https://sputnik.tj/20250131/maqomot-sugd-sharoit-zindagii-panohjuyon-afghon-1066064110.html
Паноҳандагони афғон дар Суғд чӣ ҳол доранд: Посухи мақомот
Паноҳандагони афғон дар Суғд чӣ ҳол доранд: Посухи мақомот
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот ба паноҳҷӯёни Афғонистон пайваста кумак мекунанд, ба хонаводаҳо ҳама лавозимоти зарурӣ - аз манзил то маҳсӯлот барои таҳсилро таъмин мекунад
2025-01-31T11:59+0500
2025-01-31T11:59+0500
2025-01-31T12:01+0500
афғонистон
дар тоҷикистон
гурезаҳои афғон
паноҳҷӯён
суғд
зиндагӣ
шароит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055521799_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_75b71721263d9b37c582ba03988c6cf8.jpg
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд беш аз 200 паноҳҷӯёни афғон ба сар мебаранд.Дар ин бора ба иттилои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон зимни нишастӣ матбуотӣ муовини раиси ноҳия Зумрад Муталибзода хабар дод.Ба гуфтаи вай, ҳамаи онҳо дар ҷамоати Меҳробод ва Деҳмой зиндагӣ мекунанд. Дар байни онҳо 63 нафарашон бачагони синнимактабӣ буда, дар мактабхои миёнаи рақамҳои 17 ва 14 таҳсил мекунанд."Онҳо таҳти таваҷҷӯҳи доимии мақомот ва шӯъбаи маорифи ноҳия қарор доранд", - гуфт Муталибзода.Муовини раиси ноҳия таъкид кард, ки ба ин хонандагон сарулибоси мактабӣ, инчунин асбобу анҷоми хониш, китобу дафтар ба таври ройгон тақдим мешавад.Ғайр аз ин, намояндагони ҳукумат ба ин оилахо рафта, онҳоро бо ашёи зарурӣ ва ғизоӣ таъмин мекунанд.Муталибзода қайд кард, ки аз ҷониби паноҳҷӯёни афғон нисбати мақомот дар вобаста ба мушкили рӯзмарраашон муроҷиату шикояте нест.Ба гуфтаи вай, яке аз ин писарбачаҳо синнаш аз 18-сола боло буд, бинобар ин ӯро ба омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ ҷалб намуданд.Зумрад Муталибзода таъкид кард, ҳукумат ба паноҳҷӯёни афғон доимо кӯмак мерасонанд.Ёдовар мешавем, ки қаблан Созмони Милали Муттаҳид бори дигар аз давлати Тоҷикистон хост, ки ба ихроҷи паноҳҷӯёни афғон хотима диҳанд.СММ аз ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, аз Душанбе даъват кардааст, ки “ба таври фаврӣ аз чунин амалҳо даст кашад ва ӯҳдадориҳои байналмилалии худро иҷро кунад”.
https://sputnik.tj/20250128/smm-tojikiston-ikhroji-muhojironi-afghon-mutavaqqif-1066023955.html
афғонистон
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055521799_320:0:1280:720_1920x0_80_0_0_214dbe1ddf1c29f921de34450c5641dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, паноҳҷӯён, афғон, зиндагӣ, шароит, таҳсил, афғонистон
тоҷикистон, суғд, паноҳҷӯён, афғон, зиндагӣ, шароит, таҳсил, афғонистон
Паноҳандагони афғон дар Суғд чӣ ҳол доранд: Посухи мақомот
11:59 31.01.2025 (Навсозишуда: 12:01 31.01.2025) Мақомот ба паноҳҷӯёни Афғонистон пайваста кумак мекунанд, ба хонаводаҳо ҳама лавозимоти зарурӣ - аз манзил то маҳсӯлот барои таҳсилро таъмин мекунад
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд беш аз 200 паноҳҷӯёни афғон ба сар мебаранд.
Дар ин бора ба иттилои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон зимни нишастӣ матбуотӣ муовини раиси ноҳия Зумрад Муталибзода хабар дод.
Ба гуфтаи вай, ҳамаи онҳо дар ҷамоати Меҳробод ва Деҳмой зиндагӣ мекунанд. Дар байни онҳо 63 нафарашон бачагони синнимактабӣ буда, дар мактабхои миёнаи рақамҳои 17 ва 14 таҳсил мекунанд.
"Онҳо таҳти таваҷҷӯҳи доимии мақомот ва шӯъбаи маорифи ноҳия қарор доранд", - гуфт Муталибзода.
Муовини раиси ноҳия таъкид кард, ки ба ин хонандагон сарулибоси мактабӣ, инчунин асбобу анҷоми хониш, китобу дафтар ба таври ройгон тақдим мешавад.
Ғайр аз ин, намояндагони ҳукумат ба ин оилахо рафта, онҳоро бо ашёи зарурӣ ва ғизоӣ таъмин мекунанд.
Муталибзода қайд кард, ки аз ҷониби паноҳҷӯёни афғон нисбати мақомот дар вобаста ба мушкили рӯзмарраашон муроҷиату шикояте нест.
"Ба наздикӣ як оилаи иборат аз панҷ нафар ба ҷамоати Деҳмой омад. Ин оила бо манзил таъмин шуд. Модару чаҳор кӯдак чизе надоштанд, онҳоро гирифта, бо лавозимоти зарурӣ таъмин кардем. Кӯдакон ба таҳсил фаро гирифта шуданд", - гуфт мақомдори тоҷик.
Ба гуфтаи вай, яке аз ин писарбачаҳо синнаш аз 18-сола боло буд, бинобар ин ӯро ба омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ ҷалб намуданд.
Зумрад Муталибзода таъкид кард, ҳукумат ба паноҳҷӯёни афғон доимо кӯмак мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Созмони Милали Муттаҳид бори дигар аз давлати Тоҷикистон хост, ки ба ихроҷи паноҳҷӯёни афғон хотима диҳанд.
СММ аз ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, аз Душанбе даъват кардааст, ки “ба таври фаврӣ аз чунин амалҳо даст кашад ва ӯҳдадориҳои байналмилалии худро иҷро кунад”.