https://sputnik.tj/20241020/rahmon-tojikistoniyonro-id-mehrgon-tabrik-1064782198.html
Раҳмон тоҷикистониёнро бо Иди Меҳргон табрик кард
Раҳмон тоҷикистониёнро бо Иди Меҳргон табрик кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур бо ишора ба шароити имрӯза захира намудани маҳсулоти озуқавориро масъалаи хеле муҳим хонд ва дигарбора барои захираи дусолаи озуқа таъкид кард
2024-10-20T10:22+0500
2024-10-20T10:22+0500
2024-10-21T00:12+0500
дар тоҷикистон
ҷашни меҳргон
эмомалӣ раҳмон
паёми табрикот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/09/1064251708_147:244:1132:798_1920x0_80_0_0_16e0ae402952f3fad8309404de14ad1a.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро бо фарорасии ҷашни Меҳргон — яке аз куҳантарин ойинҳои мардуми куҳанбунёди тоҷик, самимона табрик намуд.Дар матни табрикотие, ки котиботи президент нашр намуд, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки Меҳргон дар таърихи мардуми фарҳангпарвари мо пас аз Наврӯз бузургтарин ҷашнест, ки таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ ва инъикоскунандаи заҳмати марди деҳқону дастархони мардум мебошад.Ба таъкиди роҳбари давлат, танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ мо имкони эҳё кардани ҷашнҳои бостониамон – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргонро пайдо кардем.Меҳргон, пеш аз ҳама, ҷашни деҳқонон буда, айёми ҷамъ овардани ҳосили кишоварзиву боғдорӣ, рамзи баракату фаровонӣ ва файзи дастархони мардум ба ҳисоб меравад.Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба шароити имрӯза захира намудани маҳсулоти озуқавориро масъалаи хеле муҳим хонд ва дигарбора таъкид кард, ки ҳар як оила барои на камтар аз ду сол бояд мавод захира кунад."Ин масъала бо дарназардошти торафт ноорому бесубот гардидани авзои сайёра, норасоии ғизо ва болоравии нархҳо солҳои охир боз ҳам муҳимму мубрам шуда истодааст",- таъкид кард кишвардор.Вай афзуд, ки дар баробари кишоварзони мамлакат ҳар як оилае, ки дар ихтиёри худ замини наздиҳавлигӣ дорад, бояд бо истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намояд.Ӯ ба кишоварзон тавсия дод, ки бо олимон барои ҳосилнокии хубтар бештар кор кунанд ва анъанаи ба намоиш ва фурӯш гузоштани навъҳои беҳтарини маҳсулоти кишоварзӣ ва чорворо идома диҳанд.
https://sputnik.tj/20221014/mehrgon-tojikiston-id-ajdod-jashn-1052147812.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/09/1064251708_219:242:1034:853_1920x0_80_0_0_02aa9b2173b05f947bcaa0aa4f7171a0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҷашни меҳргон, эмомалӣ раҳмон, паёми табрикот
дар тоҷикистон, ҷашни меҳргон, эмомалӣ раҳмон, паёми табрикот
Раҳмон тоҷикистониёнро бо Иди Меҳргон табрик кард
10:22 20.10.2024 (Навсозишуда: 00:12 21.10.2024) Раисҷумҳур бо ишора ба шароити имрӯза захира намудани маҳсулоти озуқавориро масъалаи хеле муҳим хонд ва дигарбора барои захираи дусолаи озуқа таъкид кард
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро бо фарорасии ҷашни Меҳргон — яке аз куҳантарин ойинҳои мардуми куҳанбунёди тоҷик, самимона табрик намуд.
Дар матни табрикотие, ки котиботи президент нашр намуд, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки Меҳргон дар таърихи мардуми фарҳангпарвари мо пас аз Наврӯз бузургтарин ҷашнест, ки таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ ва инъикоскунандаи заҳмати марди деҳқону дастархони мардум мебошад.
Ба таъкиди роҳбари давлат, танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ мо имкони эҳё кардани ҷашнҳои бостониамон – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргонро пайдо кардем.
"Меҳргон ифодагари фасли заррини тирамоҳ буда, ниёгонамон онро ҳамчун шукргузорӣ барои неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд",- афзудааст раисҷумҳур.
Меҳргон, пеш аз ҳама, ҷашни деҳқонон буда, айёми ҷамъ овардани ҳосили кишоварзиву боғдорӣ, рамзи баракату фаровонӣ ва файзи дастархони мардум ба ҳисоб меравад.
Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба шароити имрӯза захира намудани маҳсулоти озуқавориро масъалаи хеле муҳим хонд ва дигарбора таъкид кард, ки ҳар як оила барои на камтар аз ду сол бояд мавод захира кунад.
"Ин масъала бо дарназардошти торафт ноорому бесубот гардидани авзои сайёра, норасоии ғизо ва болоравии нархҳо солҳои охир боз ҳам муҳимму мубрам шуда истодааст",- таъкид кард кишвардор.
Вай афзуд, ки дар баробари кишоварзони мамлакат ҳар як оилае, ки дар ихтиёри худ замини наздиҳавлигӣ дорад, бояд бо истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намояд.
Ӯ ба кишоварзон тавсия дод, ки бо олимон барои ҳосилнокии хубтар бештар кор кунанд ва анъанаи ба намоиш ва фурӯш гузоштани навъҳои беҳтарини маҳсулоти кишоварзӣ ва чорворо идома диҳанд.