https://sputnik.tj/20250131/zabonhoi-rusiu-anglisi-kudakistonhoi-tojikiston-hatmi-shudand-1066069705.html
Забонҳои русию англисӣ дар кӯдакистонҳои Тоҷикистон ҳатмӣ шуданд
Забонҳои русию англисӣ дар кӯдакистонҳои Тоҷикистон ҳатмӣ шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистонҳои Тоҷикистон курсҳои омӯзишӣ забони англисӣ ва русӣ ҳатмӣ мешаванд
2025-01-31T16:49+0500
2025-01-31T16:49+0500
2025-01-31T16:49+0500
дар тоҷикистон
омӯзгор
маориф
забони русӣ
кӯдакистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102353/05/1023530542_0:170:3180:1960_1920x0_80_0_0_1165afb11e0160e8d8314d7a438e1e21.jpg
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Вазорати маориф мегӯяд, нақшаи таълимии намунавии муассисаҳои томактабӣ таҳия гардида, минбаъд фанҳои хештаншиносӣ, забонҳои русиву англисӣ ва забони давлатӣ дар гурӯҳҳои ғайритоҷикӣ чун машғулияти ҳатмӣ ҳафтае 2 маротиба таълим дода мешавад.Дар ин бора Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуоти хабар дод.Ҳамчунин вазир зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки омӯзгорони фанҳои забони русиву англисӣ ҳамчун воҳиди алоҳидаи корӣ дар кӯдакистонҳои Тоҷикистон ворид карда шуданд.Ба иттилои Вазорати маориф, ҷадвали басти воҳидҳои кории муассисаҳои томактабӣ, ки бозмонда аз замони шӯравӣ буд, таҷдиди назар гардида, ҳамчунин мураббии маркази инкишофи барвақтии кӯдак низ ҳамчун басти алоҳидаи омӯзгорӣ ворид шудаст.Аз аввали январи соли 2025 омӯзгорони гурӯҳҳои маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо маоши вазифавӣ таъмин ва аз имтиёзҳои иҷтимоӣ бархурдор мегарданд, таъкид намуд ин ниҳод.Вазири маорифи Тоҷикистон қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 70%-и омӯзгорон зан мебошанд.Вазир ҳамчунин шарҳ дод, ки барои чӣ дар мактабҳо норасоиӣ кадр мушоҳида мешавад.Вай гуфт, ҳоло беш аз 7 ҳазор омӯзгор дар нигоҳубини кӯдак қарор доранд, иттилоъ дод Вазорати маориф.Ин ниҳод зикр намуд, ки гарчанде дар оғози соли таҳсил ҳамасола эҳтиёҷоти кадрӣ таъмин карда мешавад, аммо бо сабабҳои таваллуд ва нигоҳубини кӯдак, ивази ҷойи зисту касб, беморӣ ва фавт дар давоми соли таҳсил боз эҳтиёҷот пайдо мешавад.Феълан дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон зиёда аз 130 ҳазор омӯзгор фаъолият доранд, ки беш аз 86 ҳазор нафарашон занон мебошанд.
https://sputnik.tj/20250131/vaziri-maorif-maktabho-omuzgor-namerasad-1066066501.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102353/05/1023530542_449:0:3180:2048_1920x0_80_0_0_bb98c0f11d39ef9a8b12c842d33cb7a1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кӯдакистон, маориф, забони русӣ, англисӣ, ҳатмӣ, омӯзгор
тоҷикистон, кӯдакистон, маориф, забони русӣ, англисӣ, ҳатмӣ, омӯзгор
Забонҳои русию англисӣ дар кӯдакистонҳои Тоҷикистон ҳатмӣ шуданд
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистонҳои Тоҷикистон курсҳои омӯзишӣ забони англисӣ ва русӣ ҳатмӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Вазорати маориф мегӯяд, нақшаи таълимии намунавии муассисаҳои томактабӣ таҳия гардида, минбаъд фанҳои хештаншиносӣ, забонҳои русиву англисӣ ва забони давлатӣ дар гурӯҳҳои ғайритоҷикӣ чун машғулияти ҳатмӣ ҳафтае 2 маротиба таълим дода мешавад.
Дар ин бора Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуоти хабар дод.
Ҳамчунин вазир зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки омӯзгорони фанҳои забони русиву англисӣ ҳамчун воҳиди алоҳидаи корӣ дар кӯдакистонҳои Тоҷикистон ворид карда шуданд.
Ба иттилои Вазорати маориф, ҷадвали басти воҳидҳои кории муассисаҳои томактабӣ, ки бозмонда аз замони шӯравӣ буд, таҷдиди назар гардида, ҳамчунин мураббии маркази инкишофи барвақтии кӯдак низ ҳамчун басти алоҳидаи омӯзгорӣ ворид шудаст.
Аз аввали январи соли 2025 омӯзгорони гурӯҳҳои маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо маоши вазифавӣ таъмин ва аз имтиёзҳои иҷтимоӣ бархурдор мегарданд, таъкид намуд ин ниҳод.
Вазири маорифи Тоҷикистон қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 70%-и омӯзгорон зан мебошанд.
Вазир ҳамчунин шарҳ дод, ки барои чӣ дар мактабҳо норасоиӣ кадр мушоҳида мешавад.
Вай гуфт, ҳоло беш аз 7 ҳазор омӯзгор дар нигоҳубини кӯдак қарор доранд, иттилоъ дод Вазорати маориф.
Ин ниҳод зикр намуд, ки гарчанде дар оғози соли таҳсил ҳамасола эҳтиёҷоти кадрӣ таъмин карда мешавад, аммо бо сабабҳои таваллуд ва нигоҳубини кӯдак, ивази ҷойи зисту касб, беморӣ ва фавт дар давоми соли таҳсил боз эҳтиёҷот пайдо мешавад.
Феълан дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон зиёда аз 130 ҳазор омӯзгор фаъолият доранд, ки беш аз 86 ҳазор нафарашон занон мебошанд.