷониби шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту идораҳо хаймаҳо ороста шуда, ҷашни аҷдодӣ бо риоияи анъанаву суннатҳои қадима таҷлил карда шуд.Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба идгоҳ ташриф овард.Ҷашни фархундаи Сада 6-уми декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.Зимни сханрониаш раиси вилоят таъкид кард, ҷашни Сада дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Тиргон аз даврони қадим яке аз ҷашнҳои бошукуҳу шаҳомати мардумони ориёитабор ба шумор меравад.Ифтитоҳи пажуҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ дар Душанбе“Мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд. Ҷашни мазкур ҳамасола рӯзи 10-уми баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардад, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мебошад”, - гуфт ӯ.Дар идгоҳ, аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои вилоят хаймаҳо ва растаҳои маҳсулоти кишоварзиву ҳунармандӣ, ба намоиш гузошта, дар ярмаркаҳо ҳунармандону кандакорон, оҳангарон ва сӯзанидӯзону тарроҳон ва деҳқонони заркори вилоят дастранҷи меҳнати худро пешкаши меҳмонон гардониданд.Дар ин рӯз ҳамзамон ярмарка-фурӯши ниҳол, дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ, кӯчату тухмии гулу зироат ва дигар маҳсулот баргузор гардид.Раҳмон тоҷикистониёнро бо Иди Меҳргон табрик кардҶашни Сада иди кишоварзон буда, мужда аз омодагиҳо ба киштукори баҳориро медиҳад. Аз ин лиҳоз дар ин рӯз кишоварзони вилоят ҳосили ҷамовардаи худро аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, ва дигар анвои кишоварзиро ба намоиш гузошта, тухмиҳои хушсифати пахта, гандум ва ғайраро пешкаши сокинон намуданд.
хуҷанд
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/1f/1066073117_315:0:1755:1080_1920x0_80_0_0_3ae650d4255be5993af8962753a7336a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сада. хуҷанд, суғд, таҷлил, видео
тоҷикистон, сада. хуҷанд, суғд, таҷлил, видео
Баҳор наздик меояд: дар Суғд ҷашни суннатии Сада таҷлил мешавад -видео
18:32 31.01.2025 (Навсозишуда: 15:52 01.02.2025) 30 январи соли 2025 дар майдони назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Иди Сада чорабинӣ баргузор гардид
Дар чорабинии идона аз ҷониби шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту идораҳо хаймаҳо ороста шуда, ҷашни аҷдодӣ бо риоияи анъанаву суннатҳои қадима таҷлил карда шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба идгоҳ ташриф овард.
Ҷашни фархундаи Сада 6-уми декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Зимни сханрониаш раиси вилоят таъкид кард, ҷашни Сада дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Тиргон аз даврони қадим яке аз ҷашнҳои бошукуҳу шаҳомати мардумони ориёитабор ба шумор меравад.
“Мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд. Ҷашни мазкур ҳамасола рӯзи 10-уми баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардад, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мебошад”, - гуфт ӯ.
Дар идгоҳ, аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои вилоят хаймаҳо ва растаҳои маҳсулоти кишоварзиву ҳунармандӣ, ба намоиш гузошта, дар ярмаркаҳо ҳунармандону кандакорон, оҳангарон ва сӯзанидӯзону тарроҳон ва деҳқонони заркори вилоят дастранҷи меҳнати худро пешкаши меҳмонон гардониданд.
Дар ин рӯз ҳамзамон ярмарка-фурӯши ниҳол, дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ, кӯчату тухмии гулу зироат ва дигар маҳсулот баргузор гардид.
Ҷашни Сада иди кишоварзон буда, мужда аз омодагиҳо ба киштукори баҳориро медиҳад. Аз ин лиҳоз дар ин рӯз кишоварзони вилоят ҳосили ҷамовардаи худро аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, ва дигар анвои кишоварзиро ба намоиш гузошта, тухмиҳои хушсифати пахта, гандум ва ғайраро пешкаши сокинон намуданд.