https://sputnik.tj/20250201/kulob-tabibi-sohibtakhassus-namerasad-1066076252.html
Дар Кӯлоб 385 табиби соҳибтахассус намерасад
Дар Кӯлоб 385 табиби соҳибтахассус намерасад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти шаҳри Кӯлоби вилояти хатлон дар нишасти матбуотӣ дар бораи як соли бурду бохти соҳаи тандурустӣ дар вилоят гузориш дод
2025-02-01T11:32+0500
2025-02-01T11:32+0500
2025-02-01T11:32+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
табиб
пизишк
норасоӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/06/1062365350_0:160:3074:1889_1920x0_80_0_0_0f1725f7d81d97fc5d503c7baea64b0e.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Мудири Шуъбаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шарофиддин Рустамов зимни нишасти матбуотӣ таъкид кардааст, яке аз мушкилотҳое, ки айни замон дар тамоми марказҳои саломатии минтақаи Кӯлоб ба назар мерасад, ин мушкилоти нарасидани мутахассисони маълумоти олидор мебошад.Тибқи ин мақомдор то ин дам дар соҳаи тандурустии минтақаи Кӯлоб 385 нафар табибони соҳибтахассус намерасад.“Дар Кӯлоб махсусан норасоии абибони тибби оилавӣ, силшиносӣ, амрози даруна, табибони атфол, табибони бемориҳои руҳӣ ва нашъамандӣ, чашм ва ғайраҳо ба қайд гирифта шудааст”.Ҳамчунин Шарофиддин Рустамов ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли 2024 ҳукумати кишвар барои рушду нумӯи соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 303 миллиону 14 ҳазору 796 сомонӣ пешбинӣ шуда буд.Аз ин миқдор 302 миллиону 914 ҳазору 120 сомонӣ ҷудо гардид, ки 99,9% нақшаро ташкил медиҳад.“77 муассисаҳои тандурустӣ дар соли гузашта ба маблағи 11 млн. 807 ҳазору 776 сомонӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ расондаанд, ки 104% нақшаро дарбар мегирад", -қайд кард Шарофиддин Рустамов.
https://sputnik.tj/20250111/tojikiston-faoliyat-inshoot-tandurusti-man-vazorat-sabab-sharh-dod-1065831237.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/06/1062365350_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_f50fa246626c7721bfe5adfe9a372fc6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, кӯлоб, норасоӣ, табиб, тандурустӣ
тоҷикистон, хатлон, кӯлоб, норасоӣ, табиб, тандурустӣ
Дар Кӯлоб 385 табиби соҳибтахассус намерасад
Мақомоти шаҳри Кӯлоби вилояти хатлон дар нишасти матбуотӣ дар бораи як соли бурду бохти соҳаи тандурустӣ дар вилоят гузориш дод
ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Мудири Шуъбаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шарофиддин Рустамов зимни нишасти матбуотӣ таъкид кардааст, яке аз мушкилотҳое, ки айни замон дар тамоми марказҳои саломатии минтақаи Кӯлоб ба назар мерасад, ин мушкилоти нарасидани мутахассисони маълумоти олидор мебошад.
Тибқи ин мақомдор то ин дам дар соҳаи тандурустии минтақаи Кӯлоб 385 нафар табибони соҳибтахассус намерасад.
“Дар Кӯлоб махсусан норасоии абибони тибби оилавӣ, силшиносӣ, амрози даруна, табибони атфол, табибони бемориҳои руҳӣ ва нашъамандӣ, чашм ва ғайраҳо ба қайд гирифта шудааст”.
Ҳамчунин Шарофиддин Рустамов ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли 2024 ҳукумати кишвар барои рушду нумӯи соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 303 миллиону 14 ҳазору 796 сомонӣ пешбинӣ шуда буд.
Аз ин миқдор 302 миллиону 914 ҳазору 120 сомонӣ ҷудо гардид, ки 99,9% нақшаро ташкил медиҳад.
“77 муассисаҳои тандурустӣ дар соли гузашта ба маблағи 11 млн. 807 ҳазору 776 сомонӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ расондаанд, ки 104% нақшаро дарбар мегирад", -қайд кард Шарофиддин Рустамов.