Нозирони ИДМ дар маъракаи интихоботи парлумонӣ иштирок мекунанд

© Foto / Исполнительный комитет СНГГенеральный секретарь исполнительного комитета СНГ Сергей Лебедев
Генеральный секретарь исполнительного комитета СНГ Сергей Лебедев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2025
Обуна шудан
Дабири кулли ИДМ эълон кард, ки ҷараёни интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистонро нозирон аз кишварҳои ИДМ назорат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев ахиран гуфт, Кумитаи иҷроияи ИДМ барои назорати интихоботи парлумонӣ, ки дар моҳи март дар Тоҷикистон баргузор мешавад ҳайъати нозиронро ташкил дорад.
"Шумо медонед, ки омодагӣ ба интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон алакай оғоз шудааст. Кумитаи иҷроияи ИДМ ҳайатеро барои интихоботи парлумонӣ ки рӯзи 2 март баргузор мешавад, омода дорад ва ҳоло он дар марҳилаи ташкиёбист", - гуфт дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев дар Минск.
Ёдовар мешавем, ки ахиран КМИР Тоҷикистон эълон кард, ки марҳалаи пешбарии рӯйхати номзадҳо ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.
Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2024
КМИР тартиби иштироки нозирони миллӣ ва байналмилалиро дар интихобот тасдиқ кард
Тибқи иттилои КМИР ҳизбҳо рӯйхатҳои зерин пешниҳод намуданд:
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзад,
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 13 номзад,
Ҳизби демократии Тоҷикистон 4 номзад,
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 6 номзад,
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 6 номзад,
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 28 номзад.
Бояд қайд кард, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 4 декабр фармон дар бораи баргузории интихоботи парлумониро имзо кард.
Тибқи ин санад, интихоботи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъин шудааст.
Тибқи Қонун дар ҳамон рӯз интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот низ баргузор мешавад.
Интихоботи вакилони даъвати нави палатаи болоии порлумони Тоҷикистон рӯзи 28 март таъин шудааст.
Лентаи хабарҳо
0