СММ аз Тоҷикистон хост ихроҷи муҳоҷирони афғонро мутаваққиф кунад

© AP / Jafar KhanАфганские беженцы. Архивное фото
Афганские беженцы. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2025
Обуна шудан
Комиссиюни олии Созмони Милали Муттаҳид барои паноҳҷуён аз Душанбе хост, ки Тоҷикистон бояд ихроҷи паноҳҷуёни афғонро мутаваққиф кунад
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Ин изҳорот пас аз он сурат гирифт, ки Тоҷикистон моҳи гузашта даҳҳо муҳоҷирони афғонро ба Афғонистони таҳти ҳокимияти толибон* ихроҷ кард.
Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид барои паноҳҷуён (UNHCR) ба хабаргузорӣ фаронса гуфтааст, ки ин идора итилоъ дорад, ки ҳаддиақал 80 паноҳҷӯи афғон дар моҳи декабри соли 2024 ба Афғонистон ихроҷ шудаанд.
Ин мақомдори СММ гуфтааст, ки аксарияти ин афрод асноди муътабару карти паноҳандагӣ ҳам доштанд.
Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид барои паноҳҷуён меафзояд, ки то поёни соли 2024 ҳудуди 9 ҳазор паноҳҷӯи афғон дар Тоҷикистон сукунат доштанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон мегуяд, муҳоҷирони афғон аз бисёре аз ҳуқуқе, ки шаҳрвандони тоҷик бархурдор ҳастанд, мустафид мешаванд.
Аммо созмонҳои ҳуқуқи башар ҳушдор медиҳанд, касоне, ки бозгашт дода мешаванд, дар маърази хатари озору азият, аз ҷумлаи шиканҷа қарор доранд.
Афганские дети на борту грузовика ждут своей регистрации в центре добровольной репатриации УВКБ ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2024
Дар Тоҷикистон муҳоҷирони афғон камтар шудаанд
Тоҷикистону Афғонистон равобити фарҳангӣ ва забонӣ қавӣ доранд, аммо аз замони бозгашти Толибон* ба қудрат дар соли 2021, равобити ду кишвар танишолуд шудааст.
Ин дар ҳолест, ки раванди ихроҷи муҳоҷирони афғон аз Эрону Покистон тасриъ ёфтааст.
Бархе расонаҳои эронӣ гузориш додаанд, ки ин кишвар аз оғози соли ҷории 586 ҳзор шаҳрванди ғайримуҷози Афғонистонро ихроҷ кардааст.
Аммо вазорати муҳоҷирон ва удваткунандагон омор медиҳад, ки дар беш аз се ҳафтаи пасин наздик ба 12 ҳазор муҳоҷир аз Покистон, Эрону Туркия ба кишвар баргаштаанд.
Дар ҳамин ҳол, Амирхон Муттақӣ сарпарасти вазорати умури хориҷа аз Эрон хоста, ки масаълаи муҳоҷиронро ҷаддӣ нагиранд ва гуфтааст ки онон бояд тадриҷан ба кишвари худ баргашт кунанд.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0